ШАКЛ ВА МАТНИ БЮЛЛЕТЕНИ ИНТИХОБОТӢ ТАСДИҚ ШУД

23 сентябр ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор гардид.

23 сентябр ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси Комиссия З.Низомхоҷаев пеш бурд.
Дар рӯзнома масъалаҳои тасдиқ намудани шакл ва матни бюллетени интихоботӣ доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номнавискунии назоратгарони дар маъракаи пешистодаи сиёсӣ аз давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ иштироккунанда ва аз аккредитатсия гузаронидани вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ҷой гирифта буданд.

Аъзои комиссия нахуст масъала доири тасдиқ намудани шакл ва матни бюллетени интихоботӣ доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дида баромаданд.
Мувофиқи моддаи 31-уми Кодекси интихоботӣ шакл ва матни бюллетени интихоботӣ доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ тасдиқ карда шуд. Таъкид ёфт бояд оиди тартиби пуркунии бюллетени интихоботӣ ҳар як овоздиҳанда бояд тасаввурот дошта бошад.
Дар бюллетен фамилия, исм, номи падари номзад ва соли таваллуди ӯ дар вазъи нишон додани ҳизби сиёсие, ки ӯро ба номзадӣ пешниҳод кардааст, мувофиқи тартиби алифбо сабт карда мешавад.
Бюллетенҳои интихоботӣ бо забони давлатӣ нашр карда мешаванд. Айни замон бино бар қарори комиссияи интихоботии ҳавзавӣ бюллетенҳоро бо забоне, ки аксарияти аҳолӣ сухан меронанд, низ нашр кардан мумкин. Барои дар асоси алифбои Брайл пур кардани бюллетени интихоботӣ омодасозии трафаретҳо низ имконпазир аст. Мувофиқи моддаи 32-юми Кодекси интихоботӣ, комиссияҳои интихоботии қитъавӣ бюллетенҳоро камаш то 3 рӯз мондан ба овоздиҳӣ, аз ҷумла, пеш аз муҳлат овоздиҳӣ аз комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ мегиранд.
Дар бораи миқдори интихобкунандагон дар қитъаҳои интихоботии назди ваколатхонаҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ дар асоси маълумотҳое, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намудааст, Комиссияи марказии интихоботӣ омодасозӣ ва дастраснамоии бюллетенҳоро таъмин менамояд.
Айни замон дар ҷамъомад масъалаи аз аккредитатсия гузаронидани назоратгарон аз кишварҳои хориҷӣ, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок мекунанд, баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, то имрӯз аз 6 мамлакати хориҷӣ назоратгарон номнавис гардиданд. Адади номнависшудагон аз созмонҳои байналхалқӣ бештар аз 40 нафарро ташкил менамояд.
Аз ҷониби аъзои Комиссия айни замон масъалаи аз аккредитатсия гузаронидани вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ низ дида баромада шуд. Навъе таъкид гашт, дар даврае, ки гузашт, ба Комиссияи марказии интихоботӣ аз ҷониби 53 ВАО муроҷиат афтод. Дар ҷамъомад лоиҳаи қарор оиди номнависсозии намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ бо як овоз тасдиқ гашт. Аз 53 ВАО-и маҳаллӣ ҷамъ 167 нафар намояндагон аз аккредитатсия гузаронида шуданд.
Акнун ҷамъи вакилони ВАО-и маҳаллию хориҷӣ, ки номнавис шудаанд, 1129 нафарро ташкил менамоянд.
Дар давоми маҷлис раисони ҳавзаҳои интихоботии Андиҷон, Навоӣ ва Сурхондарё оиди омодагӣ ба интихобот ҳисобот доданд.
Баъди ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботӣ бо иштироки вакилони расонаҳои ахбор нишасти матбуотӣ ба амал омад.
Ҷонишини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ ва аъзоён ба саволҳои рӯзноманигорон доири маъракаи пешистодаи сиёсӣ ҷавобҳо гардонданд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: