ШАШ НАФАР ОЛИМИ ҶАВОН СОҲИБИ 400 МИЛЛИОН СӮМИНА МУКОФОТ ШУДАНД

Дар Вазорати рушди инноватсионӣ маросими мукофотонидани олимони ҷавон, ки дар самти чаҳор фанни пойгоҳи маълумотҳои «Scopus»– математика, геология, биология ва кимиё соҳиби индекси баландтарини Хирш шудаанд, баргузор гардид.

Дар Вазорати рушди инноватсионӣ маросими мукофотонидани олимони ҷавон, ки дар самти чаҳор фанни пойгоҳи маълумотҳои «Scopus»– математика, геология, биология ва кимиё соҳиби индекси баландтарини Хирш шудаанд, баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, маданият ва варзиши Сенати Олий Маҷлис Дилором Тошмуҳаммедова, вазири рушди инноватсионӣ Иброҳим Абдураҳмонов, олимони ҷавон, муҳаққиқон, аъзои Академияи ҷавонон, проректорони донишкадаҳои олӣ иштирок карданд.
Бинобар ҷамъбасти пойгоҳи маълумотҳои байналхалқии илмии «Scopus» дар соли 2020 як нафарӣ оид ба фанҳои математика, биология, кимиё ва геология олимони ҷавони то 40-сола, ки ба индекси баландтарини Хирш мавафақ шудаанд, бо мукофоти якдафъаина ба миқдори 100 миллион сӯм тақдир кардан пешбинӣ шуда буд.
Барои ба тарзи шаффоф ва ошкоро муайян кардани соҳибони мукофот бо ширкати ахбору таҳлилии «Elsevier»-и Нидерландия, ки асосгузори пойгоҳи «Scopus» ба шумор меравад, ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Мувофиқи муоҳида ширкат дар бораи олимони ҷавоне, ки соли 2020 ба индекси Хирш пешбарӣ шудаанду дар Ӯзбекистон фаъолият доранд, маълумот пешниҳод кард.
Мувофиқи он Аброр Худойбердиев (Н-индекс-9), ки дар самти математика тадқиқоти илмӣ мебарад, бо 100 миллион сӯм, Обид Турсунов (Н-индекс-14), ки дар соҳаи кимиё тадқиқот дорад, бо 100 миллион сӯм қадр карда шуданд. 
Улуғбек Абдуфаттоев (Н-индекс-6) ва Тоҳир Бозоров (Н-индекс-6),  ки дар соҳаи биология ба натиҷаҳои хуб муваффақ шудаанд, бо 50 миллион сӯмӣ мукофотонида шуданд. 
Дар соҳаи геология бошад, Шамшодбек Акмалов (Н-индекс-5) ва Элёр Тошматов (Н-индекс-6) ғолиб дониста шуданд ва низ бо 50 миллон сӯмӣ тақдир гардиданд. 
– Мукофотонидашудагон олимоне мебошанд, ки бинобар индекси Хирш ба натиҷаҳои баланд муваффақ гардидаанд, – мегӯяд вазири рушди инноватсионӣ Иброҳим Абдураҳмонов. Дар самтҳои биология ва геология бинобар он ки натиҷаи тадқиқоти ду нафар мусовӣ буд, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, мукофот баробар тақсим гардид. Чунин тарзи мукофотонӣ минбаъд анъана мешавад ва ҳар сол миқдори самтҳои мукофотонӣ меафзояд. 
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо нисбати шуғл бо илм ва тадқиқоти илмӣ манфиатдорӣ пайдо шуд. Мукофти мазкур низ собит месозад, ки кас метавонад бо шуғл ба корҳои илмӣ низ ба комёбиҳои баланд муваффақ гардад. 
«Scopus» яке аз платформаҳои бонуфузи рейтингии илмиву таҳлилии ҷаҳон ба шумор меравад. Барои дар ин ҷо соҳиби ҷой шудан навиштани мақолаҳои илмӣ тақозо мегардад. Барои дар рейтинг соҳиби  холҳои зиёд шудан ба мақолаи илмӣ бояд истинод оварда, он дар маърӯзаҳои олимон ба забон гирифта шавад. 
Истинод ба мақола маънои дар ҷомеаи илмӣ воқеан муҳим будани онро нишон медиҳад. Индекси Хирш бошад, нишондиҳандаи самаранокии фаъолияти олимон ба шумор меравад. 
Дар доираи чорабинӣ олимаҳои ҷавон низ аз ҷониби Вазорати рушди инноватсионӣ бо сертификат ва туҳфаҳо тақдир карда шуданд. Ба занон – проректорони муассисаҳои таълими олӣ оид ба корҳои илмӣ ва инноватсионӣ низ ба муносибати ҷашн туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Ғайр аз ин ба соҳибони иқтидори баланд сертификатҳои узвияти Академияи ҷавонон тақдим гардиданд. 

Норгул АБДУРАИМОВА, хабарнигори ӮзА.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: