ШАРОИТИ ХУБ БАРОИ ХИЗМАТИ ТИББӢ

Дар асоси нишондод ва ғамхории сарвари давлатамон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ тадбирҳои судбахш амалӣ мегарданд.

Дар ин бобат, дар шаҳри Самарқанд як қатор объектҳои иҷтимоӣ ба истифода супурда шуданд.
Дар тадбире, ки ба муносибати кушода шудани бинои нави поликлиникаи оилавии рақами 4-уми шаҳри Самарқанд барпо шуд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов сухан кард.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ дар доираи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» 17 муассисаи табобатӣ-профилактикӣ ба истифода супурда шуданд. Инчунин дар асоси барномаи инвеститсионӣ 5 муассисаи табобатӣ-профилактикӣ сохта шуда, корҳои бунёдкорӣ амалӣ гардиданд, ки яке аз онҳо поликлиникаи оилавии рақами 4-ум мебошад. 
– Муассисаи мо дар соли 1954 чун поликлиникаи калонсолон ба фаъолият оғоз намудааст, – гуфт саршифокори муассиса Тӯлқин Сувонов. – Дар бинои кӯҳна барои хизмати зарурии тиббӣ шароит муҳайё набуд. Ҳоло дар муассисаи мо «Маслиҳатхонаи бонувон», мутахассисони соҳибихтисос, шуъбаҳои диагностикаи функсионалӣ  ва лаборатория мавҷуд буда, ба 45 ҳазор нафар аҳолии 25 маҳаллаи шаҳр хизмат мерасонад.   
Барои корҳои бунёдкории поликлиника, ки аз тарафи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маъруф сервис қурилиш»-и шаҳри Самарқанд амалӣ гардид, аз буҷаи давлат 3 миллиарду 610 миллион сӯм маблағ сарф карда шуд. Чунин поликлиникаҳо дар аксарияти гузарҳои Самарқанд ташкил ёфтанд.  

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: