СЕҲРИ «АЛЛА»

Ин суруди сеҳрнокро ҳанӯз 50 сол пеш модаре барои фарзандонаш мехонд ва ҳоло барои набераву аберагонаш мехонад.

Тифли гирёнам алла,
Моҳи тобонам алла.
Нури чашмонам алла,
Аллаҷонам, аллаё алла.

Гулбарги тобони ман,
Зеби хонадони ман.
Ғунчаи хандони ман
Аллаҷонам, аллаё алла.

Илоҳо калон шавӣ,
Зӯру паҳлавон шавӣ.
Рустами достон шавӣ,
Аллаҷонам, аллаё алла.

Мададгори башар шавӣ,
Ҳамқадами падар шавӣ.
Меҳрубони модар шавӣ,
Аллаҷонам, аллаё алла.
Ин суруди сеҳрнокро ҳанӯз 50 сол пеш модаре барои фарзандонаш мехонд ва ҳоло барои набераву аберагонаш мехонад. Ҳар субҳ ва шомгоҳон бо садои форам мехонаду мехонад. Хушбахтона ин суруди ҷонбахш ба ман аз ёд шудааст. Модар боғ аст, падар боғбони асил бошад, оила солиму зиндагонӣ мустаҳкам мешавад.
Ӯ доим дасти дуо мекушояд. Номаш ҳам Боғиҷон аст. Меваҳои ман шумоед, ҷигарбандонам, мегӯяд ӯ. Аз дасташ рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ҷудо нест. 
Рӯзномаҳои бо забони ӯзбекӣ нашршударо ҳам бемалол хонда, ба наберагон ба тоҷикӣ мефаҳмонад. Боре хабаргирӣ равам, ҷиянчаам шеъри «Ватан», «Қоидаи роҳ» ва «Модар»-и Паймонро аз ёд мехонд. Дар ҳайрат мондам. Чунки ӯ сесола аст. «Шеъри Паймонро аз куҷо медонӣ?» гӯям, ин шеъри Паймон не, азони момоям, гуфт. Баъд донистам, ки аз модарам ёд карда будааст.
Бачаи ман ҳам шоир мешавад, гуфтанд. Ин дуоро шунида, дуои 35 сол пеш шунидаам ёд омад. «Бачем, ту илми математикаро нағз мебинӣ, муаллим шав» гуфта буданд модарам. Се сол ба Донишкадаи зироатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридам, корам омад накард. 
Модару падарам тирамоҳи соли 1979 маро ба шуъбаи тайёрии Институти педагогии Душанбе фиристонданд. Дохил шуданамро ҳам худам нафаҳмида мондам. Бо дипломи имтиёзнок хатм намудам. Ҳа, дуои модар мустаҷоб шуд. Додарам, хоҳари хурдиам ва писарам Юсуфбой низ омӯзгоранд. Худоро шукр мегӯям, ки модарам саломат.
Дар баробари модарам ба модарони ҳама умри дароз ва сиҳатмандӣ орзу дорам.
Сӣ сол омӯзгор, дувоздаҳ сол мудири қисми таълимӣ будам. Соли 2011 ба нишони «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» мукофотонида шудам. Ман бо модарам ва касби пурифтихорам мефахрам.
Аз Худованд мисли ҳарвақта осоиштагии халқу ватанамонро таманно дорам.

Шералӣ ЙӮЛДОШЕВ,
ноҳияи Шаҳрисабз.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: