ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНИИ КИТОБИ ДАРСӢ ҲАСТ, АММО...

Баъд аз мутолиаи мақолаи «Китобҳои дарсӣ кай дастрас мегарданд?»-и хабарнигори «Овози тоҷик» Фаридуни Фарҳодзод («Овози тоҷик», 16 ноябр соли 2024 № 92) хостам мулоҳизаҳоямро иброз намоям.

Муаллиф воқеан масъалаи муҳимеро ба миён гузоштааст, ки имрӯзҳо ҳамаи омӯзгорон ҳалли ин мушкилро интизоранд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар соҳаи таълим ислоҳот ва навгониҳои шоёни таҳсин амалӣ гардидаанд, ки ин ҳамаро наметавон нодида гирифт. Аҳли маориф ин тағйироти мусбатро, ки бевосита таҳти роҳнамоии Сарвари давлат амалӣ мегарданд, хуш мепазиранд. Инчунин хуб дарк менамоянд, ки омодасозии китобҳои дарсӣ душвориҳо дораду кори масъулон дар ин самт лоиқи эътироф аст.

Аммо яке аз мушкилоте, ки тӯли ду-се соли охир боиси нигаронии мо, омӯзгорони мактабҳо мегардад, сари вақт дастрас нагардидани китобҳои дарсӣ мебошад.

Муаллиф дар оғози мақола дуруст таъкид мекунад, ки «Роҳандозии таълими босифат дар мактабҳо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо китобҳои дарсӣ ҳамбастагӣ дорад. Таҳкурсии донишу таҷрибаи донишомӯзон бошад, маҳз дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад... Маҳз дар ҳамин давр дар дили хонандагон нисбат ба мактабу донишандӯзӣ меҳру муҳаббат ва ба хондан завқ бедор кардан, барои муваффақияти минбаъдаи онҳо замина мегузорад».

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки китобҳои дарсӣ суратан ва сифатан қобили қабуланд. Вале ҳоло дар мактабҳо омӯзгорон аз сабаби дастрас набудани баъзе китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, «Адабиёт» барои синфи 10, «Таърихи Ӯзбекистон», «Таърихи ҷаҳон», «Ҳу-қуқшиносӣ» барои синфи 8 ва дигарро аз шакли электронӣ истифода мебаранд.

Дуруст, ки шакли электронии китобҳо ҳастанд, аммо китоб нест. Яъне донишомӯз ва волидон мегӯянд, ки «Чаро аз баъзе фанҳо китоб намедиҳед?» Дар мавриди ҳамин ва дигар саволҳое, ки перомуни китобҳои дарсӣ ба миён меоянд, бояд масъулон фикр кунанд ва аз пайи ҳалли онҳо бошанд.

Чунки дар даст доштани китоб як қатор афзалиятҳо дорад. Якум, китоби дарсиро хонанда ҳама вақт бо худ мегираду мехонад. Дувум, бобати аз худ кардани дарсҳо аз онҳо бештар истифода  мекунад, ки барои сифати дарс низ таъсир мерасонад.  Сеюм, донишомӯз китоби дарсиашро дар синф ва дар назди падару модараш барои дарстайёркунӣ истифода мебарад. Инчунин мавҷудияти китоби дарсӣ завқмандии донишомӯзро ба китоб бештар  мекунад ва волидон низ онро мехонанд. Ҳатто дар атрофи ин ё он мавзӯъҳои китоб баҳс ҳам мекунанд.

Агар китобҳои хушсифати электронӣ дар шакли китоб тезтар чоп гардида, ба донишомӯзон дастрас шаванд, нуран ало нур мегардид. Зеро суръат бахшидан ба ин раванд, танҳо барои камолоти фарзандони халқу Ватан, донишҳои замонавиро беҳтар омӯхтани онҳо мусоидат мекунад.

Ҳ.  РАҲМАТОВ, омӯзгор.

Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: