Шамшербозони ватаниро дар хона ба таври муносиб пешвоз гирифтанд

Маълум аст, ки дар ин рӯзҳо дар Дубай Чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ байни наврасону ҷавонон ҷараён дорад.

Шамшербозони ватанӣ, ки дар мусобиқаҳои бонуфуз шарафи кишварро сазовор ҳимоя карданд, дирӯз ба Ватан баргаштанд.

 Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов вазири рушди варзиш Адҳам Икромов ва раиси Федератсияи шамшербозии Ӯзбекистон Рустам Шоабдурахмонов бо тантана истиқбол гирифтанд.

Дар чорабинӣ муовини мушовири Президенти Ӯзбекистон Абдурашид Ҷӯрабоев, роҳбари Вазорати рушди варзиш Адҳам Икромов, муовини ӯ Шахрилло Махмудов ва мушовир Аваз Каримов, котиби генералии  КМО Ойбек Қосимов, муовинони раиси кумита Равшан Ирматов ва Шерзод Ташматов, варзишгарон, наздикони онҳо, инчунин кормадони ВАО иштирок карданд.

Ба ғалабаи калони шамшербозони мо дар чемпионати ҷаҳон баҳои баланд дода шуд. Зухриддин Қодиров аввалин медали тиллои чемпионати ҷаҳонро дар солномаи варзиши Ӯзбекистон сабт кард. Инчунин, ҷавонтарин варзишгар, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 шарафи кишвари моро ҳимоя кардааст, барандаи Ҷоми ҷаҳон Зайнаб Даиибекова соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Адҳам Илҳомович Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ба Зухриддин Қодиров додани Ҷоизаи давлатии «Мард уғлон» хонда дод ва мукофотро ботантана супурд.

Аз ҷониби давлат на танҳо варзишгарон, балки мураббиёни онҳо, ки ҷони худро сарф намуда, варзишгарони ватаниро ба ин мусобиқаҳои муҳим дар сатҳи баланд омода кардаанд, махсусан қайд карда шуд.

Албатта, варзишгарон ва падару модарони онҳо аз чунин ғамхории олӣ илҳом гирифта, эҳсоси ҳаяҷон, шодию хурсандии худро пинҳон накарда, барои чунин таваҷҷуҳи олӣ самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар рафти мусобика ғайр аз Дайибекова ва Қодиров Мусо Айтмуродов, Шерзод Мамутов, Бобурҷон Расулов, Самира Шокирова нағз баромад карда, ба қатори даҳ нафар шамшербозони пурзӯртарини ҷаҳон дохил шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин ришта насли тавоно ва сазовор ба воя мерасанд, ки ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелеси соли 2028 роҳхат мегиранд ва шамшербозони ӯзбек ояндаи дурахшон доранд.

Тибқи низомномаи мусобиқот дар Амороти Муттаҳидаи Араб устодони ҷавони рапира ва шамшер акнун барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза хоҳанд бурд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: