СЕНАТОР ИНТИХОБ ШУД

Чанд рӯз қабл аз ин дар бинои «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Тирмиз маҷлиси депутатҳои халқи вилоят, ходимони воситаҳои ахбор баргузор гашт.

Дар ҷамъомад масъалаи интихоби аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳокима гузошта шуд. Нурониён пеш аз ҳама дар маҷлис номзадҳоро ба аъзогии Сенати Олий Маҷлис пешниҳод намуданд. Депутатҳои шӯрои ноҳияҳо ва вилоят дар бораи номзадҳо ба ин вазифа муносибати хешро баён карданд. Ҳамин тариқ ба таври овоздиҳии пӯшида депутати Шӯрои вилояти Сурхондарё, ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз Абдуқодир Тошқулов узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: