СЕНАТ ДАР САҲИФАҲОИ РӮЗ

Дар Сенати Олий Маҷлис бо иштироки воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, вакилони матбуоти даврӣ, телевизион, радио, нашрҳои интернетӣ, ҳамчунин блогерҳо медиа-тур баргузор гардид.

Ба иштирокдорони чорабинӣ дар бораи фаъолияти палатаи болоии парлумон, вазифаҳои устувор ва нақшаҳои истиқболие, ки дар назди Сенат истодаанд, маълумот дода шуд.
Намояндагони ВАО-ро раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева пазируфт. Вай, аз ҷумла, таъкид намуд, Сенат ба сифати палатаи болоии ҳокимияти қонунбарори мамлакат манфиати ҳудудҳоро дар миқёси давлатӣ ҳифз ва таъмин менамояд. Таъмини ҷиҳатҳои халқпарваронаи қонунҳое, ки қабул мешаванд, дар вақти худ ва пурра амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва ҳудудӣ, таъмини масъулият ва ҳисобдиҳии мақомоти иҷрогар ва шахсони мансабдор дар назди халқ, баробари ҳамин, баланд бардоштани мавқеи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ аз самтҳои устувори фаъолияти Сенат ба шумор мераванд. Кушодӣ, шаффофӣ, мулоқот бо халқ ва таҳлили танқидӣ муҳимтарин мизони ба амал татбиқ намудани вазифаҳои мазкур мебошанд.
Т. Норбоева дар бораи таркиб, вазифаҳои устуворе, ки назди кумитаҳои Сенат истодаанд, маълумот дод. Вай гуфт, ҷамъ 100 нафар аъзои Сенат мавҷуд буда, аз онҳо 20 нафарашон дар Сенат ба таври доимӣ кор мекунанд. То вақтҳои наздик Кумитаи буҷа ва масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, Кумитаи мудофиа ва масъалаҳои амният, Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисодии беруна, сармояҳои хориҷӣ ва масъалаҳои сайёҳӣ, Кумитаи фан, таълим ва масъалаҳои нигоҳдории тандурустӣ, Кумитаи ҷавонон, маданият ва масъалаҳои варзиш, Кумитаи аграрӣ, масъалаҳои хоҷагии об ва экология фаъолият мебурданд. Бинобар аҳамияти давлатиро молик гаштани масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза алайҳи коррупсия Кумитаи масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза ба муқобили коррупсия, бо мақсади ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардоштани ғамхорӣ дар ҳақи бонувон Кумитаи занону духтарон ва масъалаҳои баробарии ҷинсӣ ташкил ёфт ва шумораи умумии кумитаҳо дар Сенат ба ҳашт адад расид.
Дар Сенати Олий Маҷлис, ҳамчунин 3 комиссия ба таври доимӣ фаъолият мебарад: комиссияи ба пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ кумакрасон, комиссияи аз болои фаъолияти мақомоти додситонӣ назораткунандаи Сенат, комиссияи регламент ва одоб.
Ба суоли «Самтҳои устувори фаъолияти Сенат дар соли 2019 аз чиҳо иборатанд?» раис гуфт:
– Татбиқи амалии Конститутсия ва ҳуҷҷатҳои қонуние, ки асосҳои фаъолияти парлумонро ташаккул медиҳанд, ба рӯйи об баровардани вазифаҳое, ки дар Барномаи амалиёт оиди панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ҳамчунин Муроҷиатномаи Президент Ш. Мирзиёев ба Олий Маҷлис дар таърихи 28 декабри соли 2018 муайян карда шудаанд, мақсадҳои устувори фаъолияти Сенат дар соли 2019 мебошанд.
Дар доираи ҳамин мақсадҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 як қатор корҳои муҳим ба иҷро расонда шуданд.
Тӯли нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3 маротиба ҷамъомади умумии Сенат баргузор гардид.
Дар ҷамъомадҳо доири соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ 62 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, 30 қонун тасдиқ гашт. Аз қонунҳое, ки қабул гаштанд, 11-то нав мебошанд. 5 қонун доири ратификатсия кардани ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ, 14-то оиди ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе қонунҳои дар амал мебошанд.
Дар давоми моҳҳои январ-июни соли равон иҷрои 10 қонун ва барномаҳо дар ҳудудҳо ва мақомоти давлатӣ омӯхта шуд, яъне назорати парлумонӣ мувофиқи нақша ба роҳ гузошта шуд. Ғайр аз ин, дар ҷамъомадҳои умумии Сенат ҳисобот (ахбор)-и як қатор аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорат ва идораҳо шунида шуд. Агар дар нимсолаи аввали соли 2018 танҳо 4 ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо дар кумитаҳои Сенат шунида шуда бошад, ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2019 ба 15-то расид.
Дар ин давр Сенати Олий Маҷлис ба шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоравӣ 7-то пурсуҷӯи парлумонӣ, 162-то пурсуҷӯи сенаторӣ, 752-то муроҷиати сенаторӣ роҳӣ намуд.
Ҷуз ин, аз ҷониби кумитаҳои Сенат оиди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ 3 суҳбати даврӣ, 3 анҷуман ва 2 семинар доир карда шуд. Бо ҳамин Сенат дар доираи ваколатҳое, ки барояш муайян шудаанд, фаъолияти худро самаранок роҳандозӣ намуд.
Доири ташкил кардани ду кумитаи нав дар Сенат гуфта гузаштем. Ба амал баровардани назорати парлумонӣ дар соҳаи суду ҳуқуқ ва мубориза алайҳи коррупсия, кӯмак ба пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар мубориза ба муқобили коррупсия, дар доираи мубориза алайҳи тамаъгарӣ дар асоси омӯхтани таҷрибаи байналхалқӣ такмил додани қонунгузории миллӣ, ташаккул додани муносибатҳои оштинопазирӣ нисбати коррупсия ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ дар ҷамъият вазифаҳои устувори кумитаи навташкили масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза алайҳи коррупсия, ба амал баровардани назорати парлумонӣ аз рӯйи масъалаҳои бонувон ва баробарии ҷинсӣ такмил додани қонунгузории миллӣ оиди дар тамоми шаклҳо барҳам додани пастзании ҳуқуқи занон, дар таъмини баробарии ҷинсӣ пурзӯрсозии масъулияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, мустаҳкамсозии асосҳои ҳуқуқии институти оила мақсад ва вазифаҳои муҳими кумитаи дигари навташкил– Кумитаи занону духтарон ва масъалаҳои баробарии ҷинсӣ қарор гирифтанд.
Фаъолияти байналхалқии Сенат низ ҷоннок гашт. Бо намояндагии парлумонии давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин, ташкилотҳои байналхалқӣ, институтҳои молиявӣ ва доираҳои коршиносӣ бештар аз 100 вохӯрӣ ташкил карда шуд. Ба давлатҳои хориҷӣ наздик 30 ташрифи роҳбарият ва аъзои Сенат ба амал бароварда шуд. 2 гурӯҳи байнипарлумонӣ (Испания ва Миср) ташаккул дода, миқдори умумии ин гуна гурӯҳҳо ба 24-то расид.
Аъзои Сенат дар Ассамблеяи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ассамблеяи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин тадбирҳои Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок намуданд. Бо иштирок ва сарпарастии Сенат бештар аз 10 анҷумани байналхалқӣ ва суҳбатҳои даврӣ баргузор гардиданд.
Иҷрои «Харитаҳои роҳ», ки оиди боз ҳам ривоҷ додани ҳамкории дуҷониба байни сафирони Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ кор карда бароварда шудааст, ба назорат гирифта шуд.
Мулоқот бо халқ барорнок сурат гирифт. Аъзои Сенат дар бештар аз 10 самт ба ҳудудҳо баромада, ба аҳолӣ зиёда аз 4 ҳазор вохӯрӣ гузаронданд. Дар Сенат ва қабулҳои сайёр, ки дар ҳудудҳо ташкил карда шуданд, бо бештар аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандон мулоқот ба амал бароварда шуд. Тавассути мулоқоти бевосита бо халқ дар ҳудудҳо ҳолати ҳақиқӣ омӯхта шуд. Дар ин самт ҳамкорӣ бо шӯроҳои маҳаллӣ эътибори алоҳида пайдо кард. Дар давоми мулоқот бо аҳолӣ дар ҷойҳо аз рӯйи ҳалли масъалаҳо ҳисоботи зиёда аз 100 нафар шахсони мансабдор шунида шуд. Иҷрои «Харитаи роҳ» аз рӯйи ҳалли  масъалаҳое, ки аҳолиро ба ташвиш мегузоранд, таҳти назорат қарор гирифт.
Дар давраи ҳисобот ба Сенат ҷамъ 4420 муроҷиат афтид, ки 4315-тои он аз шахсони ҷисмонианд. Ягон муроҷиат беэътибор намонд ва дар вақташ ҳаллу фасл гашт.
Дар пеш – нимсолаи дуюм ва инак ҷамъомади бисту якуми умумии Сенат баргузор мегардад. Таҳти сарпарастии раиси нав Сенат ба иҷрои вазифаҳои нав дар шароити кунунии таърихӣ шурӯъ намудааст. Бовар дорем он иқтидори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва мадании парлумони миллиро намоиш медиҳад, чун ҳимоягар ва ифодагари манфиатҳои халқ фаъолияташро боз ҳам ҷоннок менамояд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: