ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ИҶРОИ ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОҒОЗ КАРД

6 ноябри соли 2021 дар ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти интихобгардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

6 ноябри соли 2021 дар ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти интихобгардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар маросим аъзои Сенат ва депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, роҳбарони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ, вакилони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ ширкат ҷустанд.
Чорабиниро раиси Комиссияи марказии интихоботӣ З.Низомхоҷаев ифтитоҳ намуд. Вай қайд кард, ки интихоботи президентии 24 октябр ба вуқӯъомада мувофиқи равандҳои демократӣ, дар рӯҳи фаъоли сиёсӣ гузашт. Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзад аз Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либералию демократии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев, ки 80,12 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб шуд, интихоб гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Шавкат Мирзиёевро аз номи иштирокдорони ҷамъомад муборакбод намуд ва ба ӯ гувоҳномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро супурд.
Мувофиқи моддаи 92-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президент савганд хурд: «Тантанавор қасам ёд мекунам, ки ба халқи Ӯзбекистон содиқона хидмат мекунам, ба Сарқонун ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон қатъиян риоя менамоям, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳам, вазифаҳои ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошташударо виҷдонан иҷро мекунам».
Гимни давлатии Ӯзбекистон садо дод.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи самтҳои бартаринок барои панҷ соли минбаъда маърӯза кард.
– Мо Стратегияи рушди Ӯзбекистони Навро кор карда баромадем ва онро якҷо бо халқ ҳангоми маъракаи интихоботӣ баррасӣ намудем, – гуфт роҳбари давлат. – Дар ин ҳуҷҷати бағоят муҳим ба мақсади мунтазамӣ ва мустақимии ислоҳоти мо «Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи пешрафт» ба сифати ғояи асосӣ пеш гузошта шуд.
Қайд гардид, ки стратегияи мазкур аз ҳафт самт иборат аст.
Самти нахустин – бунёди давлати халқӣ аз тариқи рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ. Бо ин мақсад дар оянда қисмати зиёди вазифаҳои давлатӣ аз марказ ба минтақаҳо дода мешаванд. Дар ҳар кадом маҳалла мансаби ёвари ҳоким ҷорӣ карда мешавад. Дар буҷаи ноҳиявӣ маблағҳо аз сарчашмаҳои иловагӣ ворид мегарданд ва бунёдҳои махсус барои ҳар кадом маҳалла ташаккул меёбанд.
Идораҳои марказӣ ба вуҷуд меоянд, низоми маҷмӯӣ ва самарабахши идора ташкил карда мешавад, идораҳое, ки вазифаҳои такрориро иҷро мекунанд, муттаҳид карда мешаванд.
– Роҳбар набояд бори гарони халқ бошад, балки ҳаёти ӯро бояд осонтар кунад, – гуфт Президент.
Самти дувум вазифаҳои таҳкими адолат ва волоияти қонун, риояи шаъну шарафи инсонро фаро мегирад. Бо ин мақсад низоми судӣ ва идораи адвокатура, фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот такмил дода мешаванд. 
Ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва мулкдорон пурзӯр мегардад. Тамоми нирӯ ва маблағҳои давлату ҷамъият ба аз байн бардошани тамаъгарӣ равона карда мешаванд. Фаъолият дар самти мазкур танҳо бо ҷалби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон маҳдуд нашуда, балки ба аз байн бардоштани сабабҳое, ки боиси тамаъгарӣ мешаванд, бо истифода аз чораҳои муассири дорои ҷиҳати превентивӣ равона мегардад. Бинобар самти сеюм нақшаи рушди иқтисодиёти миллӣ пешбинӣ шудааст. Мақсад то соли 2030-юм Ӯзбекистон бояд ба сафи давлатҳое ворид гардад, ки ба сари ҳар нафар аҳолӣ даромади зиёда аз нишондиҳандаи миёна доранд. Ин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби рағбатноксозии сектори хусусӣ ва зиёд кардани саҳми он, ҳамчунин ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба даст меояд. Бинобар таъмин кардани эътидоли макроиқтисодӣ ва то ба 5 фоиз коҳиш додани сатҳи муфлисӣ чораҳои аввалиндараҷа андешида мешаванд.
Бобати таъмин сохтани аҳолӣ бо манзил ва оби тозаи ошомиданӣ, сохтмони хонаҳо ва коммуникатсияҳои замонавӣ, беҳтар кардани нақлиёти ҷамъиятӣ ва табодули байни минтақаҳо лоиҳаҳои бузург ба нақша гирифта шуданд.
Чаҳорум, масъалаи таъмин кардани таълиму тарбияи босифат мунтазам дар маркази эътибор қарор хоҳад дошт.
Зина ба зина баланд бардоштани миқдори музди меҳнати омӯзгорон ва дар соли 2025-ум то ба дараҷаи 1 ҳазор доллар расондани он ба нақша гирифта шудааст. Коркарди Барномаи миллии таълим, ки ба сохтмони нав ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои мавҷуда, таъмин сохтани иртиботи муттасили байни тамоми ҳалқаҳои низоми таълим нигаронда шудаанд, пешбинӣ гардидааст.
Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ шароитҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Дар панҷ соли наздиктарин то ба дараҷаи 1 ҳазор доллар баланд бардоштани музди меҳнати шифокорони дараҷаи олӣ пешбинӣ шудааст. Фарогирии кӯмаки тахассусии тиббӣ дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо вусъат пайдо мекунад. Низоми суғуртаи давлатии тиббӣ ба роҳ монда, маблағ барои кадом бемори муайян ҷудо карда мешавад. Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муқаррар кардани тарзи солими ҳаёт вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.
Дар самти панҷум рушди соҳаҳои маънавиву маърифатӣ пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад консепсияи «Ӯзбекистони Нав – маърифати ҷамъиятӣ» татбиқ карда хоҳад шуд. Ба рушди фарҳанг ва санъат, ташаккул додани эътиқоди солим дар ҷавонон, мустаҳкам кардани ҳамдилии байнимиллӣ ва эҳтироми тарафайн эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Шашум, бояд саъю кӯшишҳо дар ҷустуҷӯи ҳаллу фасли мушкилоти фарогир муттаҳид карда, дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ иқдоми дахлдор коркард шаванд, – таъкид кард роҳбари давлат. Таъсири манфии таҳдидҳои экологӣ зикр гардид. Масъалаҳои рушди минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологияҳо дар Наздиарал, коркарди Хартияи умумиҷаҳонии экологӣ баррасӣ шуданд.
Самти ҳафтум вазифаҳои таъмин кардани сулҳу салоҳ ва амниятро дар кишвари мо, рушди ҳамкориҳои байналхалқиро дар бар мегирад. Қайд шуд, ки пурқувват кардани Нирӯҳои Мусаллаҳи кишвар, пурзӯр намудани тайёрии ҳарбӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии хидматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ аз ҷумлаи вазифаҳои рӯзмарра боқӣ мемонанд.
Ӯзбекистон сиёсати пурмуҳтаво ва андешидашудаи хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодии худро идома медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин вусъат додани муносибатҳои муфиди тарафайн ва бисёрҷанба бо шарикон дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон мебошад.
– Дар ин дақиқаҳои ҳаяҷоновар мехоҳам махсус таъкид намоям: ман ҳамчун Президент хидмати содиқона ба халқро мазмуну моҳияти ҳаёти худ меҳисобам, ҳаётамро пурра ба таъмин сохтани сулҳу салоҳ ва фаровонҳолии кишвари азизам, пешрафту инкишофи он мебахшам. Барои ман дигар ҳадафи баландтар ва хушбахтии бузургтар аз ин нест. 
Ҳамватанони азиз, дастгирии самимии шумо, дуои куҳансолон, эътимоди ҷавонон ба ман нирӯ ва қувват мебахшад, – қайд кард Шавкат Мирзиёев дар анҷоми суханронии худ.
Бо ҳамин ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: