«ШАВАМ БАР ДИРАМРЕЗИ ХУД ДУРФИШОН...»

Таҷрибаи рӯзгор бозгӯйи он аст, ки танҳо таълимоти динӣ инсонро дар чаҳорчӯбаи ахлоқи ҳамида нигоҳ дошта метавонад.

Таҷрибаи рӯзгор бозгӯйи он аст, ки танҳо таълимоти динӣ инсонро дар чаҳорчӯбаи ахлоқи ҳамида нигоҳ дошта метавонад. Инро дар мисоли рафтору кирдор ва гуфтори онҳое, ки дар баробари покдил будан, аз «Забур», «Таврот», «Инҷил», «Қуръон» ва дигар  кутуби динӣ бархурдоранд, метавон ба мушоҳида гирифт. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо пайваста бо тазкияи ботину зоҳири худ машғуланд.
Баъди таҳмили ислом халқи мо зиндагиашро тибқи шариат ба роҳ монд. Имрӯз низ мусалмонони кишвари ҳуқуқбунёд ва демократии мо ба аҳкоми динӣ арҷ мегузоранд. Шоирони қадими мо ҳама мусалмони тамом будаанд, ҳар як асари бузургҳаҷмашонро бо наъти Худову паямбари он оғоз бахшидаанд, мазомини (мазмунҳо) қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ мазмуну муҳтавои  ашъорашонро ташкил додааст. Мазмуну мундариҷаи осори Саноӣ, Аттор, Ҷалолуддин Балхии Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ, Бедил, Машраб ва дигарон далели ин гуфта бошад. Ба қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ:
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ. 
Ғазалиёти лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ низ саршор аз ишқи илоҳӣ ва мазомини  қуръонист. Инак, ба тариқи мисол байте аз як ғазали ӯ:
Аз садои сухани ишқ надидам
 хуштар,
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор 
бимонд.
Ин садо ба маънои густардааш садои сухани ишқи илоҳист.
Фикр мекунам, ошноӣ бо аҳодиси набавӣ ба такомули фикрии мардум, хоссатан ҷавонон, мусоидат менамояд. Сарвари мамлакат низ мехоҳад, ки ҷавонони мо маърифати исломӣ дошта бошанд. Дар ин самт корҳои амалӣ идома доранд. Воқеан, агар ҷавонони мо маърифати исломӣ дошта бошанд, нек хоҳанд донист, ки дар паси ниқоби «ҷиҳодхоҳон» ва тундгароён чӣ сияҳдилие пинҳон аст. Дар боло изҳор доштем, ки мазомини қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ мазмуну муҳтавои ашъори шуарои қадимро ташкил додаанд, онон маънои як ҳадисро дар шаклҳои гуногун ба риштаи назм кашидаанд, ки мақсадашон ташаккул додани ахлоқи ҳамида дар инсонҳо будааст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо ва додани калиди дари маънии абёти шуарои қадим ба дасти алоқамандони каломи бадеъ, хоссатан ҷавонон, ба шарҳи чанд байт ва аҳодиси набавӣ мепардозем. 
Дар ҳадисе омадааст: «Қаноат сармояи тамомнашуданист». Қаноат худ чист? Ин вожа дар фарҳангҳо чинин шарҳ дода шудааст: ризомандӣ ва хушнудӣ; қаноат ба чизи кам... Падари пандгӯёни дунё — Саъдӣ фармудааст:
Бузурге дидам андар кӯҳсоре,
Қаноат карда аз дунё ба ғоре.
Дар тасаввуроти нотамоми аксари мардум ҷойи инсони бузург бояд қаср бошад, вале бузургвори дарвешхисоле, ки қаҳрамони лирикии Саъдӣ дидааст, бо ғоре қаноат дорад. 
Шоири дигари тоҷик — Савдо ин ҳадисро бад-ин сурат назм кардааст:
Қаноат кун, ки охир аз қаноат,
Тавон гардид боюлбои мардум.
Дар ин байт вожаи «боюлбой» ба маънои бойтарин, аз ҳама бой омадааст.
Байти зерини Ҷалолуддини Балхии Румӣ низ хонандаро ба қаноат даъват менамояд:
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, 
пурдур нашуд.
Яъне, кӯзаи чашми ҳарисон, то худ нагӯянд, ки ҳамин миқдор бас аст, аз моли дунё пур намешавад. Садаф низ бо он чӣ, ки дорад қонеъ нагардад, доманаш пур аз гавҳар нахоҳад шуд.
Ҳадиси «Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд гирад»-ро бисёр шоирон бо шеваи ба худ хос ба риштаи назм кашидаанд. Ба тариқи намуна метавон бо байти машҳури Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иктифо кард:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра 
бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба 
кор ояд.
Дар ҳадисе омадааст: «Дареғ доштани илм ҷойиз нест». Шоир Авҳадӣ ин ҳадисро бад-ин шева назм кардааст:
Илм дорӣ, зи кас мадор дареғ,
Ба дили ташнагон бибор чу меғ.
Ҳадисҳои дигаре низ, аз қабили «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз», «Ҳар кӣ илм талаб кунад, Худо ризқашро кафолат кунад», «Талаби илм барои ҳар мусалмон ва зани мусалмон фарз аст», вуҷуд доранд, ки бандагонро ба илмомузӣ даъват менамоянд. Байти зерини Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  бо такя ба ин суханон гуфта шудаанд. Байт:
Дар талаби илм камар чуст кун, 
Даст зи ашғоли дигар суст кун.
Ду ҳадиси Расули Акрам наздик ба як маънӣ омадаанд: «Дар баробари фурӯтанон тавозӯъ (хоксорӣ, шикастанафсӣ) кунед ва муқобили мутакаббирон такаббур фармоед» ё «Бо аҳли тавозӯъ мутавозеъ (тавозӯъкунанда, хоксор) бошед, ки ин фурӯтанӣ садақа аст ва бо гарданкашон (мутакаббирон) бузургӣ кунед, ки ин такаббур ибодат аст».
Ба фикрам, асоси байти зерини шоири бузург Низомии Ганҷавиро ҳадисҳои мазкур ташкил додаанд:
Шавам бар дирамрези худ 
дурфишон,
Кунам саркашӣ лек бо саркашон.
Бародарони ӯзбек мақоли зебое доранд, ки аз ин ҳадисҳо маншаъ гирифтааст:
Кеккайганга кеккайгин, 
бошинг кӯкка етгунча,
Эгилганга эгилгин,
 бошинг ерга теккунча.
Яъне, дар назди мутаккабирон то ҷое кибр варзед, ки саратон ба осмон бирасад, дар назди сархамкардагон (хоксорон, фурӯтанон) саратонро то ҷое хам бикунед, ки ба замин бирасад. 
Бино ба фармуди ҳадиси дуюм дар назди мутакаббирон бузургӣ кардан (сар хам накардан) ибодат будааст. Аммо дар зиндагӣ ба нафароне дучор меоед, ки шояд бо назардошти мақоли «Сари хамро шамшер намебурад», дар назди мутакаббирон кибр намеварзанд, сарашон дар назди ҳама хам аст. Шояд онҳо намедонанд, ки дар назди мутакаббирон кибр варзидан кори савоб аст.
Як байти шоири ориф Алишери Навоӣ низ аз ҳадиси «Шифои нодонӣ пурсиш аст» маншаъ гирифтааст. Байт:
Билмаганин сӯраб ӯрганган олим,
Орланиб сӯрамаган ӯзига золим.
Яъне, оне, ки надонистаашро бо роҳи пурсиш аз дигарон меомӯзад, олим аст. Вале оне, ки аз пурсидан ор мекунад (шарм медорад) ба худаш золим бошад. Бале, манбаи омӯзиш натанҳо китоб, балки одамони донишманд низ будаанд. Вале мутакаббирон, шояд ба хотири он ки қиматашон коста мешавад, ин корро намекунанд,  аз касе чизе намепурсанд...
Ба андешаи он, ки барои ворид шудан ба хазинаи маънавии ниёгон ба рӯйи алоқамандони каломи бадеъ, хоссатан ҷавонон, дари онро як андак роғ намудем, дар ҳамин ҷо ба навишта нуқта мегузорем.

А. СУБҲОНОВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: