ШАХСЕ, КИ БО ТАҶОВУЗ БА СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ АЙБДОР ШУДААСТ, БА ОЗОДӢ БАРОМАД

Вай аз рӯзҳои аввалини ҳабс қарор дод, ки Сарқонунро омӯзад.

Вай аз рӯзҳои аввалини ҳабс қарор дод, ки Сарқонунро омӯзад. Зеро дар тӯли пурсишҳои дуру дарозу мурофиаҳои судӣ суханони «Таҷовуз ба сохтори конститутсионӣ» борҳо садо доданд. Вале ӯ он замон ҳатто мазмуни онро дарк намекард... 
– Дар мактаб Қонуни Асосиро меомӯзониданд, вале ман ба омӯзиши он ҷиддан машғул намешудам, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо. – Ҳангоми ҳар як мутолиаи Сарқонун дар ман нисбат ба қоида ва тартиботе, ки дар он сабт шудаанд,  ягон эътирозу нофаҳмӣ рух намедод, фақат андеша дар бораи он ки чунин ҷазои қатъӣ шояд барои саргарм шуданам бо дин, эътиқодам ба ҷараёнҳои динӣ таъин шуда бошад, маро азият медод. Зеро ман хунрезӣ накардаам ва ба ягон ҷараёни экстремистӣ ҳамроҳ нашудаам, вале бо вуҷуди ин ба муддати 17 сол аз озодӣ маҳрум гардидам. Ман бо хоҳиши бозгаштан ба назди падару модар, идома додани ҳаёти бовиҷдонона чандин бор ба идораҳои болоӣ муроҷиат кардам, вале ҷавобе нагирифтам.
Дар даврони маҳбусии Сарвар Бобоназаров, сокини ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд падару модараш пайи ҳам вафот карданд. Баъди аз қарибони худ ҷудо шудану бе такягоҳ ва пуштбон мондан ӯ ба тақдираш тан дод ва ба ягон кас муроҷиат накард.
Боре аз тариқи телевизион баромади Президент Шавкат Мирзиёевро шунид, ӯ дар суханонаш аз ҷумла гуфт, ҷавононе, ки барои ҷинояти динӣ ҷазо гирифтаанд, камбудии ҷамъият, бахусус калонсолон ва шахсони масъули маҳаллаҳо, натиҷаи лоқайдӣ ва бепарвоӣ ба ҳаёти насли наврас мебошад. Дар он лаҳза Сарвар амиқ дарк кард, ки суханони Президент гӯё маҳз ба вай дахл доранд, дар қалби ӯ шарораи умед дурахшид.
Бо эътимод ва бовар ба мурувват ӯ барои омурзиш ба Президент муроҷиат кард.
Эътиқоди ӯ беасос набуд, зеро дар шумори онҳое, ки бо Фармони Президент «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан мегузаронанду ба кирдори худ сидқан тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи дуруст даромадаанд» номи Сарвар Бобоназаров низ ҳаст.
Хурсандии Сарвар аз ин хабари хуш ҳадду канор надошт, гӯё ин 13,5 соли ҳаёт, ки дар паси панҷара гузаронидааст, аҳамияте надошт. Зеро ҳама дар пас монда буданд.
– Минбаъд ман барои мақсадҳои нав, ҳаёти шоиста саъю ҳаракат мекунам, – мегӯяд Сарвар. – Мехоҳам бо меҳнати ҳалоли худ ба пешрафти ҷамъияти мо саҳм гузорам, ҳамин тариқ ман метавонам солҳои аз дастдодаи худро ҷуброн кунам, аз ҳама муҳимаш эътимодеро, ки Президенти мо нисбат ба ман зоҳир кард, сафед намоям.
Бояд махсус зикр намуд, ки фармони роҳбари давлат дар бораи омурзиш дар арафаи ҷашни аз ҳама азизи халқи мо – Рӯзи истиқлолияти Ватанамон қабул гардид ва намунаи эътибор ба ҳуқуқи инсону ифодаи кушодадилӣ гардид.
Аз ҷумлаи омурзидашудагон 5 шахс пурра аз иҷрои ҷазои асосӣ озод карда шуд, 53 нафар шартан – пеш аз муҳлат озод гардиданд, ҷазое, ки нисбати 15 нафар таъин шуда буд, ба ҷазоҳои сабуктар иваз карда шуд. Ғайр аз ин, нисбати 40 нафар муҳлати ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ кӯтоҳтар карда шуд.
Дар байни омурзидашудагон 1 нафар марди синнаш аз 60 боло, 2 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ, 105 нафар шахси дар фаъолияти созмонҳои манъшуда иштироккарда ҳастанд.
Дар доираи татбиқ кардани фармон ба вазорату идораҳои масъул бобати ба роҳ мондани тартиби ба оила ва назди қарибони худ баргаштани омурзидашудагон, кӯмакрасонӣ бобати обсозиши иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи солими ҳаёт ва мақоми сазоворашон дар ҷамъият супоришҳо дода шуданд.
Дар хона Сарвар Бобоназаровро якҷо бо хешовандони наздикаш фаъолони маҳалла, шахсони масъули мақомоти ҳокимияти ҳудудӣ ва корҳои дохилӣ истиқбол гирифтанд, ҳаёти минбаъдаи ӯро муҳокима карданд, бобати ҳифзи иҷтимоӣ ва ҷойгиршавиаш ба кор кӯмак расониданд.

Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: