Шавкат Мирзиёев аз ҳоли иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар гирифт

  • Шавкат Мирзиёев аз ҳоли иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар гирифт

Дар мамлакати мо Рӯзи хотира ва қадр васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ҳавасмандгардонӣ ва мустаҳкам намудани саломатии иштироккунандагони Ҷанги дуюми ҷаҳон диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо як гурӯҳ собиқадорон дар санаторияҳо саломатии худро мустаҳкам мекунанд.

Президент Шавкат Мирзиёев 8 май ба сиҳатгоҳи «Chinobod Plaza» дар Тошканд ташриф оварда, аз ҳоли иштирокдорони ҷанг хабар гирифт. Сарвари давлат бо Анорбой ота Ҷалилов, Ашир ота Усаров, Антонина Коломентсева, Тулаган ота Имомов, Аббос ота Аппанов  самимона суҳбат кард.

— Омадам, ки  шумо дида, бо ҷашн табрик кунам. Пеш аз ҳама, ин иди шумост. Ба шарофати мардонагӣ ва шуҷоати шумо он замон наслҳои минбаъда тинҷ ва озод зиндагӣ мекарданд. Роҳи зиндагии шумо, ки пур аз заҳмату зафарҳост, барои ҷавонон ба таври ҳақиқӣ мактаби ватандӯстӣ мебошад. Тамоми кишварамон бо шумо ифтихор доранд, — гуфт сарвари давлат.

Иштироккунандагони ҷанг қайд карданд, ки онҳо бо диққату ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҳаёти худ қаноатманданд. Онҳо дар бораи дигаргуниҳое, ки дар маҳаллаи онҳо, дар ҳаёти фарзандону набераҳо ба амал меоянд, нақл карданд.

— Ана, мо ба қарибӣ Конститутсияи навшудаи худро қабул кардем, — гуфт Президент. —  Оид ба рушди кишвар ва беҳтар гардондани зиндагии халқамон марраҳои баландро пеш гирифтаем. Ба мо воқеан дар паҳлӯи шумо, одамони дорои таҷрибаи бузург будан ва гирифтани маслиҳати шумо дар ин замони дигаргунёбӣ қувваву ғайрати бемисл мебахшад.

Собиқадорон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Сарвари давлат изҳори сипос карданд.

— Бароям хушбахтии бузург аст, ки дуоҳои табарруки шуморо гирифта, ҳамроҳи шумо ба халқамон сулҳу осоиштагӣ таманно менамоем. Дуои шумо барин афроди муътабар, ки озмоишҳои зиёдро паси сар карда, қариб як аср таҷрибаи зиндагӣ доранд, мустаҷоб мешавад. Мо минбаъд низ ба фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои насли калонсол диққати калон медиҳем. Барои мо ин қарзи муқаддас ва ӯҳдадорӣ мебошад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: