ШАХСЕ, КИ ХАЛҚИ ТОҶИКРО БА ДУНЁ ШИНОСОНД

Арбобони намоёни давлатию ҷамъиятӣ зиёданд, зуфунунҳо ё худ шахсиятҳои барҷаста дар соҳаи илму фан низ.

Вале ёфт мешаванд нафароне низ, ки масалан, дар як вақт ҳам роҳбари аввали як ҷумҳурӣ, ҳам намоёнтарин чеҳра дар соҳаи илму фарҳанг бошанд? Бале, алломаи зиндаёд Бобоҷон Ғафуров аз зумраи ин гуна ашхос буд. Вай нафақат ифтихори Тоҷикистон, балки ифтихори тоҷикони тамоми дунёст.  Ба ӯзбекон ва Ӯзбекистон низ бегона нест. Тавре тоҷикиро медонист, вай ӯзбекиро ҳам пурра фаро гирифта буд. Модараш Розия Озод шоирае буд зуллисонайн – бо тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеърҳо менавишт, худро аз авлоди Камоли Хуҷандӣ меҳисобид ва бо ин фахр мекард. Зодгоҳи Бобоҷон Ғафуров – уезди Хуҷанд, як вақтҳо ба Самарқанд нигоҳ мекард (зодбуми роқими ин сатрҳо – деҳаи Сӯх он асно ба уезди Конибодом менигарист). Ин чизҳо низ сабаб мешаванд кас ба ду халқ, ба ду ҷумҳурӣ меҳр монад, дар ду гӯша худро бегона ҳис накунад. Камина дар нимаи дувуми солҳои ҳафтодум таҳсили олиро дар Хуҷанд фаро гирифтааст. Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд дар Исфисор (аз соли 1953 ин ҷоро Советобод мегуфтанд, соли 1978 шаҳрак Ғафуров ном гирифт) ҷо гирифта буд, автобуси шаҳрии рақами 2 байни Хуҷанду Ғафурови ҳозира равуо менамуд. Донишҷӯён, айни замон, барои китобхарӣ ба Советобод (Ғафуров) мерафтанд, ки магазини калони китоб дошт. Китобҳои нодирро ҳамон ҷо пайдо мекардем. 
Тавре ба назар менамуд  муносибат ба китобу мутолиа, маърифату маънавият дар Исфисор, Овчӣ-Қалъача ва як қатор маҳаллаҳои Қистакӯзи онвақта, ки дар тасарруфи ноҳияи Хуҷанд  буданд (маркази вилояти Суғди ҳозира ё худ Хуҷандро Ленинобод мегуфтанд), куллан дигар хел. Донишҷӯён аз ин мавзеъҳо бештар босавод ва ташнаи илм ба назар менамуданд. Чандин устодону профессорони ИДПЛ (ҳоло ДДОХ ба номи академик  Б. Ғафуров) низ зодаи Исфисору атрофи он буданд. Номзаду докторҳои илм аз як худи Қистакӯз бештар аз 50 нафарро ташкил менамуданд, ки дар шаҳрҳои гуногуни собиқ иттиҳод ба пажӯҳишу омодасозии кадрҳои маълумоти олинок машғул буданд. Мегуфтанд ин ҳама шояд бо шарофати Бобоҷон Ғафуров...
Б. Ғафуров солҳои 1928-1929 дар Самарқанд таҳсил намуд, баъдтар (1935) маълумоти олиро дар Маскав фаро гирифт. Баробари фаъолият дар «Қизил Тожикистон» (ба сифати ҷонишини сармуҳаррир) ба сектори матбуоти КМ ПК Тоҷикистон роҳбарӣ кард. Баъдтар дар КМ ба вазифаи боз ҳам масъулиятноктар гузашт, вале робитаро бо матбуоту журналистика муттасил идома дод, хусусан ба нашри ӯзбекии зикршуда, ки аз нарасидани ходимон ба мушкилот рӯбарӯ мешуд... Соттӣ Мамаҷон ном журналистро аз Андиҷон маҳз ба «Қизил Тожикистон» ҷалб кард, барояш шароити мусоиди корӣ фароҳам сохт. Инчунин нисбати адиби ӯзбек Ҳамид Ғулом, ки бинобар нооромии давр дар Сталинобод (Душанбе) кору эҷод менамуд, ғамхориҳо зоҳир мекард. Маҳз бо кумаки вай Ҳ. Ғулом, ки ҷойи зист надошт, сарпаноҳ пайдо кард. Ҳар замон телефонӣ аҳвол мепурсид ва мегуфт: «Аз мо чӣ хидмат?»  Адиби ӯзбек дар қиссаи тарҷумаиҳолиаш «Роҳи тӯлонии вафо» дар ин бора ишораҳо ва аз Б. Ғафуров як умр миннатдор мондани худро қайд кардааст.
Маълум, ки академик Бобоҷон Ғафуров аз августи соли 1946 то моҳи майи соли 1956 (қариб даҳ сол)  ҳамчун Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Давраи басо мушкиле буд даҳсолаи аввали баъдиҷангӣ, вале халқи бунёдгар ва меҳнатзодаи тоҷик таҳти сарварии роҳбари бохиради хеш дар бартарафсозии душвориҳои сахт азму иродати қавӣ нишон дод. Ҷумҳурӣ ба ободӣ ва шукуфоӣ рӯ ниҳод. Дар илму таълим пешравиҳо ба назар расиданд. Марказҳои нави илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи фанҳои ҷумҳурӣ (1951), Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (1956)  арзи ҳастӣ карданд. Дар таъсис додани ин гуна боргоҳҳои илму таълим хидматҳои таърихии доктори илмҳои таърих Бобоҷон Ғафуров, албатта, босазо буду беқиёс. Вай нафақат дар бунёди муассисаҳои таълими олӣ, ҳамчунин дар масъалаи таъмини онҳо бо мутахассисони варзида ва соҳибтаҷриба ташаббус нишон дод, беҳтарин кадрҳоро ба ин даргоҳҳо ҷалб намуд, барои офаридани шароити мусоиди кории онҳо ғамхориҳо намуд. Б. Ғафуров баробари аҳли илм намояндагони адабу фарҳангро ҳимоя мекард. Ба фаъолияти озодонаи санъатварон ҳам шароит фароҳам месохт. Хуллас, бори ҷумҳуриро (чӣ будани вазифаҳои муҳими давлатӣ ба ҳар кас маълум) ба дӯш дошту ҳамзамон инкишофи илму фарҳанги диёрро таҳти назорат қарор дода буд.
Бобоҷон Ғафуров яке аз бунёдгузорони илм нафақат дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Хусусан фанҳои таърих ва шарқшиносӣ бо саъйи ӯ ривоҷи тоза ёфт, дар пайдоишу инкишофи таърихнигории давраи наву машриқшиносӣ вай саҳми калон гузошт. Ҳануз аз ибтидои солҳои сиюм, баробари оғози фаъолияти ҷамоативу роҳбарӣ ва хидмат дар риштаи журналистика, ӯ  ба тадқиқи таърих, хосатан омӯзиши таърихи диёри худ ҷиддан шурӯъ карда буд. Барои офаридани таърихи халқи хеш чанд сол заҳмат кашид ва соли 1947 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» аз чоп баромад. Агар гӯем зикршуда бо ин асари ҷамъбандиаш ба таърихнигории Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт, муболиға намешавад. Китоби болоӣ ба русӣ низ тарҷума ва се маротиба дар Маскав ба табъ расид ва таърихнигору шарқшиносҳои пешбари дунё ба он баҳои баланд доданд. Вале муаллиф аз ин нашрҳо қонеъ нашуд. Таҳқиқотро идома дод. Дар натиҷа асари бисёрҷилда оиди таърихи халқи мо бо унвони «Тоҷикон» арзи ҳастӣ кард – соли 1972 дар Маскав рӯйи дунё дид. Маҳсули меҳнати сисолаи муаллиф  ба японию полякӣ тарҷума гашт, дар Эрону Афғонистон низ ба чоп расид. 
«Тоҷикон» ба маънои том шоҳасар ва арзишмандтарин китобест оид ба таърихи қадим, асримиёнагӣ, давраи нав ва навтарини мардуми тоҷик. Воқеае буд ин асар дар таърихи халқи тоҷик. Вале ёфт шуданд онҳое ҳам, ки асарро танқид кунанд, ҳатто гӯянд онро дигарон навишта додаанд.  «Тоҷикон» ном гирифтани таҳқиқоти монументалӣ низ ба зумрае хуш наомад. Эшон алломаи бузургро нодуруст фаҳмиданд, ӯро бо миллатпарастӣ айбдор карданд. Китобро фаро нагирифта ва фақат бо шунидани номи он гумон карданд муаллиф миллати худро воло гузошта, ба таърихи халқҳои дигар, ки дар ин марз аз қадим зиндагӣ карда омадаанд, бо чашми дигар нигаристааст. Ин низ сабаб гашт дар пайдо кардани китоб душвориҳо пеш оянд. Мисолан, вақте дар факултаи таъриху филология таҳсил мекардем, танҳо устоди мо (раҳматӣ) Сайдулло Абдуллоев, ки аз «Таърихи Тоҷикистон» дарс мегузашт, як адад «Тоҷикон» (он ҳам чопи Маскав бо русӣ) дошту халос ва аз рӯйи он лексия мехонд... Вале дере нагузашта ҳақиқати ҳол ошкор гашт ва шарқшиносии дунё ба китоб баҳои муносиб дод. Гуфта шуд ин асар танҳо фарогири таърихи тоҷикон нест, балки шуълаест, ки ба гӯшаҳои торики таърихи як қатор халқҳои бумии ин марз, ки дар собиқа Мовароуннаҳр меномиданд, равшанӣ андохтааст. Воқеъоту ҳодисот марбут ба таърихи халқи тоҷик ва халқҳои ҳамҷавор  холисона қаламдод шудаанд.
«Тоҷикон» сонитар боз чанд бор ҷомаи табъ ба бар кард. Собит гардид, ки ин асари баарзиш натанҳо барои яке аз халқҳои қадимтарини ин марз – тоҷикон, ки таърихи пуршаън доранд, ҳамзамон барои халқҳои бародари ин минтақа, ки таъриху арзиши фарҳангиамон то андозае муштарак мебошад, аз аҳамият холӣ нест.
Тавре ба аксарият маълум, аллома Ғафуров дар миқёси байналхалқӣ низ чун роҳбар ва донишманду муҳаққиқи дақиқкор солҳои зиёд самаранок фаъолият бурдааст. Лоиҳаи басо муҳими ӯ бо унвони «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ»  аз ҷониби ЮНЕСКО ва доираҳои бонуфузи илмиву фарҳангии олам баланд арзёбӣ гашт. Вай дар солҳои 1957-1966 ба сифати раиси Кумитаи шӯравии «Шарқу Ғарб» (дар тасарруфи ЮНЕСКО) фаъолият бурд ва дар ҷодаи ба ҳам наздику ошносозии тамаддуни Шарқ ва Ғарб хидмати сазовор кард. Муддате Президентии Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказиро низ ба ӯҳда дошт ва дар татбиқи амалии лоиҳаҳои муҳим нақши равшан гузошт. Дар Душанбе, Кобул ва Деҳлӣ конфронсҳои байналмилалии ЮНЕСКО оиди таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ рӯйи кор омаданд ва дар ташкили фаъолияти ин тарз чорабиниҳо иқдоми муассири арбоби давлатӣ ва намояндаи барҷастаи илм Бобоҷон Ғафуров баръало эҳсос мегашт.
Метавон гуфт, алломаи бузург Ғафуровро доираи васеи фанни дунё мешинохту эътироф месохт. Вай узви ифтихории даҳҳо ҷамъиятҳои илмии хориҷӣ, дар ин қатор, доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон буд. Соҳиби чандин ҷоизаи илмии байналхалқӣ, аз ҷумла, соҳиби медали тиллои Шӯрои ҷаҳонии сулҳ ва ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру шудааст. Зикршуда узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва Комиссияи Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО  гардида ва дар Кумитаи шӯравии ҳамбастагӣ бо мамолики Осиё ва Африқо чанд сол ҷонишини раис низ будааст.
 Аллома Ғафуров аз соли 1956 то охири умр (1977) дар Институти шарқшиносии АУ СССР директорӣ кардааст. Академик В. М. Алтапов нигоштааст, директории Б. Ғафуров беҳтарин давра дар ҳаёти ин институт буд. Аз соли 1974  академик Б. Ғафуров бинобар беморӣ бештар вақти худро дар Тоҷикистон гузаронд. Кори институтро аз номи ӯ шогирдаш Е. М. Примаков пеш бурд. Ҳурмати баланд, ки дошт, Б. Ғафуров то охири умр ба таври расмӣ директори институт монд. Соли 1974 ба ҳаҷ рафт. Бисёр мамнун буд аз зиёрати Маккаву Мадина. И.М. Дяканов дар хотироташ навиштааст: «Б. Ғафуров мегуфт, котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон буданам – ҳарза (чизе, ки нимпула арзиш дорад, русиаш – чепуха), котиби КМ КПСС буданам – ҳарза, академикиам – ҳарза. Вале ҳаҷравӣ ва ҳоҷишавиам аҳамияти муҳим дорад. Дар деҳаам акнун маро «ҳоҷӣ» меноманд. Ба ватан барои он омадам, ки ором чашм пӯшам».
Бобоҷон Ғафуров соли 1977 вафот кард. Дар боғи Лучоби Душанбе маскани абадӣ ёфт. Дар катибаи ёдгориаш сабт шудааст: «Равонат шод, эй устоди миллат, Ки додӣ номаи милоди миллат». 
 
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: