«ШАШМАҚОМИ БУХОРО» – ОРОМБАХШИ ДИЛҲО

Ба ташкил ёфтани дастаи «Шашмақоми Бухоро» рӯзҳои наздик сӣ сол пур мешавад.

Шавқи вохӯрӣ бо ин ҷамоа маро сӯйи садорати маданияти вилоят роҳнамун сохт. Бояд таъкид намуд, ки он садорат имсол соҳиби манзили нав бо як қатор созгориҳо гардид. Аз ҷумла, «Шашмақоми Бухоро» низ дар ошёнаи сеюми ҳамин бино ҷой гирифт. Рӯзе, ки мо ин ҷо омадем, дастаи эҷодӣ болои «Сарахбори Ироқ» машқ мекард. Иҷрои пай дар пайи сурудҳо ба дилҳо сурур мебахшид.
Роҳбари бадеии он Обид Темиров бандаро ба дарун таклиф кард. Байни ҷамоа қаҳрамони филми ҳуҷҷатии «Шашмақом» (он соли 1972 офарида шудааст), Арбоби санъати Ӯзбекистон Муҳаммад Рафиқов низ ҳузур дошт. Маълум шуд, ки вай ба таҳияи филми ҳуҷҷатӣ дар бораи «Шашмақоми Бухоро» омодагӣ медид. Машқи сурудҳо аз мақоми «Ироқ» боз чанд муддати дигар моро ба худ ҷалб намуд. Ниҳоят ин ҷараён ба фарҷом расид ва аъзои даста аз мақсадамон огоҳ гардиданд. Роҳбари бадеӣ Обид Темиров аз устодони соҳа – Мураббии хидматнишондодаи ҷавонони Ӯзбекистон Раҳматулло Иноятов ва соҳиби медали «Шуҳрат» Эшпӯлод Ортиқов хоҳиш намуд, ки ба  мо дар бораи ҷамоа маълумот  диҳанд.
Хушбахтона, дафъаи гузашта низ бо ин ҳар ду мулоқот карда будам. Он гоҳ «Шашмақоми Бухоро» дар гузари Говкушон дар ҳайати Иттиҳодияи эҷодии ҷамоаҳои бадеии вилоят фаъолият нишон медод ва 18-20 нафар узв дошт.
– Маълум аст, ки «Шашмақом» аз шаш шуъба – «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. Дар соҳаи санъат опера ва арияҳои бастакорони ҷаҳонро омӯхтан осон нест. Аммо мақомсароӣ аз онҳо ҳам мураккабтар аст. Барои омӯхтани фақат як савт шаш моҳ вақт лозим мешавад. Устодамон Арӣ Бобохонов, ки устозода аст, яъне аҷдодаш санъаткор гузаштаанду истеъдоди фавқулодда дорад, фақат барои омӯхтани қисми «Наср» понздаҳ сол умри худро сарф кард, – изҳор дошт Раҳматулло Иноятов.
– Масъалаи анъанавӣ, бехато, саводнок ва бо  талабҳои ҷузъӣ иҷро кардани савту сурудҳои «Шашмақом» дар мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мақомхонҳо кам нестанд, вале на ҳама аз ӯҳдаи риояи ин талаб баромада метавонанд, – ба сухан оғоз намуд Э. Ортиқов.
– Солҳои тӯлонист, ки мо бо ин мақсад (яъне талқини беғалат) заҳмат мекашем. Ҳамаи шуъбаҳои «Шашмақом»-ро аз назари таҳқиқ гузаронида, бештар аз 30-40 сурудро аз нав барқарор намудем.
Бо ин мақсад ба асарҳои ба «Шашмақом» бахшидашуда такя мекунем. Мушкилӣ дар он аст, ки «Шашмақом» бо усули «устоду шогирд» то мо омада расида, аз ҷараёни ба адвордарории он  акнун як аср пур мешавад. 
Бояд таъкид намуд, ки байни сарчашмаҳои омӯзиши он мукаммалтаринаш китоби набераи Левичаҳофиз Арӣ Бобохонов мебошад. Маълум аст, ки матни анъанавии «Шашмақоми Бухоро» аз шеърҳои шоирони классикии тоҷику форс иборат буда, шеърҳои ӯзбекӣ ба он бо шарофати хидматҳои Юнус Раҷабӣ ворид шудаанд. Аз ин рӯ, имрӯз тақрибан 70-80 фоизи барномаҳои консертии ҷамоаи «Шашмақоми Бухоро»-ро сурудҳои тоҷикӣ ташкил медиҳанд.
Мо шодем, ки тайи солҳо аз байни шогирдони мо Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Соҳиб Ниёзов, Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Юлдуз Турдиева, сароянда Ӯлмас Оллоҳберганов, ҷоизадорони Мукофоти «Ниҳол» Гулзода Худойназарова, Ҳилола Самиева, соҳиби Мукофоти давлатии ба номи Зулфия Моҳчеҳра Шомуродова барин соҳибистеъдодон ба воя расиданд, – изҳори хурсандӣ намуд мусоҳибам.
Баъди қарори махсуси сарвари давлат эътибор ба санъати мақом беш аз пеш афзуд. Дар маҳалҳо марказҳои мақом созмон ёфта, масъалаи кадрҳо аз нав дида баромада шуд. Имрӯз дар ҷамоаи «Шашмақоми Бухоро» 30 нафар сарояндаю навозанда фаъолият доранд. Байни онҳо устодони ботаҷриба Толиб Темиров, Тӯймурод Қодиров, ҷавонони умедбахш, соҳиби Мукофоти давлатии ба номи Зулфия Меҳринисо Самиева, соҳиби Мукофоти «Ниҳол» Ҷӯрабой Ҳафизов, Рустам Набиев, Гулнора Яхшибоева, Гулчирой Бахшуллоева, навозандагон Фазлиддин Гулов (танбӯр), Нодирҷон Темиров (қонун), Мирзоҳид Аббосов (най) барин соҳибистеъдодон ба чашм мерасанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин ҷамоа як сол муқаддам дар Анҷумани байналхалқии санъати мақом дар Шаҳрисабз бомуваффақият иштирок намуда, диққати ҳозиронро ба худ ҷалб кард. Ҷаҳоннамои ҷумҳурӣ дар бораи «Шашмақоми Бухоро» барномаи якунимсоата таҳия намуд. Ансамбл дар ҳамаи чорабиниҳои вилоятӣ, қабули меҳмонон иштирок мекунад. Боиси хушнудист, ки телевизиони вилоятӣ таҳти унвони «Шашмақоми Бухоро» барномаҳои мусиқии худро ба роҳ мондааст.
Ҷамоаи эҷодии «Шашмақоми Бухоро» айни замон ба Анҷумани дуюми байналхалқии санъати мақом, ки моҳи сентябри соли 2020 дар Шаҳрисабз баргузор мешавад, тайёрӣ мебинад. Чи хеле ки таъкид ёфт, ватани «Шашмақом» Бухорои шариф аст. Аз ин рӯ, соли 2003 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун «Дурдонаи бебаҳои маданияти ҷаҳон» эътироф гардидани ин мероси мусиқии халқамон ва дар мамлакатҳои олам созмон ёфтани марказҳои «Шашмақом» дар дили ҳар як ҳамватанамон эҳсоси ифтихорро бедор мекунад.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: