ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ «РОССИЯ 24» ДАР БОРАИ БАҲРИ АРАЛ ФИЛМИ МУСТАНАД МЕОФАРАД

Дар нимаи дуюми моҳи июн гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизионии «Россия 24» ба Ӯзбекистон омад.

Журналистони телевизиони Русия дар бораи корҳои мустақим бино бар бартараф сохтани оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал, беҳтар кардани вазъияти экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Наздиарал, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои ҷомеаи байналхалқӣ дар самти мазкур филми ҳуҷҷатӣ мебардоранд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Маскав якҷо бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф коркард шудааст.
Гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизионӣ аз шаҳрҳои Мӯйноқ, Нуқус, ҳудуди баҳр боздид ба амал оварда, аксбардорӣ ва бо шахсони расмӣ, кормандони тиббӣ, экологҳо, муаррихон, ҳафриётшиносон ва мутахассисони соҳаҳои дигар мулоқот намуд.
Дар навори мустанад, ки аз 40 дақиқа иборат хоҳад шуд, пешбинӣ гардидааст, ки ташаббус ва чораҳои амалие, ки дар мамлакати мо таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев оид ба аз байн бардоштани оқибатҳои буҳрони экологӣ, беҳтар намудани вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолии Наздиарал татбиқ мегарданд, инъикос ёбанд. Ба натиҷаҳои муваффақшуда бобати ба ҳаёт татбиқ намудани Барномаи маҷмӯии чораҳо бино бар нарм сохтани оқибатҳои фоҷиаи Арал ва рушди минтақа, Барномаи давлатӣ бино бар рушди минтақаи Наздиарал дар солҳои 2017-2021 эътибори махсус дода хоҳад шуд.
Журналистони Русия ҳамчунин бинандагони шабакаи телевизиониро бо фаъолияти Бунёди бисёршарики трасти Наздиарал таҳти васояти СММ ва Минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар ҳавзаи Арал, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон созмон дода шудаанд, шинос хоҳанд кард.

ОИ «Дунё»,
шаҳри Маскав.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: