СЕМИНАРИ РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

Дар вилояти Сурхондарё бо ташаббуси шуъбаи вилоятии ҳаракати умумимиллии “Юксалиш” семинари раҳнамои ҷавонони маҳаллаҳо таҳти мавзӯи “Коррупсия – кушандаи тараққиёт” ташкил шуд.

Дар семинар сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсия, оқибатҳои манфии он дар ҷамъият, пешгирӣ кардан ва алайҳи он беамон мубориза бурдан таҳлил гардид ва оиди корҳои амалишудаистода дар ин бора бо рақаму далелҳо ба ширкаткунандагон ҳамчун маълумот тақдим карда шуд.
Дар давоми семинар иштирокчиён ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, оиди мавзӯъ муҳокимамаву мубоҳиса ба миён оварданд. Бо мақсади аниқ намудани муносибати ҷавонон ба мубориза алайҳи коррупсия пурсишнома ташкил гардид, ки ба он аз ҷониби ширкаткунандагон баҳои қаноатбахш дода шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, ки дар семинар ширкат доштанд, муаззаф гардиданд, ки бо маводҳои тезу тунди худ дар расонаҳо ба бартараф кардани ин иллати зараровари ҷамъият фаъолона иштирок намоянд.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: