СЕҲРИ НАҚШҲО

Халқи тоҷик санъати меъморӣ ва ороишии ғанӣ дорад.

Дар рустоҳои кӯҳистони минтақаҳои Кӯлобу Хуҷанд, Исфараву Конибодом, Самарқанду Бухорову Сурхондарё ҳунармандону косибон услуби гулдӯзиву матоъҳои зебову рангин, кулолгарии бадеӣ, масолеҳи чӯб, сикказанӣ ва ғайраро таҳия ва роҳандозӣ мекарданд. Устоҳои чирадаст ва рассомон дар осори хеш ҳамеша мекӯшиданд, ки воқеияти манзараҳои атрофро инъикос намоянд. Дар офаридаҳои онҳо беҳтарин нишона ва рӯҳияи халқ, яъне муҳаббат ба зиндагӣ, ба табиати зебо ва сарзамини аҷдодиашон тасвири устодонаи хешро пайдо мекарданд. 
Таърихи гулдӯзии тоҷик ҳамчун яке аз самтҳои хеле аҷоиб ва асили санъати ороиши амалӣ аст.
Маълумотро дар бораи матоъҳои гулдӯзӣ аз мусаввараҳои китобҳои гузаштагон, ба мисли «Авесто» ва нусхаҳои хаттии «Шоҳнома» низ дастрас намудан мумкин. Қадимтарин намунаи матои гулдӯзишуда, ки аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ дарёфт шудааст, ин порчаи матои пашмини орододашудае мебошад, ки он аз санъати дӯзандагии давраҳои хеле қадим дарак медиҳад. Дар он сурати одамчаҳо, шаклҳои гуногуни салибмонанд, ромбҳо, ифодакунандаи мавҷҳо, паррандаҳо кашидадӯзӣ шудаанд. Либосҳои занона ва мардона асосан, аз матоъҳои худбофти маҳаллӣ, ки аз пашм, пахта ва канаб омода карда мешуданд, дӯхта мешуданд. Ҳунармандон аз маҳсулоти маҳаллӣ риштаҳо мересиданд, онро худашон мериштанд ва ранг мезаданд. 
Курта. Яке аз намунаи либоси миллӣ, ки байни мардум серистифода аст, курта  мебошад. Куртаи сокинони кӯҳистон аз куртаи шаҳриҳо ба куллӣ фарқ мекард.  Маълум аст, ки куртаи занонаи тоҷикӣ хеле васеъ, остинҳои васеи он дастҳоро пурра пӯшонидааст. Дар ҳудуди шаҳр ва баъзан дар кӯҳистон ин остинҳо каме танг карда мешаванд. 
Дар нӯги остинҳо ва дар қисми поёни доман нақшҳои миллӣ ҷойгир гардидаанд. Дар минтақаҳои Дарвоз ва Бадахшон, баъзе масканҳои воҳаи Сурхон тарзи дигари ороиши куртаҳои занона, яъне дар пеши гиребон ҷой кардани шероза истифода мешавад. Ҳангоми дӯхтани куртаҳои идона якчанд намуди гулдӯзӣ ҷой дода мешаванд. Инҳо куртаҳои нақшдоштаи чакан (асосан дар минтақаҳои ҷанубӣ) ва дигар нақшҳои даврамонанд, ки дар доману остини куртаҳо ҷойгир карда мешавад, мебошанд. 
Рӯймол. Дар байни либосҳои миллӣ рӯймол низ мавқеи алоҳида дорад. Дар қисми марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯймоли дока, дар қисми шимолӣ уребча машҳур аст. Ҳоло аз онҳо танҳо занони куҳансол истифода мебаранд. Шерозаи ин рӯймолҳо бисёр одӣ ва сабук ранг карда мешуд. Нақшу нигори рӯймоли занона бештар хусусияти таърихӣ дорад. Рӯймол дар либосҳои мардона низ мавқеи хоса дорад. Ин либоси мардона дар ҳар минтақа номҳои гуногун дорад, чунончи, рӯймоли миён, миёнбанд, локӣ ва монанди ин. Рӯймолро дар шакли секунҷа дуқабат карда, дар миён аз болои либоси боло – хилъат, ҷома ва яктаҳ мебанданд ва қисми мобайнаш ба поён овезон меистад. Ин тарзи рӯймолбандии миён пеш аз ҳама ба истифодаи нақшу нигори он вобаста аст. Ҷузъи асосии рӯймол – шерозаи он пай дар пай гулдӯзӣ карда мешавад. Аз ҳама бештар шакли гул ва шоха истифода мешавад. 
Дар деҳаҳои кӯҳистони Нурато барои домод, соҳибтӯй ва дигарон миёнбандҳои махсус медӯзанд. Дар маросимҳои таъзия бошад, мардон миёнбанди сиёҳ, занон рӯймоли сафед мебанданд.
Зеҳак. Дар нақш ва ороишоти либосҳои миллӣ урфу одат, тарзи ҳаёт ва орзуву умедҳои ҳар як миллат акс ёфтааст. Дар либосҳои мардуми Осиёи Марказӣ зеҳак қисми ороишотӣ ба ҳисоб меравад. Дар Бухоро ва Самарқанд зеҳи курта, зеҳи ҷома ва зеҳи пойҷома, дар Сурхондарё онро шероза мегӯянд. Зеҳ тасмаи борики дароз буда, бо нақшҳои ҷозибадор дар ҳошияи гиребон, киса, ҷома ва пеши либосҳо, дар атрофи дӯппиҳо дӯхта мешавад. Аз тасмаи нақшинкор бисёртар занону духтарон дар либосҳои миллии худ корбаст намудаанд. Зеҳ бо номҳои «мори печон», «чашми булбул», «марҷон», «гули лола», «ду кабӯтар», «оҳу», «офтоб» ва ғайра ифода ёфтааст. Зеҳакдӯзӣ ҳунари миллӣ буда, мазмуну моҳияти хос дорад. Масалан, тасвири зарфҳои рӯзгор, гул, барг ва мева – рамзи серҳосилӣ, ду кабӯтар – ишқу муҳаббати ду ҷавон, оҳу – маънои бовиқор, мардонагӣ ва ҳимоякунанда, гулҳои лола, савсан,  бунафша ва садбарг – зебоӣ ва нафосатро ифода кардаанд. Дар гиребони либосҳои занону духтарони Бухоро ва Самарқанд зеҳ ва пеши куртаю ҷома бо абрешими заррин дӯхта шудааст, ки ин низ рамзи илоҳӣ буда, аз қадимулайём ранги тиллоиро ба нурҳои офтоб монанд кардаанд. Дар нақши «изи мор» хислатҳои мор, ки ҳимоякунандаи хонаву ҷой, чорпо, обу дон, сарват мебошад, акс ёфтааст. Боз як хусусияти зеҳак дар он аст, ки мустаҳкамии қисми гиребон, остин ва поёни куртаю пойҷомаро таъмин намуда, муддати тӯлонӣ аз он истифода мебаранд. Инчунин, нақшҳои зеҳак рамзи эҳтиёт аз чашми бад ва балову қазо ба ҳисоб меравад. 
Курта ва пойҷомаи зеҳакҳои қиматбаҳодоштаро занони соҳибмансаб ва амалдор дар тӯю маърака ва ҷашнҳо дарбар  кардаанд. 
Тарзи бофтани зеҳак дар ду шакл мебошад: зеҳаки сода, ки ҳар як соҳибхоназан ва духтар дастӣ мебофад ва зеҳаки мураккаб, ки бо дастгоҳи махсус бо иштироки чанд нафар бофта мешавад. Баъд аз бофта шудани он дар рӯяш бо риштаҳои сурх, сабз, зард, гулобӣ, бунафшранг тасвирҳои мухталифро медӯзанд. Тарзи дӯхтани он занҷирмонанд буда, либосро бошукӯҳ ва ҷозибадор месозад. 
Дар олами мӯди замонавии имрӯза низ зеҳак дар ҳошияи ғилофҳои телефон, айнак, сумка, қисмҳои куртаю пойҷома ба назар мерасад, ки ин аз эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медиҳад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА.                    
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: