ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ОИЛАИ РУСТАМ ҚОСИМОВ ТАЪЗИЯ ИЗҲОР НАМУД

Ҷамъияти мамлакатамон талафи сангин дид.

Ҷамъияти мамлакатамон талафи сангин дид. 7 май пас аз бемории вазнин арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, олим ва педагоги маъруф Рустам Қосимов вафот намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба хонаи марҳум рафта, ба қарибони марҳум таъзия изҳор намуд. Рустам Собирович Қосимов соли 1955 дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфтааст. Факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро чун мутарҷими забони арабӣ дар Донишкадаи хоҷагии оби Тошканд сар кардааст. Солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни низоми таълими олӣ меҳнат намудааст. Чун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон солҳои 2004-2009 дар рушди илм, таълим, тандурустӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб гузоштааст. Дар солҳои охир дар вазифаи Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ректори Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон кор кардааст.
Фаъолияти бисёрсолаи босамари Р.Қосимов аз ҷониби давлат муносиб қадр гаштааст. Соли 2006 ӯ бо ордени «Меҳнат шуҳрати» қадр гаштааст.
Роҳбари давлат ба қарибон ва пайвандони марҳум сабри ҷамил талабид.
Сурае аз Қуръон қироат гардид. 
Президент аз корҳои неки марҳум ёд кард.
– Ман хеле маъюсам. Мо ҳар коре, ки имкон дошт, кардем. Аммо ин хости Худо буд. Мо инсонеро аз даст додем, ки ӯ содиқи Ватан ва шуҷоъ, яке аз намояндагони пешқадами халқамон буд. Мо солҳои зиёд бо ҳам кор кардем, якҷоя машаққатҳоро паси сар намудаем. Ӯ барои ман такягоҳи мустаҳкам ва маслиҳатгар буд. Бигзор, фарзандонаш кори ӯро идома диҳанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент таъкид кард, ки ба оила марҳум ғамхории доимӣ зоҳир хоҳад гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: