«ШАРТИ ИНСОФ НАБОШАД, КИ ТУ ФАРМОН НАБАРӢ...»

Вақте дар кӯчаву бозори шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон – Самарқанду Бухоро гаштугузор мекунед, дар ҳар қадам сухани тоҷикӣ ба гӯш мерасад, дар суҳбатҳои давра бошад абёти ҳикматомези шоирони классик садо медиҳанд.

Дар пойтахти кишвар ҳарчанд рӯзномаи ҷумҳуриявие бо номи «Овози тоҷик» интишор меёбад, вазъият дигаргуна аст. Ин ҷо дар кӯчаву гузарҳо агар нафаре сухани тоҷикӣ гӯяд ё шеъри тоҷикӣ хонад, зуд мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.
Боре дар хонаи бошандаи ноҳияи Яшнободи пойтахт – Азизаапаи сӯхӣ, ки хони неъмат ороста буд, чунин ҳолат рух дод. Баъди зиёфат марди тануманде ба арвоҳи гузаштагони хонадон аз Қуръон порае тиловат карду ҳозирон даст ба дуо бардоштанд. Азизаапа ӯро ба мо, моро ба ӯ муаррифӣ кард. Маълум шуд, ки номи эшон Мурод будааст. Муродака дар рафти суҳбат чанд байт аз Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз хонду онҳоро шарҳ дод. Дар давра аз он ки бародарони ӯзбек низ ҳузур доштанд, шарҳи  байтҳо ба забони ӯзбекӣ сурат гирифт. Он рӯз ба шарофати ӯ аҳли нишаст аз абёти зерини Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ як ҷаҳон маънӣ бардоштанд:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,   
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд ниҳанд номат одамӣ. 

Дар он суҳбат одоби муошират имкон надод бипурсам, ки ӯ соҳиби чӣ касбу кор аст. Вале ҳадс задам, ки  маълумоти олӣ дорад. Чанде қабл иттифоқ афтод, ки бо ӯ суҳбати доманадоре анҷом диҳам. Ошкор гардид, ки дар хоҷагии ҷамоавии Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон)-и  Тоҷикистон дида ба дунё кушода будааст. Падараш ӯзбек асту модараш тоҷик, яъне фарзанди ду халқ мебошад. Бале, халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки аз замонҳои хеле қадим дар як сарзамин ба сар мебаранд, мисли фарзандони як оилаанд. Урфу одат ва анъанаҳояшон муштарак аст, танҳо дар забон ҷудоянд. Дар минтақаи мо чунин фарзандон хеле зиёданд, ки нуқтаҳои пайванди ду халқанд, зуллисонайнӣ (дузабонӣ) ба онҳо хеле мезебад. Муродака дар қатори милёнҳо нафар шаҳрвандони ду ҷумҳурии бародар хеле мамнун аст, ки гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардиданд, халқҳои решапайванд ба кишвари якдигар рафтуои озод доранд.
– Хабари боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадиро шунида ашки шодӣ дар дилам ҷӯш зада, аз чашмаҳои чашмам берун омад. Ғайриихтиёр садоям баланд шуд: «Мешудааст-ку!» Ин ҳодисаи сурурбахши таърихӣ, ки сабабгораш сарони дурандеши ду давлатанд, як умр аз лавҳи ёди халқҳои тоҷику ӯзбек сутурда нахоҳад шуд,– гуфт ӯ дар рафти суҳбат. – Баъди даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, соли 1992 сокини ноҳияи Чилонзори пойтахт гардидам.
– Чаро Шумо ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ номидед?
– Зеро коргардонҳои  саҳнаҳои хунрез дар хориҷи кишвар буданд, оташи низоъро ангехта, бар дӯши халқи табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик он ҷанги харобиоварро бор карданд...
– Соли сипаригардида аз суҳбати бамаънӣ ва шеърхониҳоятон натиҷа гирифтам, ки хатмкардаи кадом як донишкада ё донишгоҳед...
– Дар Донишгоҳи исломии Тошканд се сол таҳсил кардам, вале бино бар дасткӯтоҳӣ таҳсилро идома дода натавонистам. Он солҳо зиндагӣ осон набуд. Худро ба тиҷорат задам...
– Дуруст гуфтед, солҳои аввали истиқлолиятро ба даст даровардани ҷумҳурӣ барои ҳама осон набуд. Муродака, Шумо инсони тақводор ҳастед ва то ҷое маърифати исломӣ доред. Сарвари мамлакатамон соли сипаригардида аз минбари СММ дини мубини исломро ҳимоя кард. Бо пешниҳоду ибтикороти ӯ дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ озмуни қориёни Қуръон сурат гирифт, дар пойтахти кишвар Маркази тамаддуни исломӣ, дар Самарқанд Маркази байналхалқии илмию тадқиқотии Имом Бухорӣ, ки он ҷо ҷавонон бояд аҳодиси набавӣ ва осори уламои диниро амиқ биёмӯзанд,  созмон дода мешавад. Шумо ба сифати як  шаҳрванди қаторӣ ин падидаҳоро чӣ хел қабул кардед?
– Фикр мекунам, ки аз ин чорабиниҳо мусалмонони ватаниву хориҷӣ хеле хушҳол гардиданд. Пӯшида нест, ки дар ин дунёи ноором баъзе ҷавонони ҷоҳили мо ба аҳзобу гурӯҳҳои террористие, ки дини исломро ниқоб кардаанд, гаравида ба кӯчаҳои сарбаста ворид мешаванд. Мегӯянд: «Алайҳи ҷаҳолат танҳо бо маърифат метавон мубориза бурд», ки ҳақ асту рост.
Дар баромади хеш аз минбари СММ сарвари мамлакатамон гӯё ин байти машҳури Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ: «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост»-ро бори дигар ба самъи оламиён расонд. Чорабиниҳои мазкур, ба фикрам, ба мусаллаҳ гардидани ҷавонони мо  бо донишҳои исломӣ нигаронида шудаанд. Зеро оне, ки маърифати исломӣ дорад, ба «ҷиҳод»-ҳои бемаъние, ки ба куштору хунрезӣ раҳнамун месозанд, фирефта намешавад.
Дар Қуръони маҷид куштору хунрезӣ гуноҳи азим ҳисобида шудааст. Танҳо чашми сари ҷавононе, ки имрӯз тавассути дигар мамлакатҳо ба Сурия ва дигар кишварҳои мусалмон гӯё барои «ҷиҳод» мераванд, биност, вале чашми дилу ақлашон кӯр аст. Онҳо ба  долларҳое, ки  барои «ҷиҳод»-ашон дода мешаванд, фирефта мегарданд. Қуръон инсонро ба қаноат, сабру таҳаммул ва меҳанпарварӣ даъват менамояд. Агар онҳо аз ин ҳикматҳои Қуръон бохабар мебуданд, дар кишварҳои бегона ба хорӣ ҳадафи тири сӯзон қарор намегирифтанд. Бояд гуфт, ки бо шуғл ва маоши сазовор фаро гирифтани ҷавонон низ, ки рӯйи эътибори роҳбарияти давлат ба он нигаронида шудааст, то ҷое садди роҳи муҳоҷирати ҷавонон  мегардад.
– Ба фикри Шумо, боз бо кадом роҳҳо ба донишҳои исломии ҷавонон метавон афзуд?
– Дар ибтидои садаи ХХ, вақте маорифпарварону ҷадидон дари мактабҳои навро мекушоданд, дар чунин мактабҳо таълими илмҳои диниро манъ накардаанд. Танҳо онҳо хостаанд, ки дар мактабҳои нав илмҳои дунявӣ низ таълим дода шаванд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Сино, Имом Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Абдураҳмони  Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Улуғбек барин шоиру алломаҳои Шарқ ҳама маърифати исломӣ доштанд. Чаро мо дар пайравӣ ба онҳо бо эҷоду ободонӣ   ва кашфиёту некӯкорӣ машғул нашавем? Дар он андешаам, ки вохӯриву мулоқоти олимон ва намояндагони дин бо падарону модарон, талабагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо суди зиёде дар пай дорад...
Воқеан мулоқот бо мардум ва донишмандоне, ки дар байни  халқ мисли зарпораҳо дурахшида меистанд, судбахш аст. Иҷониб то мулоқот намедонистам, ки сокини ноҳияи Яшнободи пойтахт – Муродака Хушвақтов як олами дар худ пӯшида аст. Қабл аз бо қаноатмандии зиёд ба суҳбат хотима гузоштан, аз ӯ хоҳиш намудам, ки боз як пора зар – байти маънибореро аз сандуқи зеҳнаш бароварда шарҳ диҳад.
Ӯ бо камоли майл ин сатрҳои Саъдиро ба забон овард:
Абру боду маҳу хуршеди фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат нахурӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

–Яъне?
–Яъне, барои он ки ту (Инсон) нонеро ба каф оварда дар ғафлат (ноогоҳона) нахурӣ, ҳама ҷирмҳои  осмониву заминӣ – абру боду маҳу хуршед... дар пайи коранд (дар ҳаракатанд), эй нигини ангуштарини ҳастӣ – Инсон чун ҳама ба хотири Ту саргаштаву фармонбардоранд, шарти инсоф нест агар Ту бо шукру сипос итоат накунӣ. 
Дар ҳеч замон қимати ин нигин коста нагардад, осмони кишварамон беғубор, сокинони он бахтиёр бошанд, – дуо кард дар хотима қаҳрамони мо.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: