«ШАШМАҚОМ» ДАР АМРИКО

То андозае муштаракии мероси фарҳангӣ, дунёи маънавӣ ва арзишҳои мардумии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз давраи бостон дар як сарзамин кору зиндагӣ карда, дар барпои кохҳои бошукӯҳ марбут ба адабиёту ҳунар якҷо саҳм гирифтаанд, ба касе сир нест.

Аз ҷумла, мусиқии классикии «Шашмақом» чун мероси бебаҳо аз аҷдод барои ҳарду бародархалқ бисёр азиз. Вақте аз «Шашмақом» сухан рафт, беихтиёр, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммедов, Шоҳназар Соҳибов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Юнус Раҷабӣ барин мусиқору овозхонони нотакрор ба ёд мерасанд, ки фарзандони ҳарду халқ мебошанд. Ба туфайли саъю ҳаракати шогирдон ва ҳаводорони онҳо «Шашмақом» ҳанӯз бо оҳангҳои марғуб садо медиҳад. Анъанаҳои устод-шогирд идома ёфта, дар Душанбеву Хуҷанд, Хоразму Фарғона насли ҷавон дар мактабу маҳфилҳои ҷудогонаи мусиқӣ асрори назму навои аҷдодро меомӯзанд. Мақоми сеҳромез бо самтҳои иҷрои Бухорову Самарқанд, Шаҳрисабзу Марғилон эътибори ҳавохоҳони мусиқӣ ва таронаҳои классикиро ба худ мекашад. 
Боз як халқ ҳаст, ки ба «Шашмақом» дилбастагии хос дорад – яҳудии бухороӣ. Қисмате аз таронахонҳои ин халқ, аз қабили Шоиста Муллоҷонова, Берта Давидова, Барно Исҳоқова, Гавриел Муллоқандов, Сироҷ Аминов, Абрам Толмасов, Рошел Рубинов, Михоел Толмасов, Левӣ Бобохонов дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун ҳофизони хушадо маълуму машҳуранд. Дар рӯзҳои мо Изро Малаков баҳри идома додани анъанаҳои бобоӣ, зиёда аз ин, вусъати тоза пайдо кардан, сайри дунё намудани «Шашмақом» дучанд меҳнат мекунад. Вай зодаи Шаҳрисабз аст. Ҳанӯз хурдсол буду ҳис мекард аҳли хонадон чӣ тавр таронаҳои классикӣ, хонишҳои гуворои Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Муллотӯйчиро дӯст медоранд. Модараш ба корҳои рӯзгор машғул буду зери лаб хиргоҳӣ месохт. Изро гӯш меандохт ва роҳат мекард. Дар тақлиди модар замзама менамуд. Шавқи сурудхонӣ, ҳамин тавр, асное кӯдак буд, дар ҳастии ӯ тавлид ёфт. Вақте мактабхон шуд, ин шавқ ба муҳаббат табдил ёфт. Иштирокдори фаъоли маҳфили мусиқӣ гардид. Дар  Қаршӣ озмун-азназаргузаронии «Марҳабо, соҳибистеъдодҳо» баргузор шуду Изро бо истеъдоди хуб ҷои аввалро гирифт. Дар давраи ҷумҳуриявии озмун-азназаргузаронии «Чашма»  низ бомуваффақият иштирок кард ва ба назар афтод.
Модараш муаллима буд, падараш духтур. Волидон хостанд вай шифокор шавад. Бо дархости онҳо ба Институтӣ тиббӣ ҳуҷҷат супурд. Донишҷӯ гашт. 
Дар чорабиниҳои фарҳангӣ гули сари  сабад буд. Онҳое, ки ба ҳунари волои овозхониаш тан додаанд, мегуфтанд назар ба духтурӣ вай ба халқи худ ҳамчун сароянда хубтар хидмат расонда метавонад. 
Дар ҳузури радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ансамбле фаъолият мебурд бо унвони «Мақом». Ҳамин даста ӯро фаро хонд ва дар таркиби ансамбл 20 соли расо фаъолият бурд. Бо бештар аз 200 сурудаш дар равнақи «Шашмақом» ҳисса гузошт.
Маҳорати иҷрогарии хосаш эътибори дӯстдорони сарояндагии мерос аз аҷдодро ба худ ҷалб намуд. Вай, хусусан, аз Ориф Алимахсумов ва Берта Давидоваи зиндаёд миннатдор аст, ки нозукиҳои санъатро ёд доданд. Гурӯҳи оркестри асбобҳои халқӣ таҳи роҳбарии Донӣ Зокиров аз санъаткорони номӣ, овозхону мусиқорҳои шинохта таркиб ёфта буд. Якҷо фаъолият бурдан бо Абдуҳошим Исмоилов, Амнун Давидов, Абрам Давидов, Гулбаҳор Эрқулова, Аҳмадҷон Дадаев ва дигарон барои ба зинаҳои баланди эҷод баромаданаш таъсири муайян гузоштанд. Алалхусус дар мароми худ ба иҷро расидани «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Чоргоҳ», «Баёт» ва «Сарахбори наво» барин мақомҳо дар иҷрои вай таваҷҷӯҳангез буд. Вақте ансамбл ба сафарҳои хидматӣ баромад, дӯстдорони назму наво аз шаҳру деҳоти гуногуни ҷумҳурӣ сурудҳои Малаковро бештар меписандиданд.  
Бинобар тағйир ёфтани вазъият дар ибтидои солҳои навадуми асри сипаришуда яҳудиёни бухорӣ ҷилои ватан карданд. Бо тақозои қисмат Малаков ба ИМА рӯй овард.
Ба кишвари он сӯи уқёнус «дасти холӣ» нарафт, меҳру муҳаббати ба «Шашмақом» доштаашро бо худ бурд. Якҷо бо дӯсти ҳамватанаш Илёс Маллаев (санъаткор ва шоир, шавҳари Муҳаббат Шамаева) гурӯҳе ташкил намуд бо унвони «Шашмақом». Овозхонҳои шинохтае, ки дар Амрико кору зиндагӣ доштанд, дар атрофи гурӯҳ муттаҳид гаштанд. Гурӯҳ баробари мақомхонҳои шинохта истеъдодҳои ҷавонро низ ба худ ҷалб намуд.
Ба гурӯҳ арбоби сиёсӣ Борис Қандов сарпарастӣ кард. Дар ҷамъомаду конгрессҳои яҳудиёни бухорӣ, ки дар Амрикову Канада рӯи кор меоянд, таронаҳои классикӣ  садо медиҳанд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ, айни замон, тадбирҳои оилавӣ, тӯйу маърака ва маросимҳои гуногун низ оҳангҳои «Шашмақом» ба гӯш мерасанд, нозуктарин торҳои дили ҳамватанҳои муҳоҷири моро ба ларзиш меоранд. Дар онҳо Малаков фаъолона иштирок мекунад. Дар бораи Ӯзбекистон, ҳаёти хушбахтонааш дар ин сарзамин, устодон ва ҳампешагонаш, ки аз сабақу маслиҳатҳояшон баҳраманд будааст, нақлҳои ҷолиб менамояд. Такрор ба такрор мегӯяд мо аз Ӯзбекистон дур бошем ҳам меҳру муҳаббати он ҳамон дар қалбамон, хусусан аз суруду таронаҳои «Шашмақом» дур нашудаем.
Баробари зинда доштан ва равнақ бахшидани «Шашмақом» дар ИМА Изро ба ҷамъ овардан, маҳфуз доштани асарҳои мусиқии фолклории яҳудиёни бухорӣ ҷиддан машғул аст. Таҳти ташаббуси ӯ диске интишор ёфт бо унвони «Фолклори мусиқии яҳудиёни Бухоро». Баробари ҳамин китоби «Ҷавоҳири мусиқии яҳудиёни Бухоро» рӯйи чоп дид.
Бист сол қабл аз ин «Шашмақом» дар Бунёди мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис шуда буд. Маълум, ки ин кори хайр асосан бо ташаббуси  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ шудааст. Дар ИМА муттасил ҷашнвораҳои мусиқӣ доир мегарданд. Дар барномаҳои он «Шашмақом» низ ҷои муносиб дорад. 
Соли 2015 дар Ню-Йорк академияи  «Шашмақом» созмон ёфт. Дар он садҳо нафар истеъдодҳои ҷавон, ки ба мусиқии классикиамон меҳри ҷудогона доранд, сабақ меомӯзанд. Яке аз устодон, ки аз санъати мақом таълим медиҳад, Изро Малаков мебошад.
Ба вай, ки соли 2014 унвони «Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон» дода шудааст.
Президенти мо соли 2018 аснои ташрифи расмиаш ба ИМА ба ӯ ин унвони баланди фахриро муносиб донист. Гуфт ин ҳамватанонамон дар паси уқёнус «Шашмақом»-ро тарғиб сохта онро ба ҷаҳониён мешиносонад, месазад ба роҳи эҷодиаш нигоҳи шуъларез афканем.
Изро Малаков бо ҳамсараш Белла панҷ фарзандро ба воя расонданд. Соҳиби набера ва абераҳои зиёданд. Шашмақомсарои номӣ дар Амрико саъй дорад санъати худро ба авлод мерос гузорад.

М. ШОДИЕВ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: