СЕМИНАР-ТРЕНИНГ ДАР МАВЗӮИ МУҲИМ

Дар Қасри симпозиумҳои пойтахт бо иштироки вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ аз рӯи фаҳмонидани мазмуну моҳияти ислоҳоти конститутсионӣ ва референдуме, ки дар пеш истодааст, семинар-тренинг баргузор гардид.

Маърӯзаи котиби матбуоти Комиссияи марказии интихобот Худоёр Маматов ва як қатор экспертҳо доири мавзӯъ шунида шуд. Қайд гардид, қонуни Ӯзбекистон дар бораи Конститутсияи нав қабул шуд, ки он дар референдуми умумихалқӣ ба овоз гузошта мешавад. Референдум (раъйпурсӣ) 30 апрели соли равон баргузор хоҳад гашт.
Дар бюллетени референдум ин тавр сабт ёфтааст: «Шумо қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул менамоед?»
Ҳаминро набояд фаромӯш кард, ки танҳо таҳрири нав қабул карда шуда, рӯзи қабул шудани Конститутсия – 8 декабр ба сифати умумихалқӣ чун пештара боқӣ мемонад.
Мувофиқи таҳрири нав миқдори моддаҳои конститутсионӣ аз 128-тои ҳозира ба 155-то, меъёрҳо дар он аз 275-то то 434-то расонда шудааст. Аз 128 модда ба 91-тояш дигаргуниҳои консептуалӣ ворид мегарданд.
Дар қатори дигаргуниҳо аз 5 сол ба 7 сол дароз кардани муддати президентӣ, аз 100 ба 65 нафар фуровардани сенаторҳо, давлати иҷтимоӣ эълон намудани Ӯзбекистон, аз ҳамдигар ҷудо сохтани ваколатҳои шӯроҳои маҳаллӣ ва ҳокимон ва ғайра ҷой гирифтаанд.
Ҳаминро низ хотиррасон карданием, оиди ислоҳоти конститутсионӣ Президент Ш.Мирзиёев моҳи ноябри соли 2021 дар нутқи худ эълон намуда буд. Ҷараёнҳои навсозии конститутсионӣ аз моҳи майи соли 2022 оғоз ёфт. Таҳти раисии депутат Акмал Саидов Комиссияи конститутсионӣ кор гирифта бурд.
Дигаргуниҳо вобаста ба фаъолияти ВАО низ ба назар мерасанд. Дар моддаи 33-юм қайд ёфтааст: «Ҳар кас ба ҳуқуқи фикр кардан, озодии сухан ва эътиқод молик аст. Ҳар кас ҳуқуқ дорад ахбори дилхоҳашро ҷӯяд, гирад ва паҳн намояд».
Давлат барои таъминоти истифодабарӣ аз нуқтаҳои иттилооти ҷаҳонии интернет шарт ва шароитҳо меофарад. Маҳдудкунӣ аз ҳуқуқи ҷустуҷӯ, гирифтан ва паҳн кардани ахбор танҳо мувофиқ ба қонун амалӣ хоҳад гашт.
Дар мавриди озодии сухан ва матбуот, зимнан, эҳтиром ва ҳифз намудани сохтори конститутсионӣ, саломатии аҳолӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷамоатӣ аҳамияти алоҳида касб менамояд. Ин иқдом, айни замон, бо мақсади пешгирии ошкоршавии сирҳои давлатӣ ё дигар сирҳое, ки таҳти муҳофизати қонун аст, гузошта мешавад.
Дар поёни семинар-тренинг намояндагони ВАО доири мазмуну моҳияти ислоҳоти конститутсионӣ ва тартиби маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсӣ, ки пеш истодааст, ба мутахассису масъулон саволҳо доданд ва ҷавобҳо гирифтанд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: