СЕМИНАР-ТРЕНИНГ ОИД БА РАВШАН НАМУДАНИ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТ

Дар шаффоф гузаронидан ва хушсифату тезкорона дар воситаҳои ахбори оммавӣ равшан намудани ҷараёни муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябр дар саросари кишварамон сурат мегирад, нақши рӯзноманигорон беқиёс аст.

Дар шаффоф гузаронидан ва хушсифату тезкорона дар воситаҳои ахбори оммавӣ равшан намудани ҷараёни муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябр дар саросари кишварамон сурат мегирад, нақши рӯзноманигорон беқиёс аст.
Қайд кардан ҷоиз аст, Комиссияи марказии интихоботӣ ба ҳамкории тарафайн бо воситаҳои ахбори оммавӣ, масъалаҳои таъмин намудани манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои иштирокдорони ҷараёни интихобот эътибори калон медиҳад. Аккредитатсияи журналистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии фаъолияташон дар давраи интихобот идома дорад.
Ҳоло ба Комиссияи марказии интихобот аз аксари воситаҳои ахбори оммавӣ барои гирифтани аккредитатсия аризаҳо ворид мешаванд. То имрӯз зиёда аз 700 намояндаи ВАО аккредитатсия шудаанд.
Дар робита ба ин, такмили маҳорати рӯзноманигорон барои инъикоси холисона ва самарабахши ҷараёни интихобот аҳамияти муҳим дорад. Бо ин мақсад, маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ барои кормандони Ширкати миллии телевизион  ва радиои Ӯзбекистон семинар-тренинги дурӯзаро таҳти мавзӯи «Пурсамар равшан намудани ҷараёни интихобот ба воситаи ВАО» ташкил намуд.
Дар семинар-тренинг зиёда аз 150 ходими Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон иштирок карданд. Аз ҷумла, барои рӯзноманигорони ҳудудии ШМТР имконияти пайвастан ба воситаи платформаи ZOOM фароҳам оварда шуд.
Мақсади баргузории чорабинӣ мусоидат ба инъикоси босифат ва васеи интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар ШМТР — маҷмӯи асосии шабакаҳои телевизион ва радиои кишвар мебошад.
Дар ҷараёни омӯзиш дар бораи тағйироти ба қонунгузории интихобот воридкардашуда ва хусусияти ба худ хоси интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ВАО дар давраи маъракаи интихобот, тартиби пеш бурдани тарғиботи пешазинтихоботии номзадҳо дар давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маърӯзаҳо хонда шуданд.
Семинар-тренинг аз ҷониби аъзои Комиссияи марказии интихобот, профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд гузаронида шуд.
Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ба рӯзноманигорон, ки мехоҳанд дар семинар-тренингҳо ширкат кунанд, оид ба пайи ҳам равшан намудани ҷараёни интихобот хонишҳо ташкил мекунад.

Нурилло НАСРИЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: