Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки ҷазоро дар ҳабсхонаҳо гузаронида, барои кирдорашон аз таҳти дил тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд»

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фармон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки ҷазоро дар ҳабсхонаҳо гузаронида, барои кирдорашон аз таҳти дил тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо гузошт.

Бо фармон мувофиқи боби 23-юми моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 58 нафар шаҳрвандоне, ки надониста ҷиноят содир намуда, муҳлати ҷазоро мегузаранд, вале аллакай  бинобар кирдорашон сидқидилона тавба карда, қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, омурзида шуданд.
Аз ҷумлаи омурзидашудагон 41 нафар шартан – пеш аз муҳлат аз ҷазо озод карда, ҷазое, ки нисбати 3 нафар таъин шудааст, ба ҷазои нисбатан  сабук табдил дода мешавад, хулоса, аз муассисаҳои иҷрои ҷазо 44 нафар озод карда мешаванд. Ғайр аз ин муҳлати ҷазо дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан, ки нисбати 14 нафар таъин гардида буд, ихтисор карда мешавад.
2 нафари омурзидашудагон занон ба шумор мераванд.
Ин рӯйдод таҷассуми амалии дар мамлакати мо татбиқ гардидани сиёсати инсонпарварӣ, ҳамчунин нишонаи сифатҳои неки халқи мо, аз ҷумла кушодадилӣ, ҳусни тараҳҳум, некӣ ва меҳру мурувват ба шумор меравад.
Дар доираи татбиқ намудани фармон ба вазорату идораҳои масъул супурда шуд, ки нисбати шахсоне, ки ба оила ва назди қарибони худ бармегарданд, баҳри мутобиқати иҷтимоӣ, ба меҳнати фоиданок ҷалб намудан, интихоб кардани тарзи солими ҳаёт ва мақоми сазовори худро дар ҷамъият ёфтанашон кӯмак расонанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: