ШАКЛИ ГИБРИДИ ТАҲСИЛ ДАР ТАЪЛИМИ ОЛӢ НАМОИШ ДОДА ШУД

Солҳои охир дар мамлакати мо оид ба рушди системаи таҳсилоти олӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами педагогӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо, фароҳам овардани механизмҳои самарабахши ҳамгироии таълим, илм ва истеҳсолот чорабиниҳои васеъ андешида шуданд.

Солҳои охир дар мамлакати мо оид ба рушди системаи таҳсилоти олӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами педагогӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо, фароҳам овардани механизмҳои самарабахши ҳамгироии таълим, илм ва истеҳсолот чорабиниҳои васеъ андешида шуданд.
Ҳамзамон, тамоюли кунунии рушди хидматрасонии таълимӣ васеътар ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимии пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ, бо онҳо мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикӣ, фароҳам овардани шароити мусоидро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳа тақозо менамояд. Дар чаҳорчӯби чунин тадбирҳо лоиҳаи ташкили донишгоҳи Вебстер дар Тошканд амалӣ карда шуд. 
Маросими тақдимот, ки 18 феврал дар донишгоҳ баргузор гардид, иқтидор ва имконоти донишгоҳро дар робита бо таҳсилоти фарогир, фасеҳ ва шаффоф нишон дод. Чорабинӣ дар яке аз толорҳои лексияхонии донишгоҳ, ки пурра бо системаи видеоконфронс муҷаҳҳаз шудааст, ташкил карда шуд.
Ҳангоми муаррифӣ муаллим ва баъзе донишҷӯён дар синф буданд, қисми дигар тавассути барномаи «Zoom» ба дарс ҳамроҳ шуданд. Ҳама дар дарс, ки дар шакли гибридӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд. Сипас донишҷӯён таассуроти худро ба ҳам диданд. 
Дар шакли гибриди таълим донишҷӯён имкон доранд, ки на танҳо дар лексия иштирок кунанд, балки дарси сабти видеоиро аз нав дида бароянд. Онҳо инчунин метавонанд ҳамзамон супоришҳои гурӯҳро иҷро, мавзӯи додашударо бо муаллим ва дигар донишҷӯён муҳокима кунанд.
Гарчанде ки маҳз пандемия дар рушди таҳсилоти фосилавӣ дар Ӯзбекистон такони қавӣ гашт, маълум аст, ки дар баъзе донишгоҳҳои ҷаҳон ин технологияи таълимӣ хеле пештар ба кор шурӯъ кардааст. Масалан, донишгоҳи Вебстер инчунин таҷрибаи чандинсолаи омӯзиши онлайн ва идоракунии курсҳои электронӣ (World Classroom)-ро дорад. Донишгоҳи Вебстер дар Тошканд низ омӯзишро аз рӯзи аввали карантин бидуни кам кардани соатҳои таълимӣ ба шакли фосилавӣ гузаронд. Таҷриба нишон медиҳад, ки формати гибридии таълим ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки новобаста аз дар куҷо буданашон дар сатҳи байналмилалӣ таҳсил гиранд. Охир, ин шакли омӯзиш ба шумо имкон медиҳад, ки ҳам сифати таҳсилро нигоҳ доред ва ҳам имконияти кор кардан бо гурӯҳу муаллим ва ҳамсабақони худ фароҳам меорад.
Пас аз муаррифии дарс маъмурияти донишгоҳ барои ВАО брифинг ташкил намуд. Дар брифинг журналистон ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. 
Таъкид бояд кард, ки донишгоҳи Вебстер соли 1915 ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии ғайридавлатӣ таъсис ёфта, марказаш дар Сент-Луиси, иёлоти Миссурии ИМА ҷойгир шудааст. Дар айни замон, донишгоҳ дар 62 шаҳри 9 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад. 
Донишгоҳи Вебстер дар Тошканд, ки 1200 донишҷӯ дорад, бузургтарин филиали донишгоҳ дар хориҷи  Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад. 
Имрӯз, донишгоҳ мутахассисонро дар соҳаи менеҷменти тиҷорат, иқтисодиёт, коммуникатсияи ВАО, робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии низоми иттилоотӣ тайёр мекунад. 

Саидмурод РАҲИМОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: