Ӯзбекистон ба ҷараёни муҳими сиёсӣ – интихобот омодагӣ мегирад.
Пешбинӣ мегардад, ки ин интихобот дар таърихи нави Ӯзбекистон нафақат аввалин, балки боз бо рӯҳи нав баргузор мешавад. Пас ин ҷараёни интихоботӣ чӣ тарз ташкил хоҳад шуд? Мо талаботи асосии интихобот – шаффофияти онро чӣ гуна таъмин мекунем?
Хабарнигори ӮзА вобаста ба ин ва мавзӯъҳои дигар бо муовини раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳмуд ИСТАМОВ ҳамсуҳбат шуд.
– Маҳмуд Шуҳратович, равандҳои асосии баргузор кардани интихоботи одилона бо таъминсозии шаффофият ва рӯшодии онҳо вобастаанд. Раванди мазкур дар интихоботи кунунӣ чӣ тарз таъмин карда хоҳад шуд?
– Интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки 22 декабр мегузаранд, аз интихоботҳои пешина тафриқа доранд. Халқи мо ва тамоми ҷаҳон шоҳиди тағйиротҳои мусбат мебошанд. Ҷаҳонбинии мардум низ тағйир ёфт. Шубҳае нест, ки шуури пешқадами сиёсӣ, баланд гардидани маданияти шаҳрвандон, таъмин сохтани демократия, рӯшодӣ ва ошкорбаёнии ҷомеа бори дигар дар интихоботи пешистода акси худро пайдо мекунанд.
Ғайр аз ин, интихоботи кунунӣ мувофиқи Кодекси нави интихоботӣ баргузор мешавад. Ин ҳуҷҷат зиёда аз 30 меъёр ва қоидаҳои наверо дар бар мегирад, ки барои дар пояи меъёрҳо ва равандҳои аз ҷониби умумэътирофшудаи байналхалқӣ, ошкорбаёнӣ ва рӯшодӣ гузаштани онҳоро таъмин мекунанд. Бисёр маҳдудиятҳое, ки пештар амал мекарданд, аз байн бардошта шуданд.
Дар интихоботи оянда ҳар як овоз ба инобат гирифта мешавад, ҳар кадом шаҳрванд бобати ташаккул додани мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бевосита иштирок мекунад. Ин дар татбиқ сохтани корҳои комиссияҳои интихоботии тамоми дараҷаҳо, ибтидо аз комиссияҳои қитъавии интихоботӣ, то Комиссияи марказии интихоботӣ инъикос меёбад ва дар пояи равандҳои олии демократӣ мегузарад.
Беҳуда нест, ки шиори интихоботи пешистода – «Ӯзбекистони нав: интихоботи нав» пазируфта шудааст.
– Пешбинӣ мегардад, ки дар интихобот нозирони байналхалқӣ нисбат ба интихоботҳои пешина бештар мешаванд, аз ҷумла, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ тамоми ҷараёнҳои онро назорат мекунанд. Оё ин асоснок аст ва чӣ гуна натиҷа пешбинӣ мешавад?
– Назорати байналхалқии интихобот таҷрибаи дар тамоми олам эътирофшуда мебошад, зеро иштироки давлатҳои хориҷӣ ва нозирони созмонҳои байналхалқӣ аз шартҳои муҳими баргузор кардани интихоботи демократӣ дар пояи рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон ба Бюрои САҲА оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БИДҲИ) барои баҳодиҳӣ ба ҷараёни тайёрӣ ба интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис даъватнома фиристода шуд.
Ҳайат бинобар талаботи баҳодиҳӣ (ҲТБ) ба муҳити пешазинтихоботӣ, ҷараёни тайёрӣ, чорабиниҳо, ки бобати таъмин сохтани дар мамлакат баргузор кардани интихоботи озод ва демократӣ амалӣ мешаванд, баҳои мусбат дод. Шӯрои доимии САҲА ба интихоботи пешистода равона кардани ҳайати мукаммали нозиронро мувофиқи мақсад донист.
Қабул шудани Кодекси интихоботӣ ва аз экспертизаи САҲА/БИДҲИ, ҳамчунин Комиссияи венетсианӣ гузаштани он куллан дастгирӣ карда мешавад. Дар ҳисоботи ба ҲТБ пешниҳодкардашуда тағйироти муҳиму мусбат номбар шудаанд. Нақшаҳои Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон бобати хабардории васеи аҳолӣ дар бораи интихоботи пешистода, дар тамоми мамлакат ба роҳ мондани тренингҳои каскадӣ, ки ба таълими босифати тамоми ҷиҳатҳои гузаронидани интихобот фаро гирифтани аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихоботӣ, ба амалиёт ҷорӣ намудани рӯихати ягонаи электронии интихобкунандагон, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои иштироки шаҳрвандони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд ба интихобот нигаронида шудаанд, аз ин ҷумла мебошад.
– Низоми электронии интихобот чӣ гуна ҷорӣ карда мешавад? Овоздиҳии оилавӣ, ки дар интихоботҳои пешина дучор мешуданд, оё аз байн бардошта мешавад?
– Алҳол соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ ворид нашуда бошад. Низоми интихобот аз ин ҷумла аст. Дар ҷараёни интихобот истифода бурдани низоми электронӣ нафақат корро осон мекунад, балки беш аз он ба васеъ таъмин сохтани шаффофияти интихобот мусоидат менамояд.
Комёбиҳои муайянро метавон дар мисоли корҳои зудамал бинобар ташаккул додани рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон (РЯЭИ) мушоҳида намуд. Низоми мазкур бори аввал дар ҷараёни интихобот ба Шӯроҳои депутатҳои халқии ноҳиявии шаҳри Тошканд, ки соли 2017-ум баргузор шуд, аз таҷриба гузашт. Барои аз байн бардоштани баъзе камбудиҳои низом, ки дар ҷараёни санҷиш ба миён омаданд, соли 2018-ум қарори роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни интихобот» қабул гардид. Мувофиқи қарори мазкур бо ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор корҳои куллан ташаккул додани РЯЭИ анҷом меёбанд.
Дар пояи РЯЭИ низоми иттилоотии идораи ҷараёни интихобот (НИИҶИ) ташаккул ёфт. Он чандин вазифаҳоро дар бар мегирад ва ба тақсимкунии шаҳрвандон – интихобкунандагон бинобар қитъаҳои интихоботӣ, шиносшавӣ бо ахбори ба қитъаҳои интихоботӣ дахлдор имконият фароҳам меоварад, кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихоботиро сабук мекунад.
Барои сабук кардани кори Комиссияи марказии интихоботӣ дар интихобот ва фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ замимаи мобилии «Интихобот-2019» андешида шуд. Он ҳуҷҷатҳои қонунгузории вобаста ба интихобот, маълумот дар бораи фаъолони комиссияҳои интихоботӣ, тавсияҳои услубӣ барои интихобкунандагон, аъзои комиссия, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ва мушоҳидон, маводи таълимӣ бобати баланд бардоштани дониши фаъолони интихобот, китоб ва мақолаҳо, саволҳову ҷавобҳои доир ба мавзӯъро дарбар мегирад. Зиёда аз ин дар он барои кӯмакрасонӣ ба интихобкунандагон бобати дарёфти қитъаи интихоботии худ маълумоти махсус ҷойгузин карда шудааст.
– Дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон ба нобоварии баъзе интихобкунандагон ба интихобот дучор шуд. Он санад кушоду равшан танқид карда мешавад, ки интихобот ҳаққонӣ ва одилона намегузарад, баъзеи дигар қайд менамоянд, ки ҳизбҳои сиёсӣ танҳо пеш аз интихобот пайдо мешаванд, ваъда медиҳанд, вале иҷро намекунанд. Шумо ба чунин фикру ақидаҳо чӣ гуна муносибат доред?
– Аниқ гуфта метавонам, ки замони шубҳаву гумонҳо дар бораи интихоботҳои пешина гузаштааст. Чаро? Пеш аз ҳама ҳамватанони мо фикру ақидаҳои худро кушоду равшан ва далерона дар расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла дар нашрияҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ баён мекунанд, ки бағоят хурсандиовар аст. Ҳамзамон ин кафолати ба худ хоси дар пояи равандҳои демократӣ, ҳаққонӣ ва одилона, шакли назорати ҷамъиятӣ гузаштани интихобот ба шумор меравад. Дар ҷое, ки назорати пурзӯри ҷамъиятӣ мавҷуд аст, метавон ҳодисаҳои фиребгариеро, ки боиси дар одамон пайдо шудани шубҳаву гумонҳо мегардад, пешгирӣ кард. Ин ба ҷараёни интихобот низ дахл дорад.
Озодии сухан ва матбуот дар Ӯзбекистон беш аз пеш мустаҳкам мегардад, ҷунбиши қатъӣ дар расонаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, тавре ки дар боло зикр шуд, тасдиқи равшани дар олам ҳамчун давлати ҳозиразамони демократӣ кашф гардидани кишвари мо мебошад.
Оё ин он омили муҳиме нест, ки ба дар пояи равандҳои аз ҷониби умумэътирофшудаи демократӣ гузаштани интихобот мусоидат мекунанд? Як чиз равшан аст: дар маъракаи кунунии интихобот талошу мубоҳисаҳо аз ҳарвақта бештар ва шавқовартар мешаванд. Эътибор диҳед, барои як мандати депутатӣ номзадҳои панҷ ҳизби сиёсӣ мубориза мебаранд. Дар рӯзи интихобот ҳар кадом ҳизби сиёсӣ ба ҳар як қитъаи интихоботӣ як нафарӣ нозир равона мекунанд, зиёда аз ин онҳоро кормандони мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, намояндаи ваколатдори номзадҳо, нозирони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, журналистони хориҷӣ ва маҳаллӣ, блогерҳо назорат мекунанд. Ҳар кадоми онҳо, ин ҳадди ақалл 7-8 нафар нозир ҷараёни овоздиҳиро бодиққат муоина хоҳанд кард. Дар чунин ҳолат натиҷаҳои интихобот чӣ гуна метавонанд қалбакӣ бошанд? Албатта, ин имкон надорад! Чунин рӯшодӣ ва шаффофият, мушоҳидаи васеъмиқёс дар интихоботҳои пешина дучор нашудаанд.
Интихобкунандагон он ҳизб ё худ номзадеро, ки дар барномаи пешазинтихоботии худ мушкилот, орзуву омол ва манфиатҳои интихобкунандагонро бештар инъикос мекунад, дастгирӣ менамоянд. Номзади ин ҳизб ба мақоми депутат сазовор мегардад, ки нафақат қонунист, балки куллан табиӣ мебошад.
Шубҳае нест, ки дар шароити чандандешии демократӣ кушодадиливу фарохдилӣ, меҳру мурувват, ҳурмату эҳтиром, маданияти баланди сиёсӣ ва ҳуқуқии хоси халқи мо беш аз пеш равшан зоҳир мегарданд. Ҳизбҳо ва номзадҳо набояд ин анъана ва сифатҳои бостониро фаромӯш кунанд. Дар баъзе кишварҳо зуд-зуд мушоҳида мекунем, ки номзадҳо якдигарро сиёҳ мекунанд, ки ин на ба равандҳои демократӣ, на ба меъёрҳои ахлоқӣ ва на ба маънавияти инсонӣ мувофиқат мекунад.
Боз як ҳақиқат аз он иборат аст, ки баргузор кардани интихобот дар пояи равандҳои бисёрҳизбӣ ва муқобил, ошкорбаёнӣ ва фарохдилӣ, мувофиқи меъёрҳои аз ҷониби умумэътирофшудаи демократӣ аз бисёр ҷиҳат аз тайёрии ҷиддии ҳизбҳои сиёсӣ ба раванди мазкур, иштироки фаъоли онҳо бо ғояву мақсад ва барномаҳои наву амиқандешидашуда вобаста аст.
Тавре ки роҳбари давлати мо таъкид намуд, новобаста аз дахлдориашон ба ин ё он ҳизб тамоми ҳамватанони моро мақсади ягона – бунёди ояндаи бузурги Ӯзбекистони азиз муттаҳид менамояд. Маҳз, ин мақсад ҳамаи моро даъват мекунад, ки ба Ватан садоқатмандона хидмат кунем.
Мусоҳиб
Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.