ШАТРАНҶ – ОВАРАД ШӮҲРАТУ ГАНҶ

Ватани шоҳмот Ҳиндустон аст, аммо ривоҷу паҳн гардидани он бо Осиёи Миёна, саҳеҳтараш маркази тамаддун – Самарқанди бостонӣ вобаста мебошад.

Воқеан, ҳангоми кофтукови археологӣ дар харобаҳои Афросиёб пайдо шудани мӯҳраҳои шоҳмот аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки гузаштагони мо – ба ин бозии шавқовар дилбастагӣ доштаанд. Инчунин, калимаи форсӣ-тоҷикии «шоҳмот», ки маънои «шоҳ – мурд»-ро дораду байналхалқӣ шудааст, далели фикри мост.
Боиси хурсандист, ки чанде пеш қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди шоҳмот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид, ки бешубҳа барои рушди ин намуди варзиш ва дар оянда ба камол расидани гроссмейстерҳо хизмат мекунад. Суҳбати мо бо роҳбар ва асосгузори мактаби шоҳмоти «Шатранҷ»-и Самарқанд Одилҷон Собиров маҳз ба ҳамин мавзӯъ қарор ёфт.
– Ман ифтихор дорам, ки шогирдонам Ӯзбекистонро дар дунё баланд мекунанд, – мегӯяд Одилҷон Собиров. – Масалан, гроссмейстер Алишер Анорқулов (Худо раҳмат кунад!) ду карат чемпиони ҷаҳон дар байни кару гунгҳо буд. 
Шогирди дигари ман Шоиста Раҳматуллоева соли 1986 дар шаҳри Москва ғолиби бозиҳои «Рухи сафед» дар байни ҷавонон шуд. Ба ман унвони «Аълочии таълими халқи иттиҳоди шӯравӣ»-ро доданд. Инчунин, дастпарвари мактаби шоҳмот Содиқ Саидакбаров, Фурқат Оқилов, Ҷамшед Раҳматуллоев, Баҳодур Ҳакимов ва дигарон низ соҳиби унвонҳои баланд шуданд. 
— Ғайр аз Россия боз ба кадом шаҳру мамлакатҳо сафар доштед ва бо кадом шоҳмотбозони ҷаҳонӣ мулоқот оростаед?
– Дар Венгрия, Чехословакия, Булғория, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Муғулистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон шуда, бо чанд нафар чемпионҳои ҷаҳон аз ҷумла Гарри Каспаров, Анатолий Карпов, Михаил Ботвинник, Борис Спасский сӯҳбат оростам. Бо шоҳмотбози машҳури Ҳиндустон Ананд ва чемпион Карлсон дидор дидаам. Шумораи супергроссмейcтерҳо ҳисоб надорад. Бо ҳамватани худ Рустам Қосимҷонов соли 1994 дар Будапешт шинос шудам. Вай дар байни  ҷавонони 16-сола бозӣ мекарду шогирди ман Икром Ёдгоров дар байни даҳсолаҳо.
– Фаъолияти мактаби «Шатранҷ» имрӯз чӣ гуна аст?
– Камина беш аз даҳ сол дар мавзеи Куркинои Москва мураббии шатранҷбозони наврас будам. Владимир Путин ду маротиба ба мактаби мо ташриф фармуд. Соли 1994 дар шаҳри Сочи мусобиқаи «Рухи сафед» ба вуқӯъ пайваст. Шогирдонам дар қувваозмоӣ иштирок дошт. Президент Владимир Путин ташриф фармуда ба ҳар як иштирокчӣ ва мураббӣ ручка ва дафтари махсус бо рамзи герби Русия тӯҳфа кард.
Пас аз бозгашт ба зодгоҳ боз мактаби «шатранҷ»-ро барқарор кардам. Ҳоло қариб сад нафар писаракону духтаракон дар мактаб асрори шоҳмотбозиро меомӯзанд.
– Дарсгузарӣ пулакист ё аз ҳисоби сарпарастон?
– Афсӯс, шахсони дилсӯзи шоҳмот каманд. Ман маҷбурам барои иҷораи бино, истифодаи қувваи барқ, об ва ҳар гуна андози давлатӣ маблағ супорам.
– Лаҳзаҳои аҷибу хотирнишини зиндагӣ.
– Хотирам фиреб надиҳад, дар синфи 7 ё 8 мехондам. Он айём барои харидани шоҳмот маблағ ҷамъ мекардам. Хазинаи ман ҳайкалчаи гурбача шуд, ки аз фарқи сараш сӯрох дошт. Аз ҳисоби роҳкиро, чойпулӣ ва ғайра танга ҷамъ карда, ба «хазина» мепартофтам. Рӯзе дар мағозаи варзишӣ чашмам ба шоҳмоти магнитии кисагӣ афтод. Нархаш 3 сӯму 40 тин буд. Хона омада «гурбача»-ро дукафон карда, тангашуморӣ кардам. Боигарии ман беш аз 10 сӯм буд. Рафта се дона шоҳмоти ба худ маъқулро харидам. Дар мактаб ҳангоми танаффус бо дӯстам Азамат «муҳорибаи шадид» оғоз ёфт. Ҳамин вақт занги мактаб баланд шуд. Ба синф як муаллими сахтгир, ҷиддӣ ва бадхашм Аллаев даромаданд. Мо, бозингарон эҳтиёткорона, хомӯш донаронӣ мекардем, ки устод ногаҳон болои сари мо пайдо шуда шоҳмоти магнитиро гирифту болои мизаш гузошт. Ман чашми устодро хато карда тахтаи дуюмро гирифтам. Ин дафъа ҳам ба даст афтодем. Муаллим хомӯш шоҳмотро гирифтанду дарсро идома доданд. Тахтаи сеюм ба бозӣ даромад. Бо вуҷуди эҳтиёткорӣ ва ҳушёрӣ ҳар ду нафаҳмидем, ки ин дафъа чӣ тавр болои сари мо – дилбастаи ашаддии шоҳмот Алаеви барғазаб пайдо шуданд. Ин дафъа ман худ аз ҷой хестам ва тахтачаи шоҳмотро ба болои мизи кории устод гузоштам.
Хушбахтона ӯ чизе нагуфт ва гӯё ҳеҷ воқеа рух надода бошад, бо оҳи сард мавзӯъро фаҳмонд. Лекин ман аз чизи азизу гиромӣ – шоҳмотҳои магнитӣ ҷудо гаштам, ки то ҳол ёди он воқеа мекунам.
– Муносибати шумо ба бозии зан – духтарон чӣ хел?
– Аъло! Шояд шумо ҳам ривояти «Моти Дилором», ки дар ҳамаи китобхонаи дарсии тамоми олам арзи вуҷуд дорад, хабардор ҳастед. Он бори нахуст дар асри XVI қайд шудааст. Подшоҳе бо касе ба гарав бозӣ мекунад. Вай тамоми боигариашро бохта, дар охир ҳамсараш – Дилороми нозанину хирадмандашро ба гарав мегузорад. Бозӣ оғоз ёфта шоҳ боз ба ҳолати ногуворо афтода, акнун таслим шуданро андеша карда буд, ки овози ҳамсараш Дилором, ки аз паси парда бозии рақибонро мушоҳида мекард, ба гӯшаш мерасад:
– Ду рух бидеҳ, аммо аспи дилоро мадеҳ!
Пинҳонгӯйии ӯ ҳалли дурусти муаммои сарбаста гардид ва шоҳ пирӯз гашт. Он воқеа дар таърих номи «Моти Дилором»-ро гирифт. Чемпионҳои ҷаҳон Руденко, Быкова, Рубсова, Гаприндашвилӣ, Чибурданидзе, Полгар ва дигар бонувон бо маҳорату истеъдоди хосса дона ронда, номи худро дар саҳифаҳои таърихи шоҳмот гузоштаанд. 
– Фарзандонатон аз қафои шумо рафтанд?
– Мутаассифона не. Аммо аз набераам Амиршоҳ умедам калон. Вай аллакай разряди якум дошта дар байни 7-солаҳо чемпиони Самарқанд аст. Дар мусобиқаҳои Самарқанд – Москва ширкат варзида пирӯз гашт.
– Нақшаҳои оянда ва таманнои шумо?
– Сипосгузорам аз Президентамон, ки барои рушду ривоҷи шоҳмот қарори махсус эълон кард. Акнун фарзанду набераҳои мо аз боғча ва мактаб шатранҷ мебозанд. Бояд фаромӯш накунем, ки шоҳмот – варзиш, санъат, маҳорат аст. Ҳар ҷавоне, ки шоҳмот мебозад, дорои ҷаҳонбинии васеъ гардида, тафаккур, андешакунӣ ва бо мақсад амалеро иҷро карданро меомӯзад. 
Дар шоҳмот қоида ҳаст: пиёда бо маҳорат, бебокона, андешамандона пеш равад, албатта фарзин мешавад. Насли наврас ҳам ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуда, ба муроди дил расанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
рӯзноманигор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: