Вақте вориди мактаби миёнаи рақами 22-юми ноҳияи Бӯстонлиқ шудем, рости гап, аз табиати атрофи он, дарахтони сарсабз, гулу райҳони ду тарафи роҳ, хушмуомилагии омӯзгорон, тартибу интизоми хонандагони он диламон равшан шуд.
Дар ин даргоҳ барои таълиму тарбия гирифтани хонанда ҳамаи шароит муҳайё карда шудааст. Кабинетҳои фаннӣ бо техникаи ҳозиразамон пурра таъминанд.
– Аз ҷониби роҳбари давлат баҳри баланд бардоштани нуфузи муаллим, қадр, шаън ва обрӯйи ӯро барқарор намудан, ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ рағбатнок кунонидани меҳнати пурмашаққат ва масъулиятноки ӯ як қатор корҳо анҷом дода мешаванд. Дар чунин давраи навоварӣ, кору фаъолияти омӯзгор низ бояд пур аз навовариҳо шавад,– гуфт ҳангоми суҳбат директори мактаби номбурда Шароф Абдукаримов. – Пухта азхуд кардани технология ва методикаи замонавӣ талаби давр буда, ҳар як омӯзгор аз он бояд ба таври васеъ истифода барад. Ҷамоаи мактаби мо низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар таълиму тарбияи насли наврас нақша ва услуби кори худро аз нав дида баромаданд. Ба ибораи роҳбари давлат “Дар коре, ки рақобат ҳаст, пешравӣ ҳаст”, байни омӯзгорон рақобат ба миён меояд. Онҳо кабинетҳои фаннии худро бо ҷиҳозҳои зарурӣ таъмин намуданд, мутахассисон дар асоси барномаи нави давлатӣ маҳфилҳои фаннӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, варзиш, дуредгариро ба роҳ монданд ва дар ноҳияву вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Яке аз чунин муаллимаҳои фидоии мактабамон – муаллимаи забон ва адабиёти рус Шарифа Раҳимҷонова мебошад, ки 41 сол инҷониб фаъолият мебарад. Муаллима бо омӯзгорони пуртаҷриба Эътибор Насриддинова, Мукаррам Раҳимбердиева, Бахтиёр Нормирзоев, Адҳам Ҳасанбоевҳо дар як саф истода меҳнат кард, аз устодони худ Сотиболдӣ Эрматов ва Зокирҷон Бобоевҳо (руҳашон шод бод) асрори касб омӯхт.
Оре, Шарифа Раҳимҷонова имрӯз худ устод асту садҳо шогирдонро таълиму тарбия додааст. Шогирдони ӯ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакатамон меҳнат мекунанд.
Самараи меҳнати Раҳим-ҷонова барин омӯзгорон аст, ки ҳар сол даҳҳо нафар хатмкардагон донишҷӯйи мактабҳои олӣ ва касбу ҳунар мегарданд.
– Имрӯз барои додани таълиму тадрис шароит муҳайё мебошад. Мо – омӯзгорон ба ин ғамхорӣ бояд ҷавоби муносиб диҳем. Дар оила низ ҳамсарам ба ман кумак мерасонад. Се нафар фарзанд ва ҳашт нафар набераҳо қуввату оромбахши дили мо ҳастанд. Ҳосили меҳнати омӯзгорӣ ба осонӣ ба даст намеояд, аз он бахтиёр ҳастам, ки дар тарбияи насли наврас, ояндаи шукуфони мамлакат саҳм мегузорам, – мегӯяд муаллима.
Пардабой ЭРГАШЕВ,
шаҳри Ғазалкенти
вилояти ТОШКАНД.