ШАРОИТ ТАҚОЗО НАМУД, КИ ҶОЙИ КОРАМРО ДИГАР КУНАМ,

– мегӯяд духтури ҷавон Рустамҷон Сангинов

Дар бораи маҳорати хуб ва дастони сабуки пизишки бахши вилоятии Маркази тиббии ёрии фаврии ҷумҳурӣ Рустамҷон Сангинов борҳо суханҳои самимӣ шунидаам. Вай зодаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона мебошад ва Академияи тиббии Тошкандро бо тахассуси травматолог хатм кардааст. Пас аз як соли орденатура дар пойтахт барои кор ба бемористони марказии ноҳияи Сӯх омада,  бевосита ба фаъолияти худ оғоз намуд. Баъд барои идомаи кор бемористони марказии вилоятро интихоб кард.
– Ҳоло дар ду ҷо кор мекунам. Ғайр аз бахши вилоятии Маркази ёрии фаврии тиббии ҷумҳурӣ дар клиникаи хусусӣ низ бо муоинаву муолиҷаи беморон машғул ҳастам, – мегӯяд Рустамҷон Сангинов.
Дар бемористони марказии ноҳия барои соҳибони ин касб шароити созгор нест, маҳз барои ҳамин маҷбур шудам ҷойи корро иваз кунам. 
Баъзан зимни як қатор ҷарроҳиҳои фаврии шахсоне, ки ба қабул меомаданд, даступо мехӯрдам ва маҷбур мешудам онҳоро барои муолиҷа ё ҷарроҳӣ ба маркази вилоят фиристам. Аслан дар бемористони ноҳияи эксклав, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон аст, фароҳам овардани шароити мусоиди тиббӣ корест таъхирнопазир. Дар акси ҳол беморони зиёд маҷбур мешаванд марзи ду кишварро убур кардаву баъди тай намудани роҳи дурудароз худро ба маркази вилоят расонанд.
Пай бурдам, ки бо вуҷуди эҳтиёҷи зиёд чунин пизишкони соҳибкасбу бомаҳорат наметавонанд ҳамчун фарзанди ин марзу бум ба беморони он ба таври шоиста хидмат расонанд. 
Вай боз тазаккур дод, ки аз устодонаш Амиралӣ Каримов, Сумбулҷон Додобоев, Ғайратҷон Нурматов ва чанде дигарон таҷриба андӯхтааст.  Рустамҷон мегӯяд: 
– Баъди ба маркази вилоят гузаштанам ҳамкорон ранҷиданд. Аммо ҳамин ки шароити мусоиди кор фароҳам ояд, ҳатман дубора ба Сӯх бармегардам ва мардуми диёрамонро бо хидмати беминнат аз худ розӣ мекунам. 
– Ҳоло бо истифода аз фурсате, ки дар Фарғона ҳастам, таҷрибаи худро зиёд мекунам, – изҳор дошт дар поёни суҳбат Рустамҷон.
Ногуфта намонад, ки айни ҳол бемористони марказии ноҳияи Сӯх ба кадрҳои соҳибтаҷриба эҳтиёҷ дорад. Дар яке аз суҳбатҳо бо кормандони иттиҳодияи тиббии ноҳия шунида будам, ки он метавонад боз даҳҳо духтурони соҳаҳои гуногунро бо кор таъмин намояд. 

Шаҳзод ФАЙЗИДДИНОВ,
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: