ШАВАД ТИРА АЗ БЕХИРАД РӮЗГОР

Тобистони соли 1969.

 Саҳни мактаби рақами 16-уми деҳаи Ӯрташиқи ноҳияи Самарқанд идона ороста. “Паррончак”-ҳо дар либоси тозаву озода, бо чеҳраи пурханда. Аммо каме маҳзун аз лаҳзаҳои ҷудоӣ.
Ниҳоят, тантанаҳои супоридани номаи камол оғоз ёфт. Чанд нафар ба минбар баромада, ба устодон арзи сипос намуданд. Кадоме ному насаби хатмкунандагонро мехонду меҳмонони олиқадр зери кафкӯбии ҳозирон ҳуҷҷатро  ба соҳибаш месупориданд. Вақте ки Майсара Раҳматова аттестатро ба даст гирифту ба баҳоҳояш нигарист, қариб буд аз ҳайрат гиря кунад. Вай ба саф баргашту бо асаби вайрону дили гирён лаб газид. Чанд нафар ҳамсинфонаш кунҷковона ба номаи камол чашм давонда, фаҳмиданд, ки танҳо дар шафати навиштаҷоти “биология” баҳои “хуб”, вале боқимонда ҳамааш “аъло” аст.
Роҳбари синфаш Анастасия Романовна аз “нимкосаи таги коса” огоҳӣ ёфту шогирдашро ба оғӯш кашид ва тасаллӣ бахшида гуфт, ки “ту духтарам, донандаи адабиёти рус ҳастӣ. Дар мактаб вориси ман шавдия”.
– О, муаллимаҷон, – оҳи бадард кашида фаҳмонд Майсара, – омӯзгори биология, ки нозири шуъбаи таълими халқ ҳастанд, рафторашон “худам шоҳ – таъбам вазир” буд, ки бидуни санҷишу имтиҳон баҳогузорӣ кардаанд. Ҳозир рафта чунон гап занам, ки...
– Бало ба пасаш, – тап-тап ба китфи шогирд зад Анастасия Иванова ва оҳиста идома дод, – тоҷикон мақоле доранд: “Агар бедона барои дона ба дом намеафтод, ба вай ҳеҷ кас бедона ном намениҳод”. Ин биологи майхӯр, ки “Бобокайфӣ” тахаллус дорад, аз педагогика фарсахҳо дур аст. Ба қавли худаш “як рӯзаму хурӯсам” гӯён рафтор намуд. Ба факултаи дилхоҳат дохил шуданат лозим. «Садафро бузургӣ зи гавҳар аст».
– Анастасия Романовна, шумо чӣ мегӯед, – якбора қиёфаи ҷиддӣ гирифт Майсара. – бар қасди ана ҳамин муаллимам биолог мешавам ва ба ҳамин мактаб ба кор меоям.
– О, ин фикри олиҷаноб, – завқ карда хандид устодаш, – муштзан дигар асту теғзан дигар. Гарчанд ту духтари сарвари таълимгоҳ ҳастӣ, аммо мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб. Бузургон насиҳат кардаанд, ки ба мақсад мерасад ҷӯёи кор оҳиста-оҳиста, яъне ҷӯй канӣ, об мехӯрӣ.
Майсара фурсат ғанимат аст, набояд аз даст дод, гӯён ҳуҷҷати хешро ба шӯъбаи шабонаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта, номи донишҷӯйро гирифт ва рост назди роҳбари синфаш Анастасия Иванова омад, ки хурсандиро бо ҳам бинанд.
– О, “сад ҷигара хун кардам, як ҷома гулгун кардам” шудааст, – гуфт муаллимааш, – аввало табрик, сонӣ оҳан дар сурхиаш кӯфта мешавад, одам дар ҷавонӣ – пухта. Дар мактаб вазифаи ташхисчии кабинети кимиё-биология холӣ. Аз ман насиҳат, ана ҳамин кор ба ту муносиб. Назария ба амалия пайваст шавад, ниҳоят нағз. Илмат ба амал чу ёр гардад, қадри ту яке ҳазор гардад, гуфтаанд.
Акнун Майсара коргари рӯзона, мактабхони шабона буд. Хушбахтона, ташхисхонаи физика дар шафати ӯ буда, бо мудири он Марҳабо Наҷмиддинова – дугонаи модари муқаддасаш чун очаву бача шуда, панди рӯзгор мегирифт, ки то ҳол насиҳату маслиҳати дилсӯзонаи ӯро бо некӣ ба хотир меорад.
Майсара соли дуюми таҳсил бо маслиҳат ва дастгирии мудири қисми илмии мактаб Қувват Эшонқулов ба касби омӯзгорӣ пардохт. Албатта, бори нахуст ба дарс дохил шудан ҳаяҷон ва масъулият вуҷудашро фаро гирифт. Аммо дастгирӣ, маслиҳати муфид ва кӯмаки беғаразонаи устодонаш Барно Исмоилова, Ҳаловат Муқимова, Бердӣ Ҳамроев, Анастасия Иванова, Солеҳҷон Шодиев, Александра Болшакова ва дигарон рӯҳи тоза бахшид, ки дар муддати кӯтоҳ ба яке аз омӯзгорони ҷавон, аммо пешқадаму навовар табдил ёфт. Дар донишгоҳ низ дар сафи аълохонҳо буд. Профессорон Ҳамроқул Ҳамдамов, Маматқул Икромов, Абдулло Сагитов, Ҷаббор Лаханов, Ҷӯрақул Ҳоҷиев ҳамеша ӯро ба дигарон ибрат нишон дода, таърифу ситоиш менамуданд ва умед доштанд, ки вай пас аз гирифтани дипломи имтиёзнок дар донишгоҳ хоҳад монд. Аммо муҳаббат ба мактаби ҷонаҷон бартарӣ дошт, ки боз муаллимиро идома дод.
Майсара Раҳматова беш аз ним аср дар як мактаб, дар як вазифа ҳамчун муаллимаи фанни биология ҷонфидоӣ кард. Имрӯзҳо садҳо нафар шогирдонаш бо касби омӯзгорӣ машғуланд. Наргиза Ғаниева, Фирӯза Искандарова, Шаҳноза Баҳриева, Муборак Бердиеваҳо маҳз аз фанни биология сабақ медиҳанд.
Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ, муаллимаи тоифаи олӣ Майсара Раҳматова на танҳо дар мактаби хеш, инчунин ноҳия низ ҳамчун омӯзгори пешқадаму соҳибтаҷриба эътироф шудааст. Вай бо шодравон, доктори фанҳо Санъат Муҳаммадиев китобҳои дарсӣ барои синфҳои боло тарҷума карда, худ низ муаллифи чанд дастури илмиву методӣ мебошад.
Мо ҳар гоҳ бо Майсара рӯ ба рӯ оем, ҳатман сӯҳбатамон доир ба фанни ӯ ба қавле қаймоқ мебандад.
– Табиатро бидуни дунёи ҳайвоноту наботот тасаввур кардан душвор, – мегӯяд мусоҳибам, – табиатшиносӣ фаннест, ки дониш ва муносибати инсонро нисбат ба табиат ташаккул медиҳад. Агар талабагон дар  ҷараёни омӯзиши ин фан моҳияти олами ҳайвоноту набототро дуруст дарк намоянд, муносибати худро ба табиат куллан тағйир хоҳанд дод. Фаромӯш накунем, ки дарси биология – дарси ҳаёт аст. Ана барои чӣ ман ҳангоми гузаштани дарси “меваҳо” мисолҳои ҳаётӣ меорам. Алломаҳои Шарқ Абӯрайҳон Берунӣ, Ибни Сино, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва дигарон дар асарҳои безаволи худ нисбат ба мева ва шифобахшии рустаниҳо хеле маълумоти ҷолиб овардаанд, ки ҳоло ҳам дар тиббиёт аз онҳо фаровон истифода мебаранд. Бинобар ҳамин ба толибилмон малакаи аз сарватҳои табиӣ одилона ва оқилона истифодаро мефаҳмонем. Чӣ ҷои руст кардан, ки замоне нисбати модар-табиат бераҳму бефарқ шудем. Дар натиҷа экология ҳаматарафа коҳиш ёфт. Хушбахтона, бо ташаббуси сарвари дурандешу оқил, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев атрофи баҳри Арал сабз гардида, обаш афзуда истодааст. Дар асоси дастури “Макони сабз” Ӯзбекистон ба боғу гулзор, кӯҳсор ба бешазору мамнӯъгоҳ табдил меёбад. 
Умед аст, ки дар доманакӯҳҳои Оҳалику Миронқул мамнӯъгоҳ ташкил шуда, дарахту буттаҳои заранг, бодом, дӯлона, олуча, себ, зардолу, тут, чормағз, дар канори дарёчаҳои кӯҳӣ бед, сафедор, сада, чанор ва ғайра боз месабзанд, гулу гиёҳҳои нодир мерӯянд. Инчунин, ба ин минтақа ҳайвонҳои ваҳшӣ ва паррандаҳои хушхон меоянд.
Мо, омӯзгорон дар байни хонандагон озмуни “Кадом ҳайвону парранда ва дарахту рустанӣ ба муҳофизат ниёз доранду онҳоро чӣ тавр ҳифз кардан мумкин аст?” гузаронида, бо ҳамин роҳ насли наврасро дар рӯҳи табиатдӯстӣ таълиму тарбия медиҳем, ки дар ҷараёни он шогирдон савияи дониши хешро сайқал медиҳанд ва албатта, баҳри ободу зебо ва сарсабзии муҳити зист саҳмгузор хоҳанд шуд.
– Дар мактаби мо ду ҳазору 506 нафар талаба таҳсил гирифта, 116 нафар муаллимон аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд, – мегӯяд сарвари таълимгоҳ Дилсора Юсуфова, – яке аз устодони соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром Майсара Раҳматова мебошад. Вай мисли Фарида Аҳмадова, Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ, Заррина Олимова, Сайёра Мирсаидова ва дигарон маслиҳатгари ман ҳастанд. Боиси хурсандист, ки чанде пеш 70-солагӣ ва собиқаи нимасраи педагогии Майсара Раҳматоваро ҷашн гирифтем. Ба ҳамин муносибат натанҳо шогирдону ҳамкасбон, инчунин волидайн, фаъолони деҳаҳои атрофи мактаб, вакилони таълими халқӣ, ҳокимияти ноҳия ба сухан баромада, фазилатҳои неки инсонии соҳибҷашнро таъкид намуданд.
Инчунин, гулдухтараш Зарринабону, писарҳояш Икромҷону Ҳайдарҷон, набераю абераҳо самимона табрик гуфтанд. Ба қавли устоди сухан Абдураҳмони Ҷомӣ:
Агар дар ҷаҳон набвад 
омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад 
рӯзгор.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик” 
дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: