Шавкат Мирзиёев: Агар ҳокими фидокор ояд, одамон дарҳол ҳис мекунанд

  • Шавкат Мирзиёев: Агар ҳокими фидокор ояд, одамон дарҳол ҳис мекунанд
  • Шавкат Мирзиёев: Агар ҳокими фидокор ояд, одамон дарҳол ҳис мекунанд
  • Шавкат Мирзиёев: Агар ҳокими фидокор ояд, одамон дарҳол ҳис мекунанд
  • Шавкат Мирзиёев: Агар ҳокими фидокор ояд, одамон дарҳол ҳис мекунанд

Дар шаҳри Қаршӣ сессияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Қашқадарё идома дорад.

Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

– Дар вохӯрии пешазинтихоботии 11 октябри соли гузашта мо якҷоя бо шумо оид ба рушди Қашқадарё ва беҳтар гардондани ҳаёти одамон дар панҷ соли оянда вазифаҳои бузург гузошта будем, – гуфт Президент. – Дирӯз аз субҳ то шом дар Қашқадарё гашта, бо одамон вохӯрдам ва кӯшиш кардам, дарк намоям, ки: оё одамон ба нақшаҳои мо бовар мекунанд, дигаргуниҳоро ҳис мекунанд. Чи тавр ба ин ноил шудан мумкин аст? Ба мо роҳбари фидокор лозим аст, ки халқро дӯст дорад ва онҳоро муттаҳид намояд. Вақте ки ҳокими фидокор меояд, одамон инро дарҳол ҳис мекунанд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки дар айёми душвори имрӯза ба имконоти дохилӣ такя карда, аз он самаранок истифода бурд.

– Дар он ҷое, ки роҳбари хирадманд кор мекунад, натиҷааш ба чашм мерасад. Роҳбарӣ кардан ба Қашқадарё – минтақаи аҳолиаш беш аз 3,5 миллион нафар кори осон нест. Дарёфти чунин роҳбар низ осон нест. Қашқадарё дорои сарватҳои зеризаминӣ, заминҳои ҳосилхез, мардуми меҳнатдӯст аст. Фақат одамонро муттаҳид кардан, бо онҳо китф ба китф истодан ва софдилона меҳнат кардан лозим аст. Одамон ҳокимро ҳоким мекунанд, онҳо оинаи кори ӯ мебошанд. Агар дар депутатҳои маҳаллӣ, калонсолон ва ҷомеа ҳисси дахлдорӣ мавҷуд бошад, рушди Қашқадарё суръат мегирад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат Азимов Муротҷон Бердиалиевичро, ки аз моҳи ноябри соли 2021 вазифаи иҷрокунадаи ҳокими вилояти Қашқадарёро бар ӯҳда дошт, ба вазифаи раҳбари вилоят тавсия намуд.

М. Азимов соли 1976 дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё таваллуд шудааст. Ҳамчун прокурори вилояти Бухоро, муовин ва муовини якуми прокурори генералӣ, раиси Кумитаи давлатии гумрук шуда кор кардааст.

Депутатҳои халқӣ, собиқадорони меҳнат, занону ҷавонон ба сухан баромада, номзадро дастгирӣ намуданд. Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ Муротҷон Азимов ҳокими вилояти Қашқадарё тасдиқ гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: