(Порчае аз пешгуфтори китоби Абуисо Тирмизӣ)
Мувофиқи Қарори Президент «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 1200-солагии зодрӯзи Имом Тирмизӣ» дар таърихи 17-18 октябр дар шаҳри Тирмиз бо ибтикори Маркази тадқиқотии Имом Тирмизӣ дар мавзӯи «Нақши мероси илмии Имом Тирмизӣ дар тамаддуни исломӣ» конфронси байналхалқӣ гузаронида шуд. Дар конфронси илмию амалӣ олимону донишмандони кишвар ва хориҷа, аз қабили Туркия, Қатар, Миср, Арабистон, Ҳиндустон ва Қирғизистон иштирок карданд. Дар конфронс таъкид шуд, ки дар Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Амрико, Олмон, Русия, Ҳинд ва кишварҳои арабзабон дар бораи алломаҳои Тирмизӣ корҳои шоистае иҷро шудааст, ки омӯзанда аст. Умед мекунем, ки ҷавонони мо низ дар роҳи омӯзиш ва таҳқиқ ба ин масоил эътибор медиҳанд. Асари «Шамоили Муҳаммадия»-и Абуисо Тирмизӣ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудааст. Мо низ дар навбати худ тасмим гирифтем, ки нусхаи форсии дар шаҳри Исфаҳони Эрон чопшудаи асарро ба ҳуруфи тоҷикии кириллӣ таҳия ва омода намоем. Ҳоло бошад аз муқаддимаи асари мазкур пораеро баҳри мутолиаи хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» пешкаш мекунем.
Тирмиз дар қарни чаҳорум бузургтарин шаҳри соҳили Ҷайҳун будааст. Муқаддасӣ – ҷуғрофинависи нимаи дувуми қарни чаҳорум менависад: «Тирмиз бошукуҳтарин шаҳри канораи Ҷайҳун аст, тамиз ва хушобу ҳаво ва бозорҳои он оҷурфарш (фарше, ки бо хишти пухта бунёд шудааст) аст ва об бар ду каронаи он ҷорӣ аст, онро бору (девори қалъа ё ҳисори қалъа) ва куҳандиж (арк, қалъа) аст, масҷиди ҷомеъ дар бору ва куҳандиж хориҷи он асту киштиҳо ҳар сӯ ба он шаҳр меоянд ва онро се дарвоза аст».
Аҳмад бинни Яҳё Билозарӣ, муаррихи бузурги қарни савуми ҳиҷрӣ даргузашта ба соли 279 ҳиҷрӣ дар китоби «Футуҳ-ул-булдон»-и худ достони фатҳи Тирмиз ба василаи Мусо бинни Абдуллоҳ ва саранҷом кушта шудани ӯро бо шарҳ ва тафсили бештаре овардааст, ки метавон барои иттилои бештар ба он маъхаз муроҷиат кард.
Ин шаҳр дар ҳамлаи муғул ба сахтӣ вайрон шуд ва дигар ҳеч гоҳ ба он аҳамияту азамат нарасид. Бартолд дар мақолаи худ ҷамъият (аҳолӣ)-и онро даҳ ҳазору ҳаштоду як тан сабт кардааст. Дар ҳафориҳое (ковишҳое), ки дар ин шаҳр сурат гирифтааст, осори куҳан аз давраи пеш аз ислом, ба вижа, аз давраи тасаллут (ҳукмронӣ)-и ойини буддоӣ ба даст омадааст.
Пеш аз он, ки ба шарҳи ҳол ва осори Тирмизӣ муаллифи «Ал-Шамоил» бипардозем, ишора ба ин нукта лозим аст, ки ҳудуди даҳ тан аз донишмандону муаллифон ба Тирмизӣ машҳуранд , ки аз он миён се тан шуҳравартаранд ва чун ду тан аз ишон бо якдигар муосиру сокини Тирмиз будаанд, ононро метавон бо якдигар иштибоҳ кард. Барои иттилои хонандагони гиромӣ тавзеҳ медиҳем, ки ин се тан иборатанд аз:
1. Абуабдуллоҳ Муҳаммад бинни Алӣ, маъруф ба «Ҳаким Тирмизӣ», ки таърихи таваллуди ӯ рушан нест ва таърихи даргузашти ӯро бо шасту панҷ соли ихтилоф ба солҳои 255 ё 285 ё 320 ҳиҷрӣ навиштаанд.
Ӯ аз сӯфиёни номдори қарни савуми ҳиҷрӣ, дар Хуросон аст. Аз вай ҳудуди сӣ китоб барҷой мондааст ва ба сабаби иддаои кашф ва умури дигаре ӯро аз Тирмиз берун ронданд. Ночор ба Балх рафт ва мавриди таваҷҷуҳи фаровон қарор гирифт. Ба навиштаи Бартолд мақбараи ӯ то кунун боқӣ монда ва аз осори арзишманди бостонии Тирмиз аст.
2. Саид Бурҳониддин Тирмизӣ, ки ба Саид Ҳусайни Тирмизӣ ва Саид Сирдон ҳам маъруф аст ва гоҳ аз ӯ бо номи Муҳаққиқ Тирмизӣ ҳам ёд шудааст, аз сарсупурдагон ва муридони Баҳоуддин Валад, падари Мавлавӣ аст.Пас аз марги Баҳоуддин ба соли 628 ҳиҷрӣ, ба Куния рафт ва дар ҳамон диёр даргузаштааст.
Ҷомӣ ҳам дар сафҳаи 452-и «Нафаҳот ул-унс» шарҳи ҳоле аз ӯ овардааст.
3. Абуисо Муҳаммад бинни Исо бинни Савраъ Исо Тирмизӣ яке аз шаш муаллифи китобҳои «Сиҳоҳ»-и аҳли суннат ва ба гуфтаи шарқшиноси машҳури рус Бартолд марди нахусти Тирмиз аст. Дар даҳаи аввали қарни савуми ҳиҷрӣ дар Тирмиз мутаваллид шудааст. Ҳарчанд соли таваллуди ӯро ба таври сареҳ нанавиштаанд, вале бо қаринаҳое, ки дар навиштаҳои бархе аз муаллифон вуҷуд дорад, метавон ҳадс зад, ки таърихи таваллуди ӯ ба соли 209 ҳиҷрӣ будааст. Заҳабӣ менависад: «Исо Тирмизӣ дар моҳи раҷаби соли 279 ҳиҷрӣ ба ҳафтодсолагӣ даргузаштааст». Ибни Хулкон ҳам рӯзу моҳу соли марги Тирмизиро сездаҳуми раҷаби ҳамон сол донистааст. Шайх Муҳаммад Обид Сунадӣ, ки худ дар гузашта ба соли 1257 ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара аст ва беҳтарин нусхаи хаттии «Ҷомеъи Тирмизӣ»-ро доштааст, таваллуди ӯро ба соли 209 донистааст.
Мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳи худ бар китоби «Шамоил» навиштааст, ки Тирмизӣ мегуфтааст, ҷадди ман аз сокинони Марв-ул-руд будааст, ки аз рӯзгори Ибни Сайёр ба Тирмиз кӯч кардааст.
Бархе ӯро кӯри модарзод донистаанд, ки саҳеҳ нест, балки ӯ дар охири умр кӯр шудааст ва дар бисёрии аз манобеъ калимаи «зарир» (кӯр) дар авсофи ӯ нақл шудааст. Аз ҷумла, дар «Вафиёт-ул-иъён»-и Ибни Хулкон, вале дар ин бора сухани ҳоким Абуаҳмади Нишопурӣ дар гузашта ба соли 378 ҳиҷрӣ пазируфта мешавад, ки навиштааст: Тирмизӣ аз шиддати гиристан ба сабаби зуҳду порсоӣ кӯр шуда ва чанд соли охири умри худ нобино будааст.
Тирмизӣ аз ҳофизаи шигифтангез баҳраманд будааст. Ӯ ба бисёре аз марокизи илмии рӯзгори хеш сафар карда ва аз маҳзари машоихи бузурги Хуросон, Ироқ ва Ҳиҷоз баҳра бурдааст. Вале маҳзар (ҷойи ҳузур)-и Аҳмади Ҳанбалро дарк накардааст ва чун Хатиби Бағдодӣ дар «Таърихи Бағдод» аз ӯ ном набурдааст, чунин ба назар мерасад, ки ба Бағдод нарафтааст.
Шогирдон ва ровиёни Тирмизӣ ҳам бисёранд, вале гузидатарин шогирд ва ровии ӯ Абулаббос Муҳаммад бинни Аҳмад бинни Маҳбуб Марвазӣ, даргузашта ба рамазони соли 346 ҳиҷрӣ аст, ки солори ҳама муҳаддисони Марв ва аз бозаргонони муҳтарами он шаҳр будааст. Ҳамин аст, ки китоби «Ҷомеъи Тирмизӣ»-ро аз қавли худи ӯ ривоят кардааст. Самъонӣ мегӯяд: «Ҳамагон барои касби дониш ба ҳузури Абулаббос мерафтанд».
Донишмандони илми ҳадис Тирмизиро бисёр сутудаанд. Ҳамон ҳоким Абуаҳмад Нишопурӣ дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Муҳаммад бинни Исмоил Бухорӣ даргузашт ва дар Хуросон аз лиҳози илму ҳифз ва зуҳд касе ҳамчун Абуисо Муҳаммад бинни Исо Тирмизӣ бар ҷой нанҳод».
Аз нусхаи форсӣ таҳияи Рамазон Абдуллоев, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз.