ШАВГОН ОБОД МЕШАВАД

Ҷамоати шаҳрвандони «Шавгон»-и ноҳияи Пешкӯ 3137 нафар аҳолӣ, 547-то хонадон дорад.

Мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳия, ки замоне тоҷикӣ буду ҳоло низ як синфи тоҷикӣ дорад, баҳри таълиму тарбияи фарзандони аҳолии деҳа саҳм мегузорад.
Поликлиникаи оилавии рақами 36-уми деҳа, ки имсол соҳиби кабинетҳои иловагию таҷҳизоти нави тиббӣ гаштааст, баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ хидмати арзанда мекунад. Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои охир иморатҳои замонавӣ, дӯкону нуқтаҳои хидматрасонӣ қад афрохта, ба ҳусни деҳа ҳусни нав зам мекунанд. 
 Мардуми деҳа аз сабаби мавҷуд набудани хати оби ошомиданӣ обро ё аз минтақаи дигар меоварданд, ё аз нақлиёти обкашон харида мегирифтанд.
– Мувофиқи барномаи якҷояи ҶС «Ӯзсувтаъминот», ҳокимияти вилоят ва дигар корхонаҳои дахлдор дар масофаи бештар аз  4 километр хати об кашида шуда, он ба ҳамаи 547 то хонадони ҳудуд васл карда мешавад, – изҳори хушнудӣ намуд раиси ҷамоати шаҳрвандони «Шавгон» Ҳанифа Гадоева ҳангоми мулоқот бо мо.
– Рӯзи дуюм аст, ки нисфи аҳолии деҳа аз оби ошомидании водопровод  баҳравар мешаванд. Баъди даҳ рӯз ҳамаи аҳолии ҳудуд ба чунин имконият соҳиб мегарданд. Роҳҳои маҳаллаамон низ беш аз пеш  ҳамвору васеъ шуда истодаанд. Худи ҳамин сол 5 километр роҳҳои даруни деҳа шағалфарш, 900 метри дигар асфалтпӯш гардиданд. То имрӯз 80 фоизи роҳҳоямон мумфарш шуданд, – илова намуд ӯ.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: