ШАШ ТОННА СУМАНАКИ НАМАНГОН

Ҳар сол оғози баҳор дар саросари кишварамон ҳамдиёронамон яке аз таомҳои баҳор – суманак пухта ба хешу наздиконашон пешкаш менамоянд.

Дар вилояти Намангон низ суманаки ғайричашмдошт омода карда шуд.
Соли дуюм аст, ки дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобури шаҳри Намангон, бахшида ба муносибати Иди Наврӯз суманак пухта, тантанаи «Сайри суманак» баргузор мегардад. Соли гузашта 5 тонна суманак пухта ба меҳмонон пешкаш шуда бошад, соли ҷорӣ он ба 6 тонна расид. Ба ин кори хайр қариб як моҳ тайёрӣ дида шуд. Барои суманакпазӣ дегро дар комбинати кони металлургияи Олмалиқ тайёр карда оварданд.
Барои пухтани суманак 1 тоннаю 200 килограмм гандум, 400 килограмм равған, 2,5 тонна орд ҳозир карда шуд. Инчунин 30 нафар занони суманакпаз ҳозир шуданд.
– Мо соли ҷорӣ пухтани 6 тонна суманакро ба нақша гирифта будем. Вале аз чашмдошт ҳам зиёдтар суманак омода карда шуд. Ин анъанаи суманакпазиро ҳар сол идома медиҳем, ки алҳол меҳмонони хориҷӣ низ дар рӯзи Наврӯз ба вилоят ташриф оварданд, – гуфт яке аз ташаббускорони суманакпазӣ Баҳриддин Чустӣ.
Нафақат иштирокчиёни ҷашнвора, оилаҳои камбизоат, тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, инчунин шаҳрвандонеро, ки аз саросари кишварамон ба Иди Наврӯзи вилоят омадаанд, бо суманак меҳмон карданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: