ШАБИ МАҚОМ ДАР БУХОРО

Аксарият медонем, ки мақом санъати волои мусиқӣ ва «Шашмақоми Бухоро» дурдонаи классикӣ аст.

Ба авлоди имрӯза тарғиб ва дастрас намудани он тақозои замон аст. Бо ташаббуси Президент дар ҳар ду сол як бор фестивали байналхалқии мақом ба амал меояд.
Бо мақсади омодашавӣ ба Ҷашнвораи II байналхалқии санъати мақом ва Фестивали ҷумҳуриявии иҷрокунандагони ҷавони «Шашмақом», ки имсол дар вилояти Бухоро баргузор мегардад, 31 марти соли ҷорӣ дар Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро бо ҳамкории Маркази санъати мақоми миллии Ӯзбекистон, Садорати фарҳанги вилоят ва мактаб-интернати ба санъати мақоми Бухоро ихтисосонидашудаи ба номи Абдурауфи Фитрат барномаи консертӣ ба вуқӯъ пайваст. 
Дар ин тадбир, ки бори дуюм сурат гирифт, баробари шогирдони мактаб-интернати ба санъати мақом ихтисосонидашудаи Бухоро аъзои ансамбли намунавии мақом бо баромадҳои инфиродию ҷамоавиашон ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд. Хусусан, сурудҳои дилкаши Артисти халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева ба мухлисони ҳунари зебо писанд омад. Дар охир роҳбари Маркази санъати мақоми миллии Ӯзбекистон Соиб Бегматов аҳамияти ин тадбирро бобати тарғиб ва ҳифзи анъанаҳои мусиқаи классикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар вилоят ба ду тадбири пешистодаи муҳими мусиқӣ тайёрии хуб дида мешавад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: