Шавкат МИРЗИЕВ: "ҲАМВАТАНОНИ МО ПУРСАБРӢ ВА МАСЪУЛИЯТ, МЕҲРУБОНӢ ВА ҒАМХОРИИ САМИМӢ ЗОҲИР МЕКУНАНД"

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 апрел бинобар масъалаҳои таъминоти кафолатноки аҳолӣ бо намудҳои асосии маҳсулоти озуқаворӣ ва нигоҳ доштани нархҳои мӯътадил дар шароити пандемия ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 апрел бинобар масъалаҳои  таъминоти кафолатноки аҳолӣ бо намудҳои асосии маҳсулоти озуқаворӣ ва нигоҳ доштани нархҳои мӯътадил дар шароити пандемия ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор намуд. Дар ибтидои чорабинӣ сарвари давлат доир ба оқибатҳои офати табиӣ, ки шаби 27 апрел дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд, Қашқадарё ба амал омаданд, чораҳои рафъи онҳо, инчунин корҳое, ки дар кишвар дар самти мубориза бо сирояти коронавирус амалӣ мегарданд, истода гузашт. Роҳбари давлатамон ба ҷомеаи васеъ муроҷиат карда, аз ҷумла, таъкид намуд:

– Тавре ки шумо медонед, дирӯз ман ба вилояти Бухоро ташриф оварда, бо вазъияти ба миёномада бевосита шинос шудам. Якҷоя бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ин масъала ва шахсони масъул дар маҳалҳо мо корҳои ояндаро дар минтақаҳои зарардида муфассал муҳокима кардем ва тадбирҳои дахлдорро муайян кардем.

Дар ин минтақаҳо як қатор иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, мероси фарҳангӣ, хонаҳо, низоми таъмини газ ва қувваи барқ, инчунин майдонҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки давлат ва ҳукумат тамоми чораҳоро барои расондани кӯмак ба ташкилоту хоҷагиҳо ва шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида сари вақт меандешад.

Такрор мегӯям, ки бо ин офати ғайричашмдошт ягон нафар ҳамватанамон, ягон оила танҳо нахоҳад монд.

Мехостам дар бораи вазъи эпидемиологии кишвар ва корҳои ҷории мубориза бо пандемия таваққуф кунам.

Бояд қайд кард, ки то ба имрӯз беш аз 55 фоизи беморон пурра шифо ёфтанд.

Дар ҳамкорӣ бо 18 нафар духтурони чинӣ, олмонӣ ва Куриёи Ҷанубӣ, ки дар мамлакати мо ёрии амалӣ мерасонанд, инчунин бо дигар мутахассисони пешбар тавассути телемедитсина тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Чанде пеш ман ба як қарори муҳим имзо кардам, ки ба ҳавасмандгардонии муносиби меҳнати фидокорона ва масъулиятноки кормандони соҳаи тиб, ки бар зидди ин беморӣ мубориза мебаранд, нигаронида шудааст. Ҳамин тавр, маоши тақрибан 11 ҳазор корманди тиббии хидмати санитарию эпидемиологии ҳама категорияҳо 2,5 баробар зиёд карда шуд.

Умуман ба туфайли  сари вақт муқаррар кардани маҳдудиятҳои карантинӣ ва ба онҳо босаброна риоя намудани халқамон мо дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо пеши роҳи паҳншавии сироят гирифта тавонистем.

Ҳамватанони азиз!

Мехостам ба ҷомеаамон ақидеро ошкоро изҳор намоям, ки маро ташвиш медиҳад.

Зиёда аз якуним моҳ аст, ки халқи мо бо даъвати "Дар хона монед" амал карда, фидокории бузург зоҳир намуда, дар шароити карантини умумӣ зиндагӣ мекунад. Барои халқи мо, ки ба бекор  нишастан одат накардааст, оила ва фарзандонро баланд мегузорад, шабу рӯз барои беҳбудии онҳо кор мекунанд, ин худҷудосозиии маҷбурӣ, албатта, осон нест.

Ҳамватанонамон дар ин лаҳзаҳои душвор сабр, масъулият, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ инро эътироф ва қадр мекунад.

Аз фурсат истифода бурда ба ҳамаи духтуронамон, аз ҷумла ба коргарон ва ронандагони ёрии таъҷилии тиббӣ, ки дар сафи пеши мубориза бар зидди пандемия қаҳрамони ҳақиқӣ нишон медиҳанд, изҳори сипос менамоям.

Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбии ҷасур, роҳбарон ва кормандони вазорату идораҳо, ҳокимиятҳо, намояндагони мӯҳтарамони насли калонсол, фаъолони маҳалла ва соҳибкорони саховатманд, олимон, омӯзгорон, зиёиёни эҷодкор ва имом-хатибон ташаккур.

Аз номи худ ва аз номи халқамон ба намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, ки дар шароити мураккаби имрӯза вазифаи касбии худро софдилона иҷро менамоянд, ҷавонони фидокор, ки дар сафи ҳаракатҳои ихтиёриён намунаи олии башардӯстиро нишон медиҳанд, изҳори сипос менамоям.

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти он, ки вазъи санитарию эпидемиологӣ дар мамлакати мо тадриҷан мӯътадил шуда истодааст ва инчунин пас аз машварат бо мутахассисон ба хулосае омадем, ки вақти қадамҳои навбатӣ гузоштан барои зина ба зина барҳам додани карантин расидааст.

Зеро зиндагӣ идома дорад. Мо набояд як лаҳза ҳам дар бораи фардо, ояндаи халқамон фаромӯш кунем.

Якум, бо назардошти динамикаи мусбати рушди вазъи санитарию эпидемиологӣ, шароити обу ҳаво ва муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандон  ба волидон иҷозат дода мешавад, ки танҳо дар саҳни ҳавлии биноҳои истиқоматӣ ва дар қаламравҳои наздик бо фарзандонашон сайр кунанд. Бо ин риояи қатъии чораҳои бехатарӣ талаб карда мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ барои бечунучаро иҷро кардани ин супориш чораҳо андешанд.

Дар ин бобат шаҳри Тошканд бояд намуна бошад.

Дуюм, бо мақсади пешгирии талафоти маҳсулоти пухтарасидаи кишоварзӣ, инчунин ҷавобан ба дархостҳои аҳолӣ ҷиҳати интиқол ва фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти полезии фермерон ва деҳқонон ба ҳамлу нақли байнивилоятӣ ва байнишаҳрӣ бояд иҷозат дода шавад.

Масалан, қаблан миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ аз водии Фарғона тавассути ағбаи Камчик ба пойтахт ва минтақаҳои дигар интиқол дода мешуд. Ҳоло ин роҳ баста аст. Ё ки вилояти Самарқанд ба Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, шаҳри Зарафшон ва дигар минтақаҳо маҳсулотҳои зиёде интиқол медод. Ҳоло ин роҳҳо ҳам бастаанд. Вобаста ба ин ба комиссияи таъмини бехатарии озуқаворӣ бо роҳбарии Прокурори генералӣ супурда мешавад, ки низоми интиқоли шабонарӯзии маҳсулоти кишоварзиро ба маҳалро ташкил кунад.

Вазорати корҳои дохилӣ пешвози воситаҳои нақлиёти деҳқонон ва хоҷагиҳои фермериро дар дидбонгоҳҳои байниминтақавӣ ва муташаккилона ба ярмаркаҳо ва нуқтаҳои савдо рафтани онҳро таъмин кунад.

Кумитаи давлатии андоз, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ бояд маҳсулоти кишоварзиро барои фурӯш ба майдонҳои савдо, ярмарка ва бозорҳо дар асоси дархосту эҳтиёҷоти маҳаллӣ фиристанд.

Сеюм, бо назардошти паст гардидани суръати сироятёбӣ дар байни аҳолӣ, тавсия медиҳам, ки тадриҷан маҳдудиятҳои истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ сабук карда шавад.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ тартибе ҷорӣ кунад, ки мувофиқи он дар минтақаҳое, ки маҳдудиятҳои дахлдор ҷорӣ карда шудаанд, ба шаҳрвандон истифода бурдан аз нақлиёти шахсиашон  аз соати 7:00 то 10:00 саҳар ва аз соати 17:00 то 20:00 шом рухсат дода шавад.

Муайян карда шавад, ки дар ин ҳолат:

истифодаи автомобилҳои шахсӣ пеш аз ҳама барои ба кор, муассисаҳои тиббӣ рафтани шаҳрвандон ва ба хона баргаштан, барои хариди молҳои истеъмолӣ, доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ иҷозат дода мешавад;

шаҳрвандоне, ки иҷозати махсус (стикер) доранд  ва хидмати таҳвил мерасонанд, метавонанд аз  мошинҳои шахсии худро бидуни маҳдудият истифода баранд.

Ҳамзамон ба олимони мӯҳтарами мо, кормандони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, профессорону омӯзгорон имкон дода мешавад, ки фаъолияташонро дар лабораторияҳо ва шӯъбаҳои бо риоя намудан ба меъёрҳои санитарӣ идома диҳанд. Ба фикрам, мо бояд ба онҳо барои тадриҷан омодагӣ ба ташкили раванди минбаъдаи илмӣ ва таълимӣ имконият фароҳам орем.

Албатта,  бинобар беҳтар гардидани вазъият мо корҳро оиди пас аз 10 май тадриҷан сабук гардондани низоми карантин боварибахш идома хоҳем дод.

Бо вуҷуди ин, ман такрор мекунам: риояи васеъи талаботи санитарӣ бояд вазифаи аввалиндараҷа гардад.

Дар тӯли солҳои гузашта дар  мамлакатамон дар мубориза бар зидди пандемия таҷрибаи калон ғанӣ гардид. Ҳоло мо бояд аз он барои пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва баланд бардоштани маданияти тиббӣ дар маҷмӯъ самарабахш истифода барем.

Таъкид мекунам, ки агар ҳамаи мо ин талаботро ба таври қатъӣ риоя накунем, ба меъёрҳои санитарӣ ва карантин ба таври ҷиддӣ муносибат зоҳир нанамоем, ҳама корҳое, ки мо қаблан анҷом дода будем, метавонад бефоида гардад.

Аз ҳама муҳимаш, мо набояд як лаҳза ҳам фаромӯш кунем, ки саломатии мо аз худамон вобаста аст ва ҳамзамон саломатии тамоми инсонҳо аз ҳар яки мо, аз ҳушёрӣ, интизом ва сабру таҳаммули мо вобаста аст.

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!

Дар ҷамъомади 20 апрел супориш дода шуд, ки бо риояи қатъии қоидаҳои карантинӣ фаъолияти корхонаҳо дар ноҳия ва шаҳрҳои аз вирус холӣ барқарор карда шавад.

Ҳамзамон, такрор мекунам, ки кор бояд оҳиста-оҳиста, амиқ фикр карда ва танҳо ба ҳамон корхонаҳое, ки қоидаҳои карантинӣ пурра риоя мешаванд, барқарор карда шавад.

Ҳамин тавр, дар вилояти Намангон ба аз беш аз 10 ҳазор корхонае, ки фаъолиятро қатъ кардаанд ё бо сарбории кам кор мекунанд, қарор дода шуд, ки дар 2854тояш кор барқарор карда шавад. Масъалаи аз нав барқарор кардани кори 851 корхонаи дигар баррасӣ мегардад.

Аз 3 350 корхонаи ғайрифаъоли вилояти Хоразм фаъолияти 448-тои он барқарор карда шуда,  масъалаи мазкур нисбати 409 корхонаи дигар мавриди омўзиш қарор дорад.

Дар вилояти Ҷиззах аз зиёда аз 6 ҳазор корхонае, ки иқтидорҳои истеҳсолиро коҳиш доданд, қарор дода шуд, ки фаъолияти 534 корхона барқарор карда, 332 корхона мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар вилояти Тошканд аз 14 ҳазор корхонае, ки ҳаҷми истеҳсолашон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, тасмим гирифта шуд, ки 5 399 корхона фаъолиятро дубора оғоз кунад ва таҳқиқи 2833 корхона идома дорад.

Ҳокимон ва роҳбарони секторҳо дар ҳисоботҳои худ бояд дар бораи чӣ гуна ташкил шудани кор оиди барқарор намудани фаъолияти корхонаҳо маълумот пешниҳод намоянд, инчунин шахсан кафил шаванд, ки ба қоидаҳои карантин пурра риоя мекунанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: