Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба муносибати ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Дербент ва Махачқала, ки боиси қурбониҳои зиёд байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон гардид, ҳамдардии амиқ изҳор намуд.
Раҳбари Ӯзбекистон ҳамлаи террористӣ дар Доғистонро шадидан маҳкум кард ва омодагии худро барои идомаи ҳамкории фаъоли сохторҳои дахлдор дар мубориза бо ин чолишҳо изҳор дошт.