ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ СОҲИБКОРОН

Бино ба қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо оиди фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар ислоҳоти маъмурияти андоз» аз 28 июни соли 2022, сабук кардани талабҳои соҳаи андоз, ҳамчунин, бо мақсади кам кардани сарбории андози субъектҳои соҳибкорӣ ва содагардонии фаъолияти соҳибкорӣ аз 1 июли соли 2022 ба биноҳои холӣ, майдонҳои бекорхобидаи истеҳсолӣ, иншооти ғайриистиқоматӣ, инчунин иншооти сохтмонаш нотамом тартиби татбиқи ставкаҳои зиёдшудаи андозҳои амвол ва замин, боздоштани имт

Инчунин, бино ба ин фармон, маблағи андозе, ки соҳибкорон аз рӯйи ставкаҳои афзояндаи андози амвол ва замин нисбат ба объектҳо ва қитъаҳои замини истифоданашуда мепардохтанд, дар худашон монд. Барои самаранок истифода бурдан аз ин маблағ ба соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, то 1 марти соли 2023 барои нишон додани кодҳои мушаххасе, ки ба номенклатураи молу хидматҳои гирифташуда, инчунин бино ба хусусият ва намудҳои фаъолияте, ки ба ҳисоб-фактура ё мошинҳои назоратӣ мувофиқат намекунанд, ҷаримаи молиявӣ ситонида намешаванд. 
Пешбинӣ шудааст, ки баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, дороиҳои ғайримоддӣ ва захираҳои моддӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, яъне харид ва сохтан, ба кор андохтан, азнавбаҳодиҳӣ, тасарруф намудан, инчунин ба қайд гирифтани тамоми амалиёти вобаста ба ташаккул ва кам кардани фонди оинномавии онҳо дар сохтори иттилоотии «Е-фаъол»-и мақомоти андоз ихтиёрист. 
Аз 1 июли соли 2022 ба субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ҳамчун супорандагони ҳатмӣ аз арзиши иловагӣ эътироф шудаанд, бидуни нишон додани дараҷаи хавфи андоз ба тарзи автоматӣ шаҳодатномаи ба қайдгирии махсус оид ба андоз аз арзиши иловашуда дода мешавад. 
Ҳамзамон ҳангоми мониторинги фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти андоз  ва муайян намудани ҳолатҳои хавфи андоз ҳангоми гузарондани мониторинг ба боздоштани амали шаҳодатномаи бақайдгирии махсус оид ба андоз аз арзиши иловашуда асос мегардад.
Дар ин ҳолат амали шаҳодатномаи бақайдгирии махсус оид ба андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандагоне, ки дараҷаи хавфи андоз доранд, танҳо дар он сурат боздошта мешавад, ки пас аз панҷ рӯзи ирсоли огоҳномаи мақомоти андоз ба субъектҳои соҳибкорӣ, камбудиҳо бартараф карда нашуда бошанд. Дар ин маврид пешбинӣ шудааст, ки амалиёти анҷомдода ба номенклатураи моли хариду фурӯш мувофиқат намекунад ё дар суроғаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда мавҷуд нест. 
Аз ҷониби Президент дар кишвари мо ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорӣ супориш дода шуд, ки  масъалаҳои муҳокимагардида дар Шӯрои ҷамъиятии субъектҳои соҳибкории назди Кумитаи давлатии андоз, ки аз намояндагони доираҳои илмӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст, ба Кумитаи давлатии андоз ва вазорату идораҳои дахлдор дар ҳар се моҳ ба Девони Вазирон пешниҳодҳо ворид намоянд.
Аз фармон бармеояд, ки дар давраи ислоҳоти идораи андоз фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони мамлакат талаби замон мебошад.

Бародар РАҲИМОВ,
корманди шуъбаи адлияи ноҳияи Тошканди вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: