СЕҲРИ ХАНДАИ МОДАР

Адибаи ҷавони боистеъдод Маликаи Бахтиёр бо асарҳои мароқангези худ аллакай дар дили ҳаводорони каломи бадеъ – чӣ хурду чӣ калон бо ҷаззобияти суханаш маскан гузидааст.

Адиба азбаски хурдтараконро дӯст медорад, ба ҳар яки онҳо бо назари модарона менигарад. Ҳар як рафтору гуфтор ва хислатҳои онҳоро дида, илҳом мегирад. Ин дақиқназарии ӯ дар китоби навбатиаш «Якто хандед, модарҷон» ифодаи худро ёфтааст. 
Китоби мазкур аз 19 ҳико-яи хурдҳаҷми шавқовар иборат буда, муаллиф ҳар як ҳикояро воқеъбинона, хислатҳои беғубори кӯдаконаро беолоиш тасвир карда тавонистааст.
Дар ҳикояи «Кай ақлат медарояд?»  симои Аҳмадҷони хурдакаки ҳушёр ифода гардидааст, ки ба бобоҷонаш ёрӣ расонидан мехоҳад, лек аз сабаби хурдсолиаш гулу ниҳолҳоро нодуруст қайчӣ зада, ба сарзаниши бобояш «Кай ақли ту медарояд?» ҷавоби беғубори кӯдакона: «Велосипедча мехаридед, кайҳо ақлам медаромад»-ро медиҳад.
Барои Маликаи Бахтиёр рӯҳияти ҳар як кӯдакро хуб дарк намудан, мушоҳидакорӣ барои бомуваффақият баромадани ҳар як ҳикоя замина шудааст. Ин дар ҳикояҳои «Якто хандед, модарҷон», «Чӯҷаҳои гаранг», «Гунҷишкак», «Ҳалбои аққол», «Саратон дард кард?», «Ҷӯроби дарида», «Хоҳарчаамро иваз карда бед», «Амина ба боғча наравад», «Ҷанҷол накун», «Аз худ рафтаам» мисол шуда метавонад.
Ҳикояҳои «Занбӯрча», «Ман ба шумо шакалод медиҳам», «Шумо афтед, ки ба ман пул медиҳад?», «Садқаи саратон», «Эркатулфори ҳукмраво», «Панҷ не, ҳафт мондагӣ», «Илоҷ», «Худам нағз мебинам»-ро мутолиа карда, хонанда аз ҷавоби оқилонаи хурдтаракон ба ваҷд меояд.
Хулоса карда гӯем, китобчаи «Якто хандед, модарҷон» баробари шавқу завқ бахшидан, аҳамияти тарбиявӣ дошта, ба хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои таълими умумӣ ва ташкилотҳои таълими томактабӣ мувофиқат мекунад. Дастрас ва мутолиаи китоб барои инкишофёбии забон ва нутқи онҳо низ зарур аст.

Эътибор МАҲМУДОВА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: