ШАЪНУ ШАРАФ БА ШУМО, МУҲОФИЗОНИ ДИЛОВАРИ ВАТАН!

Дар Қасри "Дӯстии халқҳо"-и пойтахт бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар Қасри "Дӯстии халқҳо"-и пойтахт бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ба чорабинӣ кормандони низоми Қувваҳои Мусаллаҳ, Вазорати мудофиа, Хидмати амнияти давлатӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар сохторҳои махсус, собиқадорон, курсантҳои академияҳо ва мактабҳои ҳарбӣ, аъзои оилаҳои онҳо ва намояндагони аҳли ҷомеа даъват карда шуданд.

Суруди миллӣ садо медиҳад.

Табрикоти идонаи Президенти кишварамон, Сарфармондеҳи Олӣ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватанро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Баходир Қурбонов хонда дод.

Зиндагии осоишта ва ором, рӯзҳои дурахшон ва беғам бо далерӣ, вафодорӣ ва матонати хидматчиёни ҳарбии шӯҳратманди мо бевосита алоқаманданд. Дар мамлакати мо ба ислоҳоти куллии низоми мудофиа, мутобиқи талаботи муосир такмил додани он диққати махсус дода мешавад. Дар асоси Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 корҳои мунтазам ҷиҳати таъмини ҳифзи боэътимоди сохти конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва яклухтии ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳкими қобилияти мудофиавии давлати мо, баланд бардоштани қудрати ҷангӣ ва самаранокии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ идома доранд.

Дар паёми табрикотии сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан қайд карда мешавад, ки дар муддати кӯтоҳи гузашта Доктринаи нави мудофиа қабул карда шуд, сохт ва вазифаҳои ҷузъҳои қудрат ба куллӣ таҷдиди назар карда, низоми идоракунӣ қӯшунҳо такмил дода, лоиҳаҳои муҳим оид ба муҷаҳҳазгардонии артиши миллӣ бо намунаҳои замонавии аслиҳа ва техника татбиқ карда шуданд.

Дарвоқеъ, бори аввал дар таърихи кишвар системаи беназири секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ созмон дода шуданд, ки имкони баланд бардоштани нақши мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро дар таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар фароҳам меорад. Дар натиҷаи саъю талошҳо дар самти татбиқи ғояи бузурги "Артиш ва халқ -- як тану як ҷон" Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон кафили воқеии истиқлолияти ҷумҳурии мо, ҳифзи боэътимоди ҳаёти осоишта ва ороми мардум гардиданд.

Дар соли 2020-уми хеле душвор ва барои кишвар ва мардум пур аз озмоишҳо,  дар мушкилтарин давраи пандемия  хидматчиёни диловари мо дар мубориза бо сирояти коронавирус дар сафи пеш буданд. Мардуми мо шоҳиди он шуданд, ки чӣ гуна духтурони ҳарбӣ бо ҳазорон кормандони тиб китф ба китф истода, ҷони беморон, кормандони низоми вазорати мудофиа, ҳолатҳои фавқулодда, корҳои дохилӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Гвардияи миллиро наҷот доданд ва дар кишвар суботи эпидемиологӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва интизомро таъмин карданд.

Намунаи садоқат, шуҷоат ва матонати хизматчиёни ҳарбии мо дар давоми ҳодисаҳои фавқулодда, ки дар вилоятҳои Сирдарё ва Бухоро рух доданд, бори дигар зоҳир гардид.

Дар ин рӯзҳо, ки Рӯзи муҳофизони Ватан дар саросари кишвар васеъ ҷашн гирифта мешавад ва рӯҳияи идона мевазад, хонаҳои нав ба истифода дода мешаванд, ки барои ватандӯстони воқеии соҳа пешбинӣ шудаанд. Инчунин бояд қайд кард, ки барои дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо имкониятҳои нав барои гирифтани маълумоти олӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонӣ фароҳам оварда мешаванд.

Бо фармони Президенти кишвар намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои соҳаи ҳарбӣ барои хидматҳои бузургашон дар таҳкими нерӯи мудофиавӣ ва иқтидори ҳарбӣ-техникии кишвар, таъмини амнияти давлатӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳо бо рутбаҳои баланд, ордену медалҳои Ватан сарфароз гардонида шуданд. Ин боз як мисоли равшани он аст, ки дар мамлакати мо меҳнати фидокорона, ҳалол ва софдилона ҳамеша қадр карда мешавад.

-- Ман аз хурдӣ ба соҳаи ҳарбӣ таваҷҷӯҳ доштам, -- мегӯяд фармондеҳи взводи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳаммадсолӣ Дӯстқулов, ки бо медали "Жасорат" мукофотонида шудааст. -- Чун барои ҳамаи ҳамкасбонам, корҳои ҳарбӣ барои ман на танҳо касб, балки даъвати қалб, маънои зиндагӣ, рамзи ифтихор, шаъну шараф аст. Вазифаи фахрии мо аз он иборат аст, ки кишвареро, ки мо дар он таваллуд ёфта ба воя расидаем, мардуми азизамонро, осмони осоиштаи болои сарашро муҳофизат намоем, бехатарии онро таъмин кунем, масъулиятро барои тақдири Ватани азиз ва ояндаи он ба дӯш гирем.

Дар толори консертӣ хизматчиёни ҳарбӣ, волидон, ҳамсарон, фарзандон ва хешовандони онҳо ширкат варзиданд. Бо дидани ин сарбозони ҷасур, қомат ва эътимоди онҳо ҳама орзу мекунанд, ки фарзандонаш ҳамчун фарзандони ҷасур, собитқадам ва матиниродаи Ватан ба воя расанд. Воқеан, интизоми оҳанини онҳо, муҳаббат ва садоқат ба Ватан, муносибат ба зиндагӣ, эҳтиром ба наздиконашон намунаи баланд барои пайравӣ мебошанд.

... Суруду оҳангҳо ботантана садо медиҳанд. Барномаи мусиқӣ бо иштироки гурӯҳҳои низомӣ, ансамблҳои суруд ва рақс, баромадҳои рангини оркестрҳои низомӣ, устодони санъат ва сарояндагони ҷавон ба ҳозирин табъи болида ва тантанавӣ бахшиданд.

Суруди "Баҳри сулҳ!" барои иштирокчиёни маросим иҷро карда шуд.

Дар маросим Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева, раиси Палатаи қонунгузорӣ Нуриддин Исмоилов, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ширкат варзиданд.

 

Н.УСМОНОВА,

хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: