ШАНЛИУРФА ЧӢ ШАҲРЕСТ?

Туркия аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки бо Ӯзбекистон муносибатҳои худро беш аз пеш таҳким мебахшад.

Туркия аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки бо Ӯзбекистон муносибатҳои худро беш аз пеш таҳким мебахшад. Сармоягузорони ин кишвар низ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакатамон сармоя ворид намудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Аммо дар робита ба он, ки Туркия ва минтақаҳои он барои сайёҳӣ хеле мувофиқанд, мебояд барои мардум бештар маълумот ироа кард, то ки вақтҳои фориғ аз корро битавонанд дар чунин ҷойҳои мувофиқу муносиб сипарӣ кунанд.
Маҳз дар чунин минтақаи аз ҳар нигоҳ мувофиқ воқеъ гаштани Туркия боис гардидааст, ки солона ба ин мамлакат сайёҳони зиёди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон сайру гашт намоянд.
Дар як суҳбат бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Нурӣ Эрсой маълум шуд, ки ин вазорат дар ҳамкорӣ бо Агентии пешбарӣ ва рушди сайёҳии он (TGA) лоиҳаи TAS TEPELER-ро муаррифӣ мекунад, ки сарзамини онҳо то чӣ андоза дар таърихи башарият ва олам тағйирот ба амал овардааст. Гуфта мешавад, дар доираи ин лоиҳа чанде муқаддам академикҳо ва муҳаққиқон аз тамоми ҷаҳон дар як симпозиуми гибридӣ таҳти унвони «Инъикосҳои давраи неолит дар ҷаҳон» дар шаҳри Шанлиурфа  гирдиҳам омадаанд.
Лоиҳа ҳафриёт ё ковишҳои археологӣ ва таҳқиқотиро дар ҳафт ноҳия – Гӯбеклитепе, Қарахонтепе, Гюрчютепе, Сайбурч, Чакмактепе, Сефертепе ва теппаи Йени Маҳалле дар бар мегирад. Ҳафриёти муваққатан кушодашудаи Қарахонтеппа низ қобили тамошо гардидааст. Ҳафриётро кумитаҳои илмӣ ва Раёсати осорхонаи Шанлиурфа таҳти роҳбарии Сарраёсати сарватҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳои Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия анҷом медиҳанд.
Меҳмет Нурӣ Эрсой мегӯяд, ки зимни сафари худ ба Қарахантеппа дарёфт, ки ин ёдгориҳо ва ҳафриёти он аз саҳми муҳими Анадолу ба таърихи башарият шаҳодат медиҳанд.
– Рӯзҳои наздик дар доираи марҳилаи аввали лоиҳаи тадқиқоти неолити Шанлиурфа, ки аз соли 2021 то соли 2024 сурат мегирад, ковиши гӯрҳои Аянҳо, Йогунбурч, Ҳарбетсуван, Курттепеси ва Ташлитепа оғоз мешавад. Дар баъзе аз ин минтақаҳо аллакай ченкунии геомагнитӣ ва радарӣ гузаронида шудаанд ва идома доранд. Ин лоиҳаи муҳим мундариҷаи барҷаста ва натиҷаҳои таъсирбахшро доро мебошад, – тазаккур дод вазир. 
Шанлиурфа маркази маъмурии вилояти Шанлиурфа мебошад. Он дар ҷанубу шарқи Анталиё воқеъ гаштааст. Гуфта мешавад, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ин шаҳр ба Байнаннаҳрайни Шимолӣ тааллуқ дорад. Он яке аз воҳаҳои ҳосилхези Туркия низ маҳсуб меёбад ва аз се тараф – ғарб, шимол ва шарқ бо кӯҳҳо иҳота гирифта шудааст. Аз ин шаҳр се дарёча мегузарад ва ба ҳусну табиати он ҳусни тоза зам менамояд. 
Шанлиурфа дар чорроҳаи калони тиҷоратӣ ҷойгир шудааст ва тоҷирони зиёд барои тиҷорат ба ин шаҳр равуо кардаанд. Соли 1948 дар Шанлиурфа аввалин осорхона ифтитоҳ ёфтааст, аммо ба далели норасоиҳои иқтисодиву молӣ он фаъолияти худро то соли 1969 боздоштааст.
Шанлиурфа дар айни ҳол ба ду тақсим шудааст ва байни ҳарду тафовутҳои зиёд ба назар мерасанд. Шаҳри кӯҳнаи Шанлиурфа бо кӯчаву хиёбонҳои танг ва каҷ, бо панҷараҳои атрофи хонаҳо, бозорҳои рангин, сокинони маҳаллии либосҳои анъанавии арабӣ ва курдӣ бабар аз шаҳри муосири он фарқ мекунад.
Бинобар нақлҳо дар ин шаҳр паямбар Иброҳим (а.с.)-ро ба оташ андохтаанд ва аз он безарар раҳо ёфтааст.
Баъзе сокинони Шанлиурфа ҳанӯз дар ғорҳои канори кӯҳ зиндагӣ мекардаанд. Аммо шаҳри муосир дар муқобили шаҳри кӯҳна дорои иморатҳои баланд ва иншоотҳои наҷиб мебошад.  Дар осорхонаи Шанлиурфа солҳои пеш ба далели нарасидани ҷой баъзе ашёҳои намоишӣ гузошта намешуданд.  Ҳоло дар шафати осорхона боз як иморати иловагӣ сохтаанд ва ашёҳои зиёдатиро низ ба намоиш гузоштаанд, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёд қарор гирифтааст. Ин ашёҳоро дар толорҳои бостоншиносӣ ва этнографӣ метавон пайдо кард.

Фаридун АҲРОРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: