ШАБИ ЯЛДО

ё худ оиди шаби дарозтарини фасли зимистон

Дар хонадони мо дар чор фасли сол: баҳор (Наврӯз), тобистон (тиргон), тирамоҳ (Меҳргон) ва зимистон (Ялдо)-ро муносиб ҷашн мегиранд. Сараввал хонаву дарамонро тозаву озода карда, рӯзгорро бо нозу неъмат таъмин мекунем. Пас, бо он нозу неъмат дасторхони идона ороста, аҳли оила дар атрофаш ҷамъ мешавем. Аҳли оила, хурду калон аз ин неъмат тановул карда, то саҳар рақсу бозӣ, шеърхониву қиссагӯӣ мекунем. Инчунин, дар ин шаб аз аҳволи беморону шахсони яккаи бепарастор ва хешовондон хабар гирифта мешавад.
Инак, мо дар арафаи шаби Ялдо қарор дорем. Он яке аз дарозтарин шабҳои фасли зимистон буда, аз ҳамин шаб яъне, 21-22-юми декабр  сар мешавад.
Чанде пеш сомонаи расмии ЮНЕСКО хабар дод, ки ҷашни шаби Ялдо  ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. 
Шаби Ялдо ё шаби чилла  ҷашнвораи ориёист, ки дар «дарозтарин ва ториктарин шаби сол» таҷлил мешавад. Ялдо ҷашни Офтоби зимистон, яъне шаби Офтоби зимистон дар нимкураи шимолӣ мебошад. Аз рӯйи тақвим, ин ба шаби 20-21 декабр мувофиқи тақвими григорианӣ ва шаби байни рӯзи охири моҳи нуҳум  ва рӯзи аввали моҳи даҳум рост меояд. Шаби Ялдоро аз нигоҳи астрономӣ инқилоби зимистонаи Офтоб меноманд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23027) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меоянд. 
Дар ин шаб мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон, хурсандиву шодмонӣ мекунанд.
Ин шабро шаби ошиқон низ мегӯянд. Шоирон шеърхонӣ, нависандаҳо ҳикояву достоннависӣ мекунанд.
Чуноне, ки шоир Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Эй хуш он оташи рахшанда к-аз 
оинаи субҳ,
Мебарад шӯълаи он 
занги шаби ялдоро.
Хуллас, Шаби Ялдо чун анъана ҷашн гирифта мешавад. 

Т. ЮНУСЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: