ШАРАФМАНДИ ДУ ОЛАМ БОШАД УСТОД...

Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки ба ботини одамон зиё мебахшад.

 Омӯзгор монанди боғбон аст, ки навниҳолакони боғи хирадро бо меҳру самимият мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.
Беҳуда нест, ки бузургони адабиёти қадиму пурғановати мо дар тамоми давру замонҳо омӯзгор, муаллим, устодро ситоиш кардаанду ҳамду сано хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гуфта бошад, Шайх Саъдии Шерозӣ «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» баён кардааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор. 
Яке аз чунин омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки фаъолияти педагогиаш шоёни эътироф мебошад ва тӯли солҳо баҳри афзун сохтани дониши варзишӣ ва обутоби ҷисмонии насли наврас фидокорона меҳнат кардааст, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби таълими умумии рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Қӯзибой Қӯзиев мебошад.
Қӯзибой 10 феврали соли 1963 дар деҳаи зебоманзари Сойхурди ноҳияи Нурато дар оилаи хизматчӣ дида ба дунё кушодааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳ гирифт. Роҳбари синфаш Субҳон Рӯзиев ба таълиму тарбияи шогирдон эътибори ҷудогона медод. Аз синфи панҷум ба мактаби ҳамсоядеҳаи Эҷ меравад. Дар ин мактаб аз устодони ботаҷриба асрори илм омӯхта, дониши худро такмил медиҳад. Дар ҳар кор аз роҳбари синфи худ Ҳамроҳбой Файзиев маслиҳат мегирифт ва пайваста барои аз бар кардани донишҳои нав ҳаракат мекард. Бештар ба фанни тарбияи ҷисмонӣ шавқ дошт ва дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъол иштирок мекард. Орзу дошт, ки асрори соҳаи варзишро мукаммал омӯхта, ба насли наврас аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс диҳад.
Қ. Қӯзиев соли 1980 мактаби ҳамагониро хатм карда, соли 1981 барои адои хизмати ҳарбӣ ба Олмон сафарбар гашт. Хизматро сарбаландона адо намуда, соли 1983 бо рутбаи сержанти калон ба зодгоҳ баргашт. Аммо то ҳол орзуи айёми донишомӯзӣ – омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ шуданро дар дил мепарварид ва ин орзу ӯро ҳамон сол ба шаҳри Душанбе бурд. Ҳуҷҷатҳои худро ба  техникуми тарбияи ҷисмонӣ супорида, аз имтиҳонҳо сарбаландона гузашт. 
Соли 1984 дар мусобиқаи бонуфузе, ки дар Арманистон гузаронида шуд, Қӯзибой бомуваффақият иштирок карда, аз рӯйи намуди гӯштии самбо унвони «Устоди спорт»-ро соҳиб гардид. Соли 1985 техникумро бо дипломи сурх хатм карда,  бо роҳхат ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон супорида, аз як фан имтиҳон супорид ва баҳои аъло гирифта, ба бахти донишҷӯӣ сазовор гардид.
Қӯзибой Қӯзиев пас аз таҳсил дар донишкада фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби рақами 30-юми зодгоҳ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ оғоз намуд.
Муаллими ботаҷриба ва меҳнатқарин аз асрори соҳаи худ огоҳ буд ва хуб медонист, ки тарбияи ҷисмонӣ – қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст. Пайваста кӯшиш мекард, ки рағбати ҷавононро ба фан афзун созад ва бо ин мақсад аз методҳои гуногун истифода мебурд. Натиҷаи талошу заҳматҳояш буд, ки зуд аз дили шогирдон ҷой гирифт. Ҳамеша ба онҳо дар бораи қадру манзалати омӯзгор, устодони аввалини худ Ҷ. Содиқов, С. Ҳайдаров, Ф. Раҳматов ва А. Таваккалов, аҳамияти шуғл варзидан бо намудҳои варзиш дар ҳифзи саломатӣ ва оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳа ҳарф мезад. 
Саъю кӯшиши оқилона, меҳнати пайваста, ранҷи мақсаднок ҳеҷ гоҳ бесамар нахоҳад буд, зеро ба ин маънӣ бузургон фармудаанд: 
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста
 гардад, 
Агар хоре бувад, гулдаста 
гардад...
Меҳнатҳои Қӯзибой Қӯзиев, ки қариб 38 сол чун омӯзгор кор кардааст, пайваста самар медоданд. Шогирдонаш дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили «Умид ниҳоллари», «Универсиада» ва ғайра фаъол иштирок карда, дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҳатто ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст меоварданд. Имрӯз як гурӯҳ шогирдони ин марди ҳалиму хоксор, омӯзгори матинирода аз қабили  Восеъ Ҳотамов, Саттор Раҳмонов, Далер Қӯзиев, Наим Раҳимов, Файёз Мехлиев, Сардор Зайнуддинов, Ҷавоҳир Саидов ва дигарҳо боиси сарфарозу сарбаландии устоди худ ҳастанд. Ҳатто баъзе аз онҳо ба устоди худ ҳавас карда, соҳаи варзишро интихоб кардаанд ва ба насли ҷавон аз тарбияи ҷисмонӣ сабақ медиҳанд.
Қ. Қӯзиев на танҳо омӯзгори кордону ӯҳдабаро, балки марди оромтабиат, меҳнатдӯст, падари ғамхор ва бобои дуогӯйи набераҳо мебошад. Дар қаторкӯҳҳои Нурато ягон мусобиқа ё тадбири варзишӣ нест, ки бе иштироки ин марди варзишдӯст гузарад. 
Омӯзгори рӯзгордида Қӯзибой Қӯзиев ҳамроҳи ҳамсари худ Башорат чор нафар фарзандро таълиму тарбияи нек доданд, ки ҳар яке дар ҳаёт роҳи зиндагии худро ёфта, баҳри рушди ҷомеа саҳмгузорӣ мекунанд. Волидон аз комёбиҳои фарзандон  болида, дар иҳотаи 9 нафар набера хушҳолона умр ба сар мебаранд.
Қӯзибой Қӯзиев ба синни камолот расидааст, ки ин водор месозад ҳосили заҳмату сабақаш афзунтар ва мутаассиртар гардад. Агар ба забони шоир гӯем:
Шарафманди ду олам бошад устод,
Аниси ҷумла одам бошад устод.
Агарчӣ зиндагиаш пурмашаққат, 
Хамӯшу собиру кам бошад устод.

Ф. ЙӮЛДОШЕВ
вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: