ШАБИ ЯЛДО ШАБИ ҶАҲОНӢ ШУД

Дарозтарин шаби сол – 22 декабр, ки ба шаби 30-юми озармоҳи тақвими қадимии эронӣ мутобиқ аст, аз қадимтарин ҷашнҳои ориёиён ба шумор меравад, ки тибқи маълумотҳо он бинобар зодрӯзи Меҳр (Митра) қайд карда мешавад.

Бо зулфи ту қиссаест моро мушкил,
Ҳамчун шаби ялдо ба дарозӣ машҳур.
(Убайди ЗОКОНӢ).

Дарозтарин шаби сол – 22 декабр, ки ба шаби 30-юми озармоҳи тақвими қадимии эронӣ мутобиқ аст, аз қадимтарин ҷашнҳои ориёиён ба шумор меравад, ки тибқи маълумотҳо он бинобар зодрӯзи Меҳр (Митра) қайд карда мешавад.
Аз хусусиятҳояш маълум мегардад, ки он бо рӯшноӣ ва Офтоб вобастагии қавӣ дорад. Дар ин шаб доир намудани маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ, нақли ривояту ҳикоёт, баҳрабардорӣ аз мусиқиву тарона ва албатта армуғону ҳадя маъмул аст.
Шаби Ялдо чун ҷашни милливу фарҳангӣ ба рӯйихати эътиборноки ЮНЕСКО дар ҷамъомади ҳабдаҳуми он ба қарибӣ дар Марокаш дохил карда шуд. Он панҷ сол пеш аз ҷониби Эрон пешниҳод гардида буд, ки акнун тасдиқ гардид ва минбаъд мисли ҷашни Наврӯзи Аҷам чун мероси ҷудонопазири аҳли башарият шумурда мешавад ва ин мусоидат менамояд, ки чун мероси ғайримоддии маданӣ дар ҷаҳон хубтар шинохта шавад ва ЮНЕСКО низ дар ин росто барои ҳимоя ва пеш бурдани арзишҳои вобаста ба он иқдом хоҳад кард ва бо лоиҳаҳои техникӣ ва моддии худ аз он пуштибонӣ мекунад.
Дар урфияти мардумамон чунин маросимҳо вуҷуд доранд ва онҳо маъмулан дар чунин шабҳои дароз ва «беохир» барои кӯтоҳ кардан ва шодону хуррам ба рӯз расондани он доир карда мешаванд. 
Дар маълумотномаи ЮНЕСКО омадааст, ки «Шаби Ялдо дар охирин шаби тирамоҳ ҷашн гардида, дар он шаб хонавода дар атрофи дасторхони солхурдагон ҷамъ мешаванд. Ин  хона бо ашёву таомҳои рамзӣ, аз он ҷумла чароғ, ки нишона аз рӯшноӣ аст, об – рамзи покӣ, меваи сурх мисли анор, тарбуз, шалғам, ҷуворимакка ва ангур, ки рамзест аз гармӣ». Ҷиҳати рамзии Шаби Ялдо ҳам вуҷуд дорад, ки он аз интиҳои шабдарозӣ ва афзудани рӯшноӣ, дар таносуби шабонарӯзӣ ба зиёд гардидани вақти рӯз дар муқобили шаб иборат аст. Шояд ин байти Адиб Собири Тирмизӣ дар чунин шаби доҷ гуфта шуда бошад, ки ифодагари моҳият ва фалсафаи Шаби Ялдо мебошад:
Дар ин барфу сармо ду чиз аст лоиқ,
Шароби мураввақ, рафиқи мувофиқ.

Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: