Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав ворид гардад

  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад
  • Шавкат Мирзиёев: Ба мактаби мо бояд фазо ва сифати комилан нав  ворид гардад

Сарвари давлатамон дар доираи намоишгоҳи таълимӣ бо як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳо мулоқот намуд.

Шавкат Мирзиёев аз ибтидои фаъолияти худ дар вазифаи Президент масъалаи кадрҳоро яке аз масъалаҳои мубрами рушди кишварамон нишон дода буд. Солҳои охир новобаста аз он ки кадом ислоҳоту лоиҳаҳо оғоз шавад, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ҳамеша дар мадди назар қарор дорад.

– Маориф дар маркази тамоми саъю кӯшиши мост. Ман ба кадом минтақа наравам, ҳамеша бо ҷавонон ва коргарони корхонаҳои калон муошират мекунам. Вақте ки ман мепурсам, ки «Шуморо чӣ ташвиш медиҳад?» дар бораи кам будани дониш ҳарф мезананд. Кишварҳои пешрафта чӣ гуна ба сатҳи иқтисодии имрӯза расиданд? Ба воситаи дониш! Аз ин рӯ, мо пеш аз ҳама кӯшиш мекунем, ки маорифро беҳтар созем. Мо ба соли 2023 Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат ном додем. Акнун ба мактабҳоямон бояд  фазои комилан нав ва сифат ворид гардад, – гуфт Президент.

Дар мамлакати мо курси барпо намудани давлати иҷтимоӣ пеш гирифта шудааст. Дар солҳои охир садҳо мактабҳои нав сохта, ҷойҳои иловагӣ барои 500 ҳазор хонанда ва зиёда аз 7 ҳазор синфҳои муосири компютерӣ бунёд карда шуданд.

Дар баробари васеъ кардани шароит барои тағйир додани мазмуну усулҳои таълим тадбирҳо андешида мешаванд. Дар марҳилаи аввал китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ нав карда мешаванд.

Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки ин чорабиниҳо ҷузъи стратегияи умумии таълими мактабӣ буда, сифату самаранокӣ бештар аз омӯзгор вобаста аст.

–  Ман аз он хусус бисёр ҳарф мезанам, ки барои чӣ бояд обруву мақоми омӯзгорро дар ҷамъият баланд бардошт,  – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Зеро меъморон ва муҳандисони ҳақиқии дили бачагон муаллимонанд. Аз ин ру, таъминоти моддию маънавии муаллимон ҳамеша дар маркази диққати мост. Ба фаъолиятҳое, ки ба дарс вобаста нест, ҷалб намудани онҳоро хиёнат ба давлат, хиёнат ба ояндаи мо пиндоштан лозим аст. Беҳурматӣ нисбат ба муаллим ин беҳурматӣ нисбат ба халқ ва ҷамъияти мост.

Президент бори дигар зарурати дар Конститутсия ва қонунҳо дақиқ муайян намудани мақом, ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорро таъкид кард.

– Мо бояд чунин ҷамъияте бунёд намоем, ки муаллимӣ бонуфузтарин касб бошад! Дар ин бобат мо пеш аз ҳама ба ҳазорон нафар муаллимону мураббиёне такя мекунем, ки ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидаанд! Ҷомеае, ки омӯзгорро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ зарар намекунад, он албатта ба ҳадафҳои худ мерасад. Як фактро ҳаргиз фаромуш накунед: халқи мо ояндаи худро ба шумо бовар карда супурдааст. Ояндаи мо пеш аз ҳама ба шумо вобаста аст. Ҳамин тариқ, Президент ҳамеша шуморо дастгирӣ мекунад,  – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Аҳамияти баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар масъалаҳои тарбия ва таълими фарзандон қайд карда шуд.

Зимни мулоқот омӯзгорон доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати тайёркунии кадрҳо дар мактабҳои олии омӯзгорӣ, ба мактаҳо ҷалб намудани соҳибони забонҳои хориҷӣ ва роҳнамоии касбии ҷавонон андешаҳои худро баён намуданд.

Сарвари давлат дар поёни суханронии худ омӯзгоронро бо соли 2023 табрик гуфта, ба онҳо дар кори пуршараф ва масъулиятнокашон комёбиҳо таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: