ШАШМАҚОМСАРОИ СОҲИБСАБК

Мегӯянд, ки Худованд ба ҳамаи мурғон намо, ҷусса, қувва ва ҳатто ранги муносиби зебо дод.

Мегӯянд, ки  Худованд ба ҳамаи мурғон намо, ҷусса, қувва ва ҳатто ранги муносиби зебо дод. Танҳо мурғе монда буд, ки бисёр назарногир, рангаш ҳам начандон назаррабо — хокистарранг.
Гарчӣ ҷуссаи басо хурд ва ранги одӣ дошт, баъдтар бо инояти Худованд як овои зебо, нафаси соҳир барояш ато гардид. Гӯӣ аз он замон инҷониб дар шохаҳои гулу дарахтон нағмасароӣ мекунад, эътибори ҳамаро ба худ мекашад. Дар фарҳангҳои тафсирӣ ин мурғи хушнаво бо номҳои мухталиф зикр ёфтааст: булбул, андалеб, ҳазордастон...
Хунёгар Борбади Марвазӣ дар олами ҳунари форс-тоҷик ном баровардааст. Аз шоирони классик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳам ба мусиқӣ ва сурудхонӣ рағбати тамом доштааст.
Мегӯянд, ки Одамушшуаро дар замони зиндагии худ созҳои мусиқиро хеле хуб менавохт ва овози форам дошт:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Борбади Марвазӣ, устод Рӯдакӣ, Хоҷа Ҳофизро ба андалеб (ҳазордастон) ташбеҳ додаанд, ки аз овои хушу садои дилнишинашон дарак медиҳад...
Табиист, ки одамизод ба суруду мусиқӣ ҳусни таваҷҷуҳ дорад. Касе нест, ки ақаллан як пора таронаеро замзама накарда бошад. Боре хонда будам, ки нависандаи франсавӣ Имант Зиёдонус одамонро ба сурудхонӣ талқин намуда, мегӯяд, ки дар ҳама ҷо суруд хонед: дар автобуси пуродам, дар кӯчаву хиёбон, хуллас, дар ҳама ҷо... Ӯ гуфтааст:
«Шабонгаҳон чашм аз хоб кушода шунидаӣ? Булбулон тарона мехонанд. Бубин, суруд дар нимашабҳо ҳам зиндааст»
Аз овони бачагӣ садои ширине бароям ошност. Ин таронаҳои дилангез паси гӯшам танин меандозанд. Сурудаҳои марғуби хунёгари беназири Шарқ Аҳмад Зоҳир басо дилнишинанд. Аз шунидани онҳо дилҳо ба шавқ меоянд, вуҷуди кас обу адо мешавад. Дертар боз як овозхони ширинадо ба олами  ҳунар раҳ ёфт. Ин Муини исфаҳонист. Таронаҳои вай ҳам дилангезанд. Алалхусус, дар ҳаҷру фироқи Исфаҳон сурудааш  басо мутаассир садо додааст...
Аз ҳунарварони тоҷик ҳам номҳои устодон Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозиму Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов, овозхонони эстрадӣ шодравонҳо Кароматуллоҳи Қурбон, Субҳон Саидро метавон ба забон овард. Сурудаҳои устоди ҳунар Акашариф Ҷӯраев «Қалъабандӣ», Зафар Нозим «Модар», Одина Ҳошим «Рози фалак», Ҷӯрабек Муродов «Дили модар» шодравон Кароматуллоҳи Қурбон «Модар, маро бубахш!», Субҳони Саид «Гули шаб» дилҳоро тасхир кардаанд.
Бо таронаҳои сарояндаи сурудҳои эстрадӣ, мардумӣ ва суннатӣ, оҳангсоз, роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин  Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Фурқати Саид аз овонӣ таҳсил дар Душанбешаҳр ошноям. Ӯ зодаи деҳаи Қади Ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав мебошад. 
– Мавлуди ман ва Иди забони тоҷикӣ дар як рӯз, яъне 5-уми октябр аст, – гуфт ӯ боре ҳангоми мулоқоти телефонӣ. Шумо одами хушбахт будаед, гуфтем мо ва табрик кардем.
Ӯ баъди хатми мактаб дар факултаи мусиқии тоҷикӣ (шуъбаи овозхонии анъанавӣ)-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (таҳти роҳбарии устодон Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов) хонда, фаъолияти ҳунарии хешро дар дастаҳои «Ҷаҳоноро», баъдтар «Дарё» идома медиҳад. Як муддат сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии телевизиони Тоҷикистон низ буд. Муаллифи чандин оҳангҳост.
– Устодони ҳунар Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Маъмурҷон Узоқов бо сабку услуби хос дар инкишоф ва равнақи мусиқии суннатӣ, хоса Шашмақом, саҳм гузоштаанд, – гуфт Фурқати Саид. – Оҳангу суруду таронаҳои ин шоҳасар ирфонӣ буда, орзу ва дардҳои дили мардум тӯли таърих дар он акс ёфтааст.
Созмони байналхалқии ЮНЕСКО соли 2000 ин шоҳкории бузургро  дар феҳристи куҳантарин сабки мусиқии ғайримоддӣ ҷой дод. Шашмақом тӯли таърих шоҳкории дилписанд маҳсуб меёфт ва ҳоло ҳам ҳамин хел ҳаст ва хоҳад монд, – ақида дорад ҳунарпеша.
Таронаҳои офаридаи Фурқати Саид ба мисли: «Мутриби ишқ», «Гиря», «Шаби боронӣ», «Зиндагӣ», «Хоки Ватан», «Шукрона», «Фасли баҳор», «Ваҳдат», «Наврӯз шуд», «Душанбе», «Эй Ватан», «Резаборон» ва ғайра ба дили санъатпарастон аллакай роҳ ёфтаанд.
Дарвоқеъ, ӯ бо суруди «Интизорӣ» ба олами ҳунар роҳ ёфт. Ин суруд ҳаводорони бешумор пайдо кард. Муаллифи матни он Ситораи Қурбон зодаи Кӯлоб мебошад. Овозхон ин шеърро аз китоби эшон «Шохаи арғувон» дастрас мекунад ва ба он оҳанг месозад:
Интизорӣ, интизорӣ,
Талх бошад маргворӣ,
Чашмҳои ман ба роҳат,
Мекунад зориву зорӣ...
Сурудҳои «Қисмат», «Варақи даҳр», «Падарҷон»,  «Ғуломи модар бошам» ҳам хеле марғубанд. Мутаассиру дилрас садо додаанд. Аз ҷумла, ба ин байтҳои суруди «Варақи даҳр» таваҷҷӯҳ фармоед:
Дунё ба мисоли як работу ду дар аст,
Ҳар рӯз дар ин работ қавми дигар аст.
Гуфтам, биравам сайри тамошои ҷаҳон,
Дидам, ки тамошои ҷаҳон даргузар аст.
Азбаски Фурқати Саид дастаи шашмақомхононро роҳбарӣ мекунад, дар роҳи амиқтар аз худ кардани мусиқии суннатӣ тадқиқотҳоеро анҷом дода ва ба унвони илмии дотсент низ мушарраф гардидааст.  
Ба кишварҳои Русия, Озарбойҷон, Аморати Араб, Қазоқистон, Амрико, Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ дошт. Моҳҳои март ва августи соли 2018, зимни баргузории «Шоми дӯстӣ»-и халқҳои тоҷику ӯзбек дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд бо ҳамроҳии дастаи шашмақомхонҳо баромад карда, дӯстиро тараннум намуд. 
– Бо Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, шогирди ӯ Баҳром Назаров якҷоя рӯйи чанд суруд ҳамкорӣ кардем, – гуфт Фурқати Саид. – Боре Озодбек суруди «Меҳри ӯ»-ро бар ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ, ки нахуст ман сурудаам, ба самъи ҳаводорон расонд ва аз ман пурсид: «Чӣ гуна баҳо медиҳед?» Гуфтам, ки аз ман беҳтар сароидед. Гуфт, ки не, инро Шумо аввал сурудаед, бинобар ин аз они Шумо авлост.
Синамогарони Эрон ӯро барои иштирок ба филми  «Шукрона» даъват карда буданд. Ӯ дар ин филм ба офаридани нақши корманди мақомот муваффақ гардид.
Фурқати Саид Лауреати мукофоти ҷавонони Тоҷикистон (1995) ва барандаи медали «Хидмат» (2007) аст. Соли гузашта дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардид.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: