ШАБОНАРӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН ҲОДИСАИ НАВИ ГИРИФТОРШАВӢ БА COVID-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУД

Дар чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то имрӯз,  дар кишвар 13300 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13018 нафар ё 97,8% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ҳамзамон, 192 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

КОРОНАВИРУС ДАР ТӮЛИ 10 СОНИЯ МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАД
Олимони Донишгоҳи Билкенти Анқара таҷҳизоте сохтаанд, ки дар давоми 10 сония коронавирусро муайян карда метавонад. Таҷҳизот бо номи Diagnovir метавонад коронавирусро аз намунаи оби даҳон муайян намояд.
Барои ин намуна бо омехтаи махсус омехта, сипас барои муайян намудани инфексияҳои сирояткунанда ба чип ҷойгир карда мешаванд. Агар биосенсор мавҷудияти сироятро муайян кунад, низоми оптикии таҷҳизот ранги рӯшноиро тағйир медиҳад. Раванди бознигарии коронавирус аз 10 сония намегузарад.
Олимон даъво доранд, ки самаранокии таҷҳизот ба 99 фоиз мерасад. Технологияе, ки дар он истифода мешавад, аз ҷониби мутахассисони турк дар тӯли 7 моҳ таҳия шудааст ва метавонад на танҳо коронавирус, балки дигар микроорганизмҳоро низ ошкор кунад. Ҳоло ба нақша гирифта шудааст, ки таҷҳизот патент гирад.  

Аз рӯйи хабарҳои хориҷ таҳия шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: