Таъмини рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, барқарории иқтисодӣ, пурзӯршавии ҷараёнҳои интегратсияи иқтисодӣ – ҳамаи ин ба сиёсати фаъоли инвеститсионие, ки дар кишварамон татбиқ карда мешавад, иртиботи ногусастанӣ дорад.
Дар таъмини рушди иқтисодӣ дар мамлакат инвеститсияҳои хориҷӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бобати ноил гардидан ба усулҳои пешқадами ташкили истеҳсолот, навсозии техникии он, омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ дорои аҳамияти муҳиманд. Бояд гуфт, ки он драйвери рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Баландшавии дараҷаи воридоти инвеститсияҳои хориҷӣ дар навбати худ ба дигаргуншавии мусбати иқлими инвеститсионӣ вобаста аст. Шарту шароити воридкунии инвеститсия, яъне иқлими инвеститсионӣ – ин мавҷуд будани маҷмӯи омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ мебошад, ки дараҷаи таваккалкории инвеститсиониро дар мамлакати мазкур муайян мекунад. Ин дар навбати худ барои ҷалби инвесторони хориҷӣ ҷозибадории сармоягузориро таъмин менамояд.
Чанде қабл дар Тошканд форуми байналхалқии инвеститсия баргузор шуда буд, ки он ба намоиши ҷозибадории инвеститсионӣ, шарту шароити барои инвесторони хориҷӣ фароҳамовардашуда, ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои истиқболноки минтақаҳои мамлакат нигаронида шуда буд.
Форуми якуми байналхалқии инвеститсионии (ФБИТ)-и Тошканд, ки 24-26 марти соли равон баргузор шуд, майдони муаррифии иқтидори инвеститсионӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон гардид. Дар гирдиҳамоии умумии форум Президент Шавкат Мирзиёев нутқ кард. Нутқи ӯ далели он буд, ки форуми мазкур барои иқтисодиёти мамлакатамон аҳамияти калон дорад. Қайд гардид, ки ин гуна форум дар кишварамон бори аввал баргузор мешавад. Дар он дурбини инвеститсионӣ ва инноватсионии кишварамон мавриди муҳокима қарор дода шуд, муаррифии имкониятҳои инвеститсионии кишвар, иқтидори иқтисодии соҳаву минтақаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории васеъмиқёс сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мамлакат, татбиқи ислоҳоти куллии иқтисодӣ, суботи иқтисодию сиёсӣ ва рушди иқтисодиёт инвеститсияҳои хориҷӣ нақши муҳим доранд. Дар форуми мазкур созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, аз 56 мамлакати ҷаҳон инвесторон, ширкатҳои пешбар ва меҳмонони олимартаба иштирок намуданд. Сессияҳои панелӣ ва суҳбатҳои ихтисосие, ки дар доираи форум баргузор шуданд, барои ҳамкориҳои пурсамар бо ширкатҳои хориҷӣ замина фароҳам оварданд. Дорои ҷозиба ва иқлими мусбати инвеститсионӣ будани мамлакат ба ҷалби ҳар чӣ бештари сармояҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Форуми васеъмиқёси мазкур, ки яке аз ҳодисаҳои муҳим дар олами тиҷоратамон маҳсуб меёбад, ба рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад ва дар ҷалби инвеститсия ба лоиҳаҳои устувор дар байни намояндагони доираҳои корчаллон ба сифати майдони робита хидмат мекунад.
Фирӯза
РАҲМАТУЛЛОЕВА,
дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро.
Аслиддин
АБДУЛЛОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро, доктори илмҳои иқтисодиёт (PhD).