Деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз дар домани силсилакӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шуда, бо ҳавои софу манзараҳои дилфиребаш бинандаро мафтун месозад.
Макони зисти мардуми деҳа, ки дар оғӯши дарахтзорон, хоса чормағзҳои бузург аст, агар аз дур назора шавад, ба ҷангалзори анбӯҳ шабоҳат дорад. Ин дарахтзорон маҳсули меҳнати тӯлонии аҷдоди заҳматкаши мост. Меҳмонони деҳа, шояд фикр кунанд, ки деҳа оби фаровон дорад, ки чаҳор фасли сол мунтазам ҷорист. Сарсабзии мазраъҳо ва комилан дар иҳотаи дарахтон қарор доштани Сарчашма онҳоро ба ин фикр водор месозад. Сад ё дусад сол муқаддам бошандагони деҳа бо истифода аз оби чашмаҳои Зӯлоб,Оби гармак, Қулмаҳмад, Карсончашма, Паттӣ, Ҷобир, Конҷок, Тарнов, Ӯлар хоҷагиҳои худро обод мекарданд. Аммо аҳолӣ сол аз сол зиёд шуда, талабот ба об афзуд. Мардуми деҳа аз пайи ҳаллу фасли ин мушкил шуданд. Онҳо ба кандани ҷӯйҳо машғул гашта, дар ин бобат басо кордониву ҷасорати фавқулода нишон доданд. Ҳоло корнамоиҳои гузаштаи худро аҳли Сарчашма бо некӣ ёд мекунанд ва умедворам, асло фаромӯш нахоҳанд кард.
Ҳар гоҳ масъалаҳои ҷӯйканӣ ва навбати об пеш оянд, сокинон ногузир қаҳрамонҳои худро ба ёд меоваранд, заҳмати онҳоро ситоиш мекунанд. Ҳамин тавр, Сарчашма бар ивази машаққати фаровони гузаштагони баору номусаш соҳиби шаш ҷӯй гаштааст, ки кунун ба сарсабзии ин хок мусоидат мекунанд. Ин ҷӯйбор Шоҳюртӣ, Қурбони Рабеъ, Ҷӯйи кӯҳнаи Ҳачча, Ҷӯйи нави Ҳачча, Ҷӯйи Бурсбутто ва Ҷӯйи Сепоя ном дошта, ба роҳи ҳашар канда шудаанд ва ҳар кадом таърихи аҷибе доранд.
Ҷӯйи Шоҳюрти
Норасоии доимии об мардуми деҳаро водор месохт, ки барои кандани ҷӯйҳо азм кунанд. Чашмаҳои атроф ниёзи мардумро танҳо ба оби ошомиданӣ таъмин мекарданд. Аммо дар шароити кӯҳистон аз масофаи дур ҷӯй канда, ба заминҳои лабташна об овардан як кори хеле душвор аст. Ба хусус дар замонҳои пеш, ки олоти меҳнат тараққӣ накарда буд. Ҳарчанд баъдан техникаҳои девкор пайдо шуданд, истифода аз нерӯи онҳо дар кӯҳистон комилан маҳдуд буд.
Вакил ном ҷавоне, ки дар сохтмони роҳҳои оҳани подшоҳи рус Николай II солҳои 90-уми асри ХIХ дар Осиёи Миёна чун мардикор иштирок карда буд, ба зодгоҳаш – Сарчашма баргашта, мебинад, ки аҳолӣ аз камобӣ азоб мекашанд. Баъзан аз талоши об хонаводаҳо сурху сафед мешуданд, гиребони якдигар мегирифтанд. Ӯ бо асбоби меҳнатӣ, ки дар сохтмони роҳи оҳан истифода бурда, ҳоло бо худ оварда буд, озими кӯҳистон мегардад. Сари «Чашмаи Шоҳюрти» омада, тарҳи кандани ҷӯйро мекашад. Халқ ба азми ӯ бо шубҳа нигариста, муроҷиаташро барои кумак рад мекунанд. Вакил ночор тани танҳо ба кандани ҷӯй машғул мешавад. «Чашмаи Шоҳюрти» назар ба нақлҳои мардумӣ макони фароғати шоҳон будааст ва мегӯянд, ки ҳатто Амир Темур ҳам он ҷо истироҳат кардааст. Аз ин рӯ, мардуми маҳаллӣ чашмаро «Шоҳюрти» номидаанд.
Пас аз чанд фурсат бародарони Вакил барои хабаргирӣ мераванд ва азизи худро дар ҳоли низоре меёбанд. Вай аз меҳнати сахт хеле лоғар шуда буд. Бародарон Вакилро ба деҳа меоранд. Шахсони обрӯманди деҳа мебинанд, ки Вакил як худаш қисми асосии ҷӯйро кандааст, бинобар ин дар оғози фасли баҳор ба кандани ҷӯй ба тарзи оммавӣ шурӯъ мекунанд. Аммо ба харсанги калоне дучор омада, дар бартараф кардани он оҷиз мемонанд. Аз байн боз чанд соли дигар мегузарад ва яке аз сокинони деҳа, ки усто Олим ном доштааст, ба назди Ҳайитбойбача, Раҷаббоқибой, Зокирчармгар ва Қурбонбой, ки одамони давлатманду саховатпешаи деҳа буданд, меравад ва аз онҳо ёрӣ мепурсад. Онҳо розӣ мешаванд, ки барои ҳашарчиён хӯрок ва маҳсулоти заруриро муҳайё созанд. Усто Олим ғаллаи аз аҳолӣ ва саховатпешагон ҷамъкардаашро дар осиёи Ҳасани Абду орд мекунад. Ҳасани Абду гандумро бе музд орд карда медиҳад. Оҳангарони деҳа Усто Шер, Усто Дарвеш, Усто Ҷумъабой сохтан ва таъмир кардани асбобҳои кориро ба ӯҳда мегиранд. Усто Олим барои гирифтани дуо назди пири маънавии деҳа – Эшони Абдулҳақбобо меравад, ки дар деҳаи ҳамсояи Ғелон зиндагӣ мекард. Эшони Абдулҳақбобо ба деҳа омада, ба халқ муроҷиат мекунанд, ки дар кори савоби кандани ҷӯй фаъолона иштирок кунанд. Мардум аз суханҳои пири маънавии худ илҳом гирифта, пагоҳии рӯзи дигар ба кандани ҷӯй сар мекунад. Дар кандани ҷӯй саҳми муйсафедони деҳа Абдурауф, Нарзиқул, Ӯрин, Насриддин ва бобои Ҷумъа назаррас будааст. Ҷӯй бо тарзи ҳашар дар давоми 31 рӯз канда ба истифода дода мешавад. Ин воқеаи барои мардуми Сарчашма фараҳбахш тахминан аввали солҳои 1900 рӯй додааст...
Ҷӯйи Қурбони Рабеъ
Ин ҷӯй соли 1913 бо ташаббус ва роҳбарии Қурбони писари Рабеъ канда шудааст. Мегӯянд, ки Қурбон ҷавони пурқуввату далере будааст. Ӯ солҳои 1910-1912 дар сохтмони роҳи оҳан, ки хатти охирони он ба истгоҳи Китоб мерасид, кор карда, хеле обутоб ёфта ва таҷрибаи меҳнатӣ ҳосил карда буд. Вай пас аз ба деҳа баргаштан барои кандани ҷӯйи нав камари ҳиммат мебандад. Аҳолии деҳа таҳти роҳбарии Қурбон ин ҷӯйро дар муҳлати як моҳ мекананд. Ҷӯйи мазкур мардумро муваққатан бо об таъмин мекард ва бо қатъ гардидани оби тарма беоб мемонд. Пас аз солҳои 30-юми асри ХХ аз ин ҷӯй истифода намебурданд. Танҳо моҳи июли соли 2003 ҷӯйбори Қурбони Рабеъ дубора фаъол гашт. Аҳолии деҳа ҷӯйи Сепояро канда ба итмом расонид, ҷӯйи Қурбони Рабеъро аз нав таъмир карда, ҳамчун давоми ҷӯйи Сепоя дар хидмати худ қарор дод.
Ҷӯйи куҳнаи Ҳачча ё Ҷӯйи Сӯзангар
Ҷӯйи Ҳачча бо ташаббус, ёрии моддӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи шахси саховатманди деҳа Раҷаббоқӣ арзи вуҷуд кардааст. Он тӯли ду моҳи соли 1883 бо роҳи ҳашар канда шудааст. Ҳашарчиёнро Раҷаббоқӣ ва Чоршанбе ном бойҳои чорводор бо гӯшт ва дигар маҳсулоти зарурӣ таъмин кардаанд. Ҷӯйи мазкур аҳолии деҳаи Сарчашмаро то соли 1941 бо об таъмин намудааст. Баъди оғоз ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон аксари мардон ба фронт сафарбар шуданду таъмири ҳарсолаи ҷӯй ғайриимкон гардид ва дар натиҷа ин ҷӯйбор аз истифода монд. То ҳол нишонаҳои хати куҳнаи ҷӯйи мазкур вуҷуд дорад.
Ҷӯйи нави Ҳачча
Роҳбари гурӯҳи ҷӯйканон дуредгар Раҷаб Ғафуров (равонаш шод бод!) будааст. Вай 1-уми июли соли 1930 дар деҳаи Қизил-Эмчак (Сарчашмаи ҳозира) таваллуд меёбад. Соли 1931 бо аҳли оила аз деҳа бадарға мешавад. Чунки падараш бобои Ғафур осиёи обӣ дошт ва чун унсури зиддидавлатӣ ба рӯйхати сиёҳи зимомдорони замон афтода буд. Оилаи Ғафуровҳо дар деҳаи Темурчии ноҳияи Шаҳрисабз зиндагонӣ мекунанд. Соли 1950 боз ба Сарчашма кӯчида омада, чун устои дуредгар ном мебароварад. Солҳои 1970-1971 барои кандани ҷӯйи қитъаи Амончеб, солҳои 1975-77 дар кандани ҷӯйи Ҳачча саркор ва роҳбари асосии гурӯҳ мегардад.
Ба нақли мӯйсафедон, солҳои 70-уми асри ХХ бинобар дар хоҷагӣ зиёд гардидани аҳолӣ ва заминҳои кишт талабот ба об меафзояд. Ба ин мақсад соли 1974 гурӯҳи корӣ барои пешакӣ муайян намудани хароҷот ва лоиҳаи ҷӯй ба кӯҳи Ҳачча баромада, ба хулосае мерасанд, ки ҷӯйро дар шароити душвори кӯҳистон фақат бо қувваи даст кандан лозим аст. Бурдан ва истифода аз техника имкон надошт. Тамоми зимистон олоти кориро тайёр мекунанд.
14-уми майи соли 1975 ба кандани ҷӯйи нав оғоз мекунанд, ки манбаи оби он чашмаи Қӯқош буд. Кор бо душворӣ сурат мегирифт. Аҳолӣ барои кандани ҷӯй ёрӣ мерасониданд. Ҳолдонон меҳнати шахсони дилсӯз Рамзиддин Фатҳуллоев, Муҳаммадӣ Нурқаев, Норхол Қаюмов, Абдулло Юлдошев, Шералӣ Муродалиев, Гулмат Эгамов, Раҷабалӣ Дарвешов, Раҳмат Сафаров, Абдуҳалим Камолов, Гулмат Нарзиқулов, Ҷаббор Шарипов, Қурбон Султонов (шодравон), Бойкелдӣ Маҳмадқулов, Артуқ Фармонов, Ҳабиб Насриддинов ва Парда Таибовро то ҳол ситоиш мекунанд. Барои таъмири асбобҳои ҷӯйканӣ хидмати устои оҳангар Аҳмад Насриддинов калон будааст. То анҷоми кори ҷӯйканӣ тӯли 3 сол ба бисёр душвориҳо сарбасар омаданд. Аз тарафи коркунони хоҷагии ҷангал таҳдид шуд, ки барои зарар расонидан ба олами наботот ҷӯйканон ҷарима хоҳанд пардохт. Ҳатто раиси хоҷагӣ Намоз Чоршанбиев, ки дар кандани ҷӯй иштирок намуда, натавонист дар бюрои комитети партиявии ноҳия ширкат кунад, «выговор» гирифт. 25-уми августи соли 1977 кандани ҷӯй бомуваффақият ба анҷом расид. Дарозии он 7800 метр буда, аз оби вай заминҳои кишти деҳоти ҳамсоя ба монанди Тамшуш, Манқалхона, Говкушак, Ёли Шодмон, Тега, Ёли Мулло Ниёз ва ангори Таги Мурӯди деҳа обёрӣ мешаванд.
Ҷӯйи Бурсбутто
Таърихи пайдоиши ин ҷӯйборро аз забони ташаббускор ва роҳбари ин кор Шариф Набиев (равонашон шод бод!) шунидаву навиштаам. Соли 1977 пас аз анҷоми кори ҷӯйбори Ҳачча чӯпони хоҷагӣ Қӯрбой Ёров ба вай маслиҳат медиҳад, ки агар аз Бурсбутто ҷӯйи нав канем, об бештар мешавад. Ҳамин тариқ, масъалаи кандани ҷӯйи нав дар байни мардум гарм шуд. Аз соли 1977 то 1984 Шариф Набиев ва дигар ташаббускорони ин кори савоб (Раҳмон Нуралиев, агроном Карим Суянов, Хӯҷақул Дӯстов, Шералӣ Алиев, Бобоҷул Рустамов, Абдулло Султонов ва Абдуҷаббор Элов) чандин маротиба ба сари чашмаи Бурсбутто мераванд ва тарҳи ҷӯйи навро мекашанд.
Ба ин мақсад аз 4 бригадаи кишоварзон, ки дар деҳа амал мекард, дар маҷмуъ 16 каси нерӯмандро барои кандани ҷӯй сафарбар мекунанд ва шахси чашмикордон Зайниддин Фатҳуллоевро сардор таъин менамояд. Кандани ҷӯй 24 августи соли 1984 оғоз меёбад. Аммо ин кори савоб ҳам ба мамонияти хоҷагии ҷангал рӯбарӯ гашт ва пас аз даводави зиёд мардуми сарбаланди Сарчашма муваффақ гаштанд, ки 11-уми сентябри соли 1988 ба кандани ҷӯйбори Бурсбутто хотима диҳанд ва обро ба самти деҳа ҷорӣ созанд. Об ба дараи Зоки Калон ворид гардид. Дарозии ин ҷӯй 3250 метрро ташкил медиҳад. Пас аз он, ки об ба дараи Зоки Калон дохил шуд, бо воситаи ҷӯйи дигар, ки бо булдозер канда шуд, 25 сентябри соли 1988 ба деҳа расид. Дарозии умимии ҷӯйи Бурсбутто 7 километрро ташкил медиҳад.
Ҷӯйи Сепоя
Мӯйсафедони Сарчашма мегӯянд, ки лойиҳаи кандани ҷӯйи нав аз доманаи кӯҳи Сепоя солҳои душвори пас аз ҷанг (1947) ба миён омада будааст. Раиси хоҷагӣ Намоз Ҷамолов бо ҳамроҳии фаъолон ва оқсақолон Ҳасан Чоршанбиев,Тош Бобоев, Нор Тилаков, Азиз Авазов, Сафар Гулматов ба мақсади дида омадани манбаи об ба кӯҳи Сепоя мебароянд. Азбаски солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аксарияти мардони деҳа ба фронт рафта барнагаштанд ва як қисми онҳое, ки аз фронт баргашта буданд, маъюб буданд, нерӯи корӣ барои кандани ҷӯй шадидан намерасид.
Намояндагони халқ ба хулосае омаданд,ки кандани ҷӯйи Сепоя, ки хараҷоти зиёд дорад, мавқуф гузошта шавад. Ин гуна имконият фақат охири солҳои 90-уми асри ХХ ба вуҷуд омад. Соли 1997 бо ташаббусу пешниҳодоти директори хоҷагии давлатии «Оқдарё» Зиёдулло Латипов, мудири бахши Сарчашмаи он Мамасаид Яхшиев кандани ҷӯйи Сепоя оғоз ёфт.
Маъмурияти хоҷагии давлатӣ таъминоти коркунону хизматчиёни доимии ҷӯйро бо моҳона, хӯрокворӣ ва асбобу анҷоми зарурӣ ба ӯҳда гирифт. Кандани ҷӯй 4 июли соли 1997 оғоз ёфта, то 29 июли соли 2001 давом кард. Дар давоми 4 сол аҳолӣ аз усули ҳашари умумӣ истифода мебурд, бо навбат ва гурӯҳ-гурӯҳ дар кандани ҷӯй иштирок мекарданд. Махсусан, муаллимони мактаб дар рӯзҳои истироҳату давраи таътил фидокорона хидмат мекарданд. Дарозии ҷӯйи Сепоя то саршавии Ҷӯйи Қурбони Рабеъ, ки давоми ин ҷӯй ба ҳисоб мерафт, 6000 метр мебошад. Ин ҷӯй манбаи асосии об барои деҳаи Сарчашма ба ҳисоб меравад ва 100 гектар замини атроф бо оби он шодоб мегардад...
Корнамоиҳои мардуми меҳнатдӯсти деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё дар роҳи обод кардани макони зисти худ боиси ифтихор ва ҳар гуна сутуданҳост. Оре, агар мардум аҳл гардад, ҳаллу фасли ҳама гуна мушкилот саҳл хоҳад шуд.
Баҳром ЧОРШАНБИЕВ,
омӯзгори собиқадор аз деҳаи Сарчашмаи
ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.