СЕССИЯИ ТИРАМОҲИИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ДАР САМАРҚАНД

27-28-уми октябри соли ҷорӣ сессияи тирамоҳии 54-уми Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанд барпо шуд.

Дар он намояндагони Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Котиботи Шӯрои АБ ИДМ, таҳлилгарон ва дигарон, дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар намояндагон иштирок доштанд.
Раёсати баргузории шӯроро Раиси Ассамблеяи мазкур, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бар ӯҳда дошт. Дар сессия аъзои шӯро 21 масъаларо баррасӣ ва қабул намуданд.
Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои АБ ИДМ сессияи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба фарҳанг, ахбор, сайёҳӣ ва варзиш, сессияи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ роҷеъ ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ва сессияи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардид.
– Ба таъсиси АБ ИДМ 30 сол сипарӣ мешавад, – иброз дошт раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода. – Дар ин муддат он ба яке аз сохторҳои зарурии иттиҳод табдил ёфта, барои ҳалли муҳимтарин вазифаҳои сиёсию иқтисодӣ шароити муносиб фароҳам меорад. Дар ин давра дар симои Ассамблеяи байнипарлумонӣ институти муҳим ва бонуфузи ҳамкории байнипарлумонӣ ва қонунэҷодкунӣ ташаккул ёфтааст, ки саъю кӯшиши асосии он барои ба ҳам наздик намудани қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчӣ ва ташаккули махзани ягонаи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки имрӯз дар назди мо вазифаҳои ҷиддӣ – муҳокима ва қабули санадҳои муҳиме истодаанд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ, таъмини фаъолияти самарабахши Ассамблеяи мо ва афзоиши ҳамкорӣ дар доираи АБ ИДМ нигаронида шудаанд.
Лоиҳаи таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти интеллектуалӣ барои кишварҳои ИДМ ба намояндагони порлумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод гардид.
Вакилони парлумон ҳамчунин самтҳои таҳияи қонун дар соҳаи рушди рақамиро дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таҳияи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва «Дар бораи алоқаи электронӣ дар муҳити медиа-захираҳои рақамӣ» баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар доираи сессияҳо иштироккунандагон муроҷиати парламенти Амрикои Марказиро дар бораи иштирок дар фаъолияти АБ ИДМ дида баромаданд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳифзи хотираи таърихӣ ва роҳ надодан ба кӯшишҳо бобати сохтанамоии таърих буд.
Аъзои комиссия ҳамчунин ахборро дар бораи ширкати гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар назорати интихобот дар минтақа шуниданд.
Иштирокчиёни сессия натиҷаҳои фаъолияти комиссияро дар соли 2022 сарҳисоб намуда, ҷонишинҳои раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ-ро оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ интихоб карданд.
Намояндагони кишварҳо андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои баррасишуда иброз доштанд.
– Мо ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пешниҳоди баргузории сессияи АБ ИДМ дар Самарқанд изҳори сипос мекунем, – гуфт Валентина Матвиенко. – Дар таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Ассамблея дар фаъолияти он бори аввал сессияи пленарӣ ва Шӯрои АБ ИДМ дар берун аз қароргоҳи шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Зикр гашт, ки дар давоми 30 соли фаъолияти АБ ИДМ зиёда аз 600 ҳуҷҷат таҳия ва ба парлумонҳои кишварҳои ИДМ пешниҳод карда шудаанд.
 ***
Дар доираи чорабиниҳои  30-солагии таъсиси ин созмон таҳти унвони «Парламентҳои ҷавон – нигоҳ ба ояндаи Иттиҳод» ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи ҷавонони ИДМ барои густариши ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии таъсиси ин Ассамблея – ҷалби ҷавонон ба раванди рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубоҳиса ва мубодилаи таҷрибаи ҷавонон дар фаъолияти парлумонӣ ва намояндагӣ аз ташкилоти ҷавонон, шинос кардани ин қишр бо дипломатияи парлумонӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъол будан дар ҷамъият ва ҷомеаи шаҳрвандии насли ҷавони Иттиҳод мебошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: