ШАРОИТИ ХУБ «АММО» НИЗ ДОРАД

Мардум аз ибтидо то ҳол барои зиндагонии хуб кушиш менамоянд ва ин боиси ихтирову офаридаҳои нав ба нав дар соҳаи илму фан ва техника мегардад.

Аввалин нақлиёти ҷамоатӣ дар ҷаҳон баҳори соли 1662 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж ба кор даромадааст. Ин аробаи ба асп басташуда буд, ки ҳашт ҷой «омнибус» («барои ҳама») ном дошта, гирифта буд. Пас аз ин, дар дигар шаҳрҳо низ чунин аспу аробаҳо пайдо шуд, ки бо ороишоти хоси худ аз ҳам фарқ мекард. Дар асри ХХ омнибусҳо маълуму машҳур гардиданд.
Навовариҳои соҳаи нақлиёт натанҳо роҳи дури мардумро наздику бори  вазнинашонро сабук гардонд, балки ороишоту шароити фароҳами нақлиёти гуногунтамға ба онҳо завқу шавқи зиёд низ бахшид.
Пас аз ихтирои чарху ароба кору бори мардум сабуктар гардид, дар сафарҳои дуру дароз аспи аробадор – каретаҳо «ба кумак» меомаданд. Пайваста ба ин ҷиҳати роҳгардии «чаҳорпо»-ҳо роҳу пулҳо такмил меёфтанд.
Имрӯз бошад, ҳамаи ин ранги дигар гирифтааст. Афзалияту қулаиву дизайни автобус ё автомобилҳои истеҳсоли ватаниву хориҷӣ яке аз дигараш беҳтар аст.
Ба хусус, як сол пеш аз ин ба Тошкандшаҳр автобусҳои «гармошка»-дор оварда шуд, ки барои насли миёнсолу куҳансолон овони бачагиву ҷавониро ба ёд овард. Чунин автобусҳо чоряк аср пеш нафақат дар Тошканд, балки дар маркази вилоятҳо низ дар хидмати мардум буд. 
Дарозии чунин автобусҳои истеҳсоли Чин 18 метр буда, «King Long» ном дорад. Ғайр аз ин, «Yutong» ном электробусҳои 12 метра низ оварда шуд, ки ҷамъи шумораи онҳо беш аз ҳазор дона мебошад. Аксари онҳо тариқи нақлиёти боркашонӣ дар давоми 10-15 рӯз оварда шуд. Барои чунин автобусҳо ронандагонеро ба кор гирифтаанд, ки онҳо дар машқгоҳҳои махсус амалиёт гузарониданд. Ҷиҳати  ба монеа дучор нагардидани автобусҳои «гармошка»-дор дар истгоҳҳо корҳои тармиму таҷдидро азнав анҷом додаанд.   
Дар автобусҳои номбаршуда чӣ барои мусофирон ва чӣ барои ронандагон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, инчунин, камераҳои дохиливу берунӣ идоракунии нақлиётро осон гардонад, асбоби дар қисми болои ҳар як дари он насбгардида шумораи мусофиронро ба ҳисоб мегирад, ки он барои омӯхтани талаби аҳолӣ дар ҳамин самт, танзими ҷадвали самтҳо ва ба нақша гирифтани фосилаи байни автобусҳо кӯмак мерасонад. 
Кондитсионер, розеткаҳои USB барои қувватдиҳии телефони дастӣ дар ҳар қатор, нишастгоҳҳои махсус барои ногироҳо, занони ҳомилаву кудакдор низ аз ин ҷумла мебошанд. 
Бесабаб аз таъриху навовариҳои соҳаи нақлиёт ёдовар нашудем, чунки зери  муваффақиятҳои ин соҳа хидмату талошҳои чандин олимону коргарон нуҳуфта аст. Аммо қариб, ки ҳар рӯз тариқи  шабакаҳои иҷтимоӣ оиди садама (задухӯрд)-ҳои нақлиётӣ хабарҳо пахш мешаванд, ки дар баъзеи он номи автобусҳои зикркардаамон низ ба назар мерасад. Дар бораи ба ҷазо кашида шудани  ронандагоне, ки қоидаи ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, маълумотҳо низ дода мешавад, аммо ҳолати ногувор ҳанӯз давом мекунад.
Ба фикри ман низомеро бояд пурзӯр гардонд, ки тариқи он ба қоидаҳои одобу муошират риоя кардан ва масъулияти касбро чӣ гуна эҳсос намудани ронандагон пурра омӯхта шавад. Ва ба воситаи чунин низоми кор аз чунин ронандагон зарари моддиву маънавие, ки онҳо ба ҷамъият ва давлат расондаанд, ситонда шавад.
Дар солҳои аввали истиқлолият дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон мушкилоти зиёд ба назар мерасиданд. Бахусус, мардум аз норасоии нақлиёт азият мекашид. Мо он гоҳ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бухоро будем.  Донишҷӯёне, ки дар охири ҳафта бояд ба хонаашон баргарданд, саривақт ба истгоҳи марказии шаҳр рафта чипта мехариданд, аммо баъзан  аз бисёрии одамон ба автобус савор шуда натавониста, маҷбур мешуданд, ки азнав маблағ сарф карда, билети дигар харид кунанд...
Боре дугонаи шофиркониам ба автобусе савор шудааст, ки ронанда барои бештар ҷамъ кардани одамон автобусро зери офтоби тафсон нигаҳ медошт. Дугонаам бо машаққати зиёд ба автобус савор мешаваду баъди 5-10 дақиқа аз норасоии ҳаво аз ҳуш меравад. Азбаски аз бисёрии мардум ҷойи сӯзанзанӣ набуд, дугонаи азҳушрафтаам низ дар пойи худ рост меистод. Вақте ки чархҳои автобус ба ҳаракат даромад, аз туйнуки болои он ҳавои тоза меояду ҳуши дугонаам ба худаш.
Розия Шодиеваи вобкандӣ, ки  он солҳо донишҷӯйи  факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд буд, ҳоло низ  дандоншикании нақлиёти он замонро фаромӯш накардааст.
— Дар арафаи ҷашни Наврӯз, ки акнун барои васеътар ҷашн гирифтани он рухсат шуда буд, ба деҳаам рафтанӣ шудам. Чипта низ ёфт шуд, аммо он рӯзи муқарраргардида ба автовокзали ҳоло аз тармиму таҷдид тамоман ранги дигар гирифтаи «Тошканд» рафтам. Азбаски дар чипта ҷойи муқаррарии ман қайд нашуда буд, мисли чандин ҷавонон ман низ ба пой рост истода, сӯйи манзил мерафтам.  Албатта дар онҷо одамони меҳрубон зиёд  буданд, ки сари чанд вақт барои нишастан ба мо 20-30 дақиқа ҷояшонро медоданд, – мегӯяд Р. Шодиева.
Имрӯз ба ин гуфтаҳо боварии кас намеояд, чунки автобусҳои замонавии боҳашам, қатораҳои одиву тезгард ва ҳавопаймоҳои хурду бузург шабонарӯз дар хидмати мардум аст.
Албатта, барои чунин шароиту қулаиҳо аз ҳукумати кишвар  миннатдорем, аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳамаи ин арзиши моддии худро дорад ва мо онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, то насли оянда аз мо андоза гирифта, ба қадри хидмати ҳамватанон бирасанд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: